“Меҳри Сомонӣ” дар қаҳрамоншаҳри Новоросийск

“Меҳри Сомонӣ” дар қаҳрамоншаҳри Новоросийск

Тоҷикони “Меҳри Сомонӣ”

То ибтидои соли 2000-ум дар сарзамини Краснодари воқеъ дар ҷанубу ғарбии кишвари бузурги Россия аз Осиёи Миёна мардуми зиёде омада, кори муваққатӣ карда, баъзе муқимӣ низ гаштанд. Барои ба кору рӯзгори ин мардуми тоҷики пароканда, зарурату шароит пайдо шуд, ки дар ягон ташкилот муттаҳид карда шавад.

Соли 2001 дар шаҳри Новоросийск таҳти роҳбарии Муҳаммад Сафаров ҷамъияти фарҳанги тоҷикон бо номи “Меҳри Сомонӣ” ташкил карда шуд, ки имсол 10-умин солгарди онро таҷлил хоҳем кард. Аз ин ҷониб раёсати ҷамияти тоҷикон дар ҳар маъракаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии шаҳрҳои Туапсе, Краснодар, Новоросийск иштирок карда, тоҷиконро хеле хуб муаррифӣ дорад. Имрӯзҳо бо шаҳрдори Новоросийск муҳтарам Игор Дяченко дар муносибати ҳаматарафа буда, атрофи рӯзгори тоҷикони ин минтақа дар робитаи хуб ҳастем. То имрӯз дар ин минтақа танҳо шаҳрвандон аз Тоҷикистон аз 44- 45 ҳазор, ки зиёда аз 80% онҳоро ҷавонон ташкил медиҳад омада, дар хоҷагии ин минтақа фаъолият доранд. Дар шаҳри Новоросийск 3-4 ҳазор, дар шаҳри Геленжик 300-400 нафар, дар Анапа то 2 ҳазор тоҷикон зиндагӣ дошта, бо роҳбарияти ташкилот дар алоқаанд. То 100 нафар аъзоёни ташкилот дар шаҳру ноҳия ва деҳоти минтақа намояндагӣ дорад.

Умуман минтақаи кишвари Краснодар табиати гарму хеле форами дилкаш дошта, қисми зиёди заминаш бо соҳили баҳрҳои Сиёҳу Азов баромада, дар канори он истироҳатгоҳу марказҳои бузурги табобтӣ-фароғатии хеле зиёданд, ки аз қадим то замони мо одамони оламро ба худ ҷалб кардааст. Барои ба ҳам муттаҳид кардану намойиши фарҳанги тоҷикон дар ин минтақа аз ҷониби шаҳру вилоятдорӣ ташкилот сазовори сипосномаҳо гаштааст.

Офат, ё фоҷиа (трагедия)-и асри ХХI

Суҳбат бо роҳбари ҷамъият

Тоҷикони ба ин сарзамин омада, мушкилиҳои хеле зиёд доранд. Пеш аз ҳама ин надонистани забони русӣ, ки дар ҳаёт вазниниҳои хеле зиёдеро ба миён меорад. Якбора гуфтанӣ чунин масъала танҳо аз рӯйи дилсӯзӣ ба Ватан буда, ғаразе ба ҷонибе надорам. Ҷавонони то 30-35 сола на танҳо забони русӣ, балки дар донистани забони модарӣ низ мушкилӣ доранд. Агар ин ҳолатро офат, ё фоҷиа (трагедия)-и асри ХХI гӯем хато намекунем. Барои оддитарин кори навишта пур кардани ҳуҷҷати ночиз 1000-ҳо ва дар бисёр ҳолатҳо 10 ҳазор рублро танҳо аз нодонии забон беҳуда сарф карда, хазинаи зиндагии хешро хеле хароб сохта, баъди ба мушкилии сахт дучор шудан, ба роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд. Хуб, то имкони дар даст дошта, дар хизмати ҳимояи ҳуқуқи мардуми Ватан ҳастем, лекин мо бо ҳамаи 40-45 ҳазор доим буда наметавонем.

Аҷоиб он аст, ки бисёре аз ҷавонон 2-3 сол дар ин сарзамин кору зиндагӣ доранд, лекин мисли мардуми дигар дар гуфтору рафтор мустақил шуда наметавонанд. Агар забонро надонӣ, маънии матни ҳуҷҷати ҳуқуқиро аз куҷо донӣ? Барои ҳамин қисми асосии ҳамшаҳриҳои нодони мо ба ҳама мушкилӣ тоқат карда, яъне ба ҷаримаву ришваву ва ғайраву ҳоказоҳо розӣ шуда, ҳатто забони муошаратро ёд намегиранд. Дар бораи хату саводу мустақилона пур кардани ҳуҷҷат, ҳоҷат ба баён нест. Бо чунин табақаи рӯз аз рӯз зиёд шуда, ба куҷо меравем, намедонам.

