Муҳоҷирати муташаккил. Тағйироти Парлумон чӣ натиҷа медиҳад?

Муҳоҷирати муташаккил. Тағйироти Парлумон чӣ натиҷа медиҳад?

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон санадеро тасдиқ намуданд, ки тибқи он тартиби ҷалби шаҳрвандони кишвар барои кор дар Федератсияи Русия тағйир меёбад.

 

Бар асоси ин навоварӣ, минбаъд қисми зиёди муҳоҷирони корӣ метавонанд бо тартиби муташаккилона, яъне тавассути сохторҳои расмии давлатӣ ба Русия фиристода шаванд ва як қисми расмиёти ҳатмиро ҳанӯз дар дохили Тоҷикистон анҷом диҳанд.

Ин тағйирот ба “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Русия” ворид карда шуда, 8-уми апрел аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ ёфт.

 

Муҳоҷирати муташаккилона чӣ маъно дорад?

Мафҳуми “ҷалби муташаккилона” дар амал маънои онро дорад, ки раванди фиристодани шаҳрвандон ба кори хориҷӣ дигар ба таври инфиродӣ ва ғайрирасмӣ сурат намегирад, балки тавассути ниҳодҳои давлатӣ ва дар асоси рӯйхатҳо ва шартномаҳои пешакӣ танзим мешавад.

Дар ин низом масъулияти асосиро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба дӯш дорад. Ин ниҳод бояд номзадҳои мувофиқро интихоб кунад, бо корфармоёни хориҷӣ ҳамоҳангӣ намояд ва тамоми марҳилаҳои асосии омодагии муҳоҷиронро назорат кунад.

То имрӯз қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон мустақилона ба Русия рафта, дар ҷустуҷӯи кор, манзил ва миёнаравҳо қарор мегирифтанд. Низоми нав мехоҳад ин равандро ба шакли мутамарказ ва назоратшаванда табдил диҳад.

Бо вуҷуди ин, мақомоти расмӣ таъкид мекунанд, ки ин тартиб муҳоҷирати мустақилонаро пурра манъ намекунад. Яъне шаҳрвандон ҳанӯз ҳам метавонанд бе миёнаравии давлат ба Русия раванд, вале имконияти нав ҳамчун роҳи алтернативӣ пешниҳод мегардад.

 

Ҳадаф – шаффофият

Яке аз ҳадафҳои асосии ин ислоҳот коҳиш додани шуғли ғайриқонунӣ ва беҳтар намудани шароити кории шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аст. Дар доираи ҷалби муташаккилона корфармоёни русӣ пешакӣ номзадҳоро интихоб намуда, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ мебанданд ва кафолатҳои иҷтимоиро пешниҳод мекунанд.

Дар навбати худ, коргар уҳдадор мешавад, ки шартҳои шартнома ва қонунгузории кишвари будубошро риоя кунад. Ин раванд имкон медиҳад, ки муносибатҳои меҳнатӣ шаффофтар шуда, хавфи фиребхӯрӣ ё кор дар шароити ғайриқонунӣ коҳиш ёбад.

Ба гуфтаи коршиносон, чунин низом метавонад муҳоҷиронро аз ҳолатҳои беқонунии меҳнатӣ, қарздоршавӣ ва вобастагӣ аз миёнаравҳои ғайрирасмӣ ҳифз кунад.

 

Аз муоина то имтиҳон

Яке аз навгониҳои муҳими ин созишнома он аст, ки як қатор расмиёти ҳатмӣ то сафар дар худи Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

Аз ҷумла:

  • гирифтани муоинаи тиббӣ;
  • супоридани изи ангушт (биометрия);
  • супоридани имтиҳони забони русӣ;
  • санҷиши дониши таърих ва қонунгузории Федератсияи Русия;

Ин иқдом барои он пешбинӣ шудааст, ки шаҳрвандон баъди расидан ба Русия камтар бо монеаҳои маъмурӣ рӯ ба рӯ шаванд.

Тибқи маълумоти расмӣ, арзиши муоинаи тиббӣ дар муассисаҳои давлатии Тоҷикистон 240 сомонӣ ва дар муассисаҳои хусусӣ тақрибан 300 сомонӣ муайян шудааст.

Пас аз анҷоми ҳамаи ин марҳилаҳо, муҳоҷирон дар Русия асосан танҳо барои гирифтани иҷозатномаи кор (патент) муроҷиат мекунанд ва метавонанд фаъолияти меҳнатиро оғоз намоянд.

 

Шарҳи вазир

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода изҳор дошт, ки ҳадафи асосии ин ислоҳот беҳтар кардани шароити муҳоҷирон ва ҳифзи манфиатҳои онҳо мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, низоми нав ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки қисми зиёди расмиётро пеш аз сафар дар дохили кишвар анҷом диҳанд, ки ин ҳам аз ҷиҳати вақт ва ҳам аз ҷиҳати хароҷот барои онҳо осонтар хоҳад буд.

Мақомот бар ин назаранд, ки чунин низом метавонад раванди муҳоҷиратро ба таври беҳтар танзим намуда, робитаи байни корфармо ва коргарро мустаҳкамтар кунад.

 

(«Пресса.тж. О. Соҳибзода»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...