Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Оё ба фарзанд гузоштани номи Парвиз дуруст аст?

Бародари азиз, парвиз ба забони паҳлавӣ моҳиро мегўянд ва ба маънои азиз ва арҷманд низ маънидод шудааст. Ҳамчунин маънои дигари он ғирболе аст, ки бо он шакар мебезанд. (“Ғиёс-ул-луғот”, ҷ.1, с.162). Хулосаи калом, Парвиз номи қадимаи тоҷикӣ аст ва маънои он ба усули шариат мухолиф нест, бинобар ин, гузоштани он ба фарзанд ҷоиз аст.

 

 

Барои зани ҳомила нишаста адо намудани намозҳои фарзу суннат мумкин аст?

Бародари азиз, агар дар ҳолати истода гузоридани намоз ва рукуъу саҷда кардан барои зани ҳомила мушкил бошад, дар ин сурат ҷоиз аст, ки намозро дар ҳолати нишаста гузорад. «Мароки Фалох»

 

 

Дар аснои гузоридани намози фарз ба сурати танҳо каси дигаре ба ў иқтидо кунад ва танҳогузор бо дидани ин шахс такбирро баланд гуфта намозро ба сурати ҷамоат гузорад, оё ин намози онҳо ҳамчун намози ҷамоат ҳисоб мешавад ва дар он кароҳате пайдо намешавад? Оё дар ин ҳолат тартиби намоз риоя мешавад, агар шахси танҳогузор як ё ду ракъатро танҳо гузорида бошад?

Бародари азиз, дар аснои гузоридани намози фарз ба сурати танҳо иқтидо кардани шахси дигаре ба ў дуруст аст ва ҳеҷ кароҳате надорад, агарчи танҳогузор бештари намозро гузорида бошад. Дар ин ҳолат шахси аввал такбирҳоро бо садои баланд мегўяд ва агар намози ҷаҳрӣ бошад, дар ракъати якуму дуюм бо садои баланд қироат мекунад, на дар сеюму чорум. Пас аз саломи имом муқтадӣ чанд ракъатеро, ки дарнаёфта бошад, бархоста мегузорад. Ба ин тартиб ҳар ду савоби намози ҷамоатро ҳосил мекунанд. «Хошияти Тахтови»

 

 

Ба сабаби узре қурбониро дар рўзҳои қурбонӣ забҳ карда натавонад, ҳукмаш чӣ мешавад?

Он ҳайвони қурбониро ба фақирон зинда садақа мекунад. «Любоб»

 

 

Касоне, ки аз роҳи дур барои адои умра мераванд, оё мисли ҳаҷ тавофи қудум ё видоъ анҷом медиҳанд?

Умра аз ҳаҷ фарқ дорад, дар умра тавофи қудум ва видоъ вуҷуд надорад. «Ихтиер»

 

 

 

Дар ороишоти тиллоии занон закот воҷиб аст ё на?

Заноне, ки ба андозаи 85 гр ороишоти тиллоӣ ё 600 гр ороишоти нуқрагин дошта бошанд, дар он закот воҷиб мегардад. Аз зеварҳои тиллоӣ 2,125 гр тилло ва аз зеварҳои нуқрагин 15 гр нуқра ё қимати онро пардохт мекунанд. «Дурарул Хукком»

 

 

 

Шахсе хона надорад ва барои соҳиби хона шудан як гурдаашро фурўшад, ин амалаш аз нигоҳи шариат ҷоиз аст?

Ин амали ў ҷоиз нест, зеро ҷисми инсон ва аъзои баданаш амонати илоҳӣ аст. Аз нигоҳи шариат фурўхтани аъзои бадан ҳаром аст ва ҳар касе, ки ин корро анҷом медиҳад, гунаҳгори азим мешавад. «Фикхи ислом»

 

 

 

Хонаҳое, ки ба мақсади тиҷорат сохта шудаанд ва сохтмони онҳо ҳанўз анҷом наёфтааст, оё аз он закот дода мешавад?

Дар онҳо закот лозим мегардад, агарчи ба итмом ҳам нарасида бошанд, зеро аз қабили моли тиҷорат ба шумор мераванд. Ҳар чизе, ки дар он нияти тиҷорат карда шавад, қатъи назар аз он ки чи гуна мол аст, закот дар он воҷиб мешавад. «Любоб»

 

 

 

Агар сари парандаҳои хурд мисли гунҷишку кабўтар ва амсоли он бо даст канда шавад, дар ин ҳолат хўрданаш ҳалол мешавад ё на?