Вохӯрии тошкилотҳои ҷамъиятӣ бо Президенти Тоҷикистон

– Соли 2014 Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 20 роҳбари ташкилоти ҷамъиятҳои тоҷикони дар Россия бударо дар Қасри Миллат пазируфт. Атрофи кадом масъала суҳбат доштед?

– Дар қатори дигар баромаду пешниҳоди муфид, дар 4 дақиқа гузориши махсус доштам. Ҷавонони ба минтақаи мо омада, асосан ба сохтмон майл доранд ва дар ин ҷода ҳолати ба Россия рафтани ҷавононро тамоман таъғир бояд дод.

– Сабаб чист, ки дар донишгоҳи ин минтақаи наздики соҳили баҳри Сиёҳ наздики 100 донишҷуъ дорему тамом? Дар сурате, ки қариб 45 ҳазор тоҷик дар ин минтақа зиндагӣ дорад?

– Сабаб дар он мебинам, ки риштаи асосии мактаби миёна, омӯзишгоҳ ва донишгоҳи ин сарзамин як навъ ба қудрати баҳру дарёнавардӣ вобаста аст, ки дар кишвари мо чунин соҳа қариб вуҷуд надорад. Барои ҳамин ҷавононро бештар ба илми сохтмон ҷалб кунем манфиаташ зиёдтар аст.

– Барои ҷавонро сохтмончӣ кардан чӣ кор кард?

– Аз Сарвари давлат хоҳишу пешниҳод кардам, ки беҳтар дар сохтмонҳои ин кишвар курсҳои таҷрибагирӣ (практика)-ро бештар кард. Чунин иқдом зуд ҷавонони моро соҳиби касб мекунад. Ба воситаи донишгоҳу мактаби махсус дертар соҳиби касб мешаванд. Барои он, ки ҷавонони мо 2-3 соли аввали хонишашон дар омӯхтани забони русӣ харҷ мешавад, ки аз таълими касбӣ қафо мемонад. Ҳамчунин хоҳиш карда шуд, ки дар мактабҳои Ҷумҳурӣ ба омӯхтани забони рӯси диққати махсус дода шавад, ки дар оянда барои дохил шудан ба мактаби олии Россия имкон пайдо кунанд. Ростӣ, сатҳи ҳозираи забони русии хатмкардаи мактаби миёнаи Тоҷикистон хеле-хеле кам аст.

– Дигар боз кадом тарафи камбудиҳои муҳимро бартараф бояд кард?!

– Дигар тарафи масъалаи муҳим рафтору одоб аст, ки дар ҳақиқат мардуми мо ба хусус ҷавонон аз бошандагони шаҳрҳои Новоросисйск, Анапа, Кримск, Туапсе ва Геленжик, ки мо дар рафтуомад ҳастем тамоман фарқ мекунад. Мардуми чех, поляк, юнонӣ, олмонӣ, арманӣ, рус, озарӣ, тотор, бошқир дар ин минтақа ташкилоти ҷамъиятӣ кушода, бо якдигар рафтору одоби намунаро нишон медиҳанд. Дар мо сару либосу сикаву сурат ҳасту аз оддитарин саводу одоб қариб, ки чизе нест. Чунин ҳолат ҳини суҳбату вохӯрӣ зуд пайдо мешавад.

– Пештар барои аз Россия ба Ватан равон кардани беморони вазнин ва ҷасади ҳамватан, мушкилӣ хеле зиёд буд. Ҳоло дар кадом вазъ қарор доред?

-Афсӯс, ки соле дар ин митақа 6-7 тоҷик аз дунё мегузарад. Замони фавти ҳамшаҳрие, роҳбарияти ҷамъият комиссия ташкил карда, масъаларо зуд ҳал карда, 40-45 ҳазор харҷ карда, ҷасадро то пеши ҳавопаймо оварда, ба Ватан равон мекунем. Ба болои ин комиссия харҷи ба хок супоридану маъракаҳоро низ дида, маблағи заруриро ба хеш, ё наздикон равон мекунад. Маротибае дар садами нақлиётӣ 3 ҳамшаҳриямон якбора ҳалок шуда буд. Аз номи ташкилотҳои Россия ба Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккури зиёд. Чанд сол аст, ки дар чунин ҳолат харҷи бағоҷи ҳавопаймои Краснодар-Душанбе озод карданд.

– Муносибат мардуми ин ҷо бо тоҷикон чӣ тавр аст?

– Мисли ойина соф аст. Бо тоҷики тарбиядида (10-12%) хеле хуб, бо бетарбия (80-85%) ҳамавақт мушкилӣ болои мушкилист. Забон-забон ва боз ҳам донистани забони русӣ. Дигар мо дар ин минтақаи Россия мушкилие надорем.

Поёни гуфтор

Замони навиштани мақола бо ин бародари қадрдон Муҳаммад Сафаров аз наздик шунос шудем. Фахру ғуру миллӣ дар ин марди тоҷик зиёд дидам. Ташакур аз он мегӯям, ки ҳамшрҳриҳои моро дар хориҷи кишвар дастгирӣ дорад.

ШАМСИДДИНИ МУҚИМ

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...