Дар ин сурат хўрдани он ҳаром мегардад, зеро дар забҳи шаръӣ гуфтани “Бисмиллоҳ” ва буридани сари ҳайвон бо олати тезина шарт аст. Агар сари парандае бо даст канда шавад, гўшти он паранда ҳаром мегардад ва ҳукми худмурдаро дорад. «Любоб»

 

 

 

Оё зане, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, нафақааш бар зиммаи кист?

Нафақаи ў бар зиммаи касоне мебошад, ки дар Қуръон баён шудааст. Худованд дар ояти 215-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Аз ту суол мекунанд: «Чӣ (навъи харҷ кардан) харҷ кунанд?» Бигў: «Он чӣ аз мол харҷ мекунед, пас, бояд барои падару модар ва хешовандон ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва ба дурустӣ ки Худо ба он чи аз некӣ мекунед Доно аст”. Тибқи таълимоти Ислом бенафақа гузоштани занон дуруст нест. Нафақаи духтарон то вақти издивоҷ бар зиммаи падар ва пас аз издивоҷ дар зиммаи шавҳар аст. Агар шавҳар надошта бошад, пас нафақаи ў дар зиммаи падар аст, агар падар надошт, дар зиммаи бародарон аст. Агар инҳо имконияти молӣ дошта бошанд, вале ўро бе нафақа гузоранд, ҳама дар пеши Худованд гунаҳгор мешаванд.

 

 

 

Оё шахси мусофир намозҳои суннатро дар аснои сафар мегузорад?

Шахси мусофир дар аснои сафар намозҳои суннатро мегузорад. Дар “Мабсут”-и Сарахсӣ, ки яке аз китобҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ аст, чунин мегўяд: “Ба сабаби сафар намози суннат ва нафл қаср карда намешавад ва бидуни зарурат тарк ҳам карда намешавад, зеро Худованд дар ҳолати сафар фақат ба қаср кардани намозҳои фарз амр намудааст”. «Дурарул Мухтор»

 

 

 

Оё пас аз таваллуд шудани фарзанд харидани гаҳвора бар дўши волидони зан шарт аст?

Дар дини Ислом то ба балоғат расидани фарзанд таъмини хўроку пўшок, ҷойи зист ва дигар заруриёти зиндагӣ, инчунин табобати ў бар зиммаи падари фарзанд воҷиб аст, зеро Худованд дар ояти 233-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Ин ҳукм барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро тамом кунад; ва хўроку пўшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар (уҳдаи) падар аст”. Аз ин ҷиҳат харидани гаҳвораи тифл бар зиммаи падари кўдак аст.

 

 

 

Оё дандони “имплант” мондан ҷоиз аст ё на?

Нигоҳ доштани ҳаёти инсон ва дур кардани зарарҳое, ки ба ҳаёти ў осеб мерасонанд, яке аз ҳадафҳои асосии дини мубини Ислом аст. Аз ҳамин ҷиҳат ҳамаи уламои мазҳаб дар ҳолати зарурат гузоштани дандони тилло ё нуқраро барои саломатии инсон ҷоиз медонанд.

 

 

 

Оё зани талоқшуда идда дорад ва муддати он чӣ қадар аст?

Агар зане аз шавҳараш лафзи “талоқ” шунавад ё лафзе, ки ба талоқ далолат кунад ва пас аз пурсидани аҳли илм донад, ки дар ҳақиқат талоқ воқеъ шудааст, аз ҳамин замон муддати иддаи ў оғоз мешавад. Муддати идда ба ҳолати занон вобаста аст. Агар зан ҳайзбин бошад, иддааш пас аз талоқ се ҳайзи комил аст. Агар зани ҳомила бошад, пас аз таваллуд иддааш тамом мешавад. Агар зане бошад, ки аз сабаби хурдсолӣ ё калонсолӣ ва ё беморӣ ҳайз намебинад, иддааш се моҳ аст. «Ихтиер»

 

 

 

Истифодаи зару зевар барои зане, ки дар ҳолати эҳром аст, дуруст аст ё на?

Бале, занҳое, ки дар эҳром қарор доранд, истифодаи зару зевар ва пўшидани либосҳои абрешимин барояшон боке надорад. Дар китоби “Бадоеъус-саноеъ”, роҷеъ ба ин масъала чунин баён мекунад: “Назди аксари уламо барои занҳое, ки дар эҳроманд, пўшидани либосҳои абрешимин ва ороиш бо ҳар гуна зару зевар боке надорад”. (“Бадоеъус-саноеъ”, ҷ. 2, с. 410)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...