Варзиши тоҷик дар як ҳафта. Аз медалҳои тилло то ғалабаҳои байналмилалӣ

Варзиши тоҷик дар як ҳафта. Аз медалҳои тилло то ғалабаҳои байналмилалӣ

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 ба анҷом расид. Дар мусобиқаи мазкур 240 ҷудокори 34 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро 40 ҷудокор муаррифӣ карда, ба гирифтани 4 медал ноил шуданд. Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ба гирифтани медалҳои тилло ноил шуданд. Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг) соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 ҷудокорони тоҷик ба гирифтани 11 медал ноил шуда буданд.

Мутахассиси 49-солаи македонӣ Игор Ангеловский сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дастаро барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, омода мекунад.

Ба иттилли ФФТ Ангеловский мунтахаби Македонияи Шимолиро роҳбарӣ карда, онҳоро дар соли 2020 бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Аврупо баровардааст.

Ин ҳафта дар шаҳри Тошканд мусобиқаи Октагон-86 сурат гирифт. Қувваозмоии асосӣ миёни ду ситораи ММА – Қамараддин Ҳасанов бо тахаллуси Камил Каратэ аз Тоҷикистон ва Отабек Абдумуъминов бо лакаби Сатурн сурат гирифт.

Варзишгари тоҷик дар ин набард бо қарори якдилонаи доварон пирӯз шуд.

2 – юми май мусобиқаи бузурги ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд. Дар ин мусобиқа варзишгари тоҷик Муҳаммадкабир Назарзода бар намояндаи мизбон Бейбарис Занов бо қарори якдилонаи доварон дастболо шуд.

Ин ҳафта чун анъана бозиҳои даври 7-уми Лигаи олӣ сурат гирифт. Ҳангомаи даврро парвоз нишон дод. Шогирдони Тоҳир Муминов дар сафар Хуҷандро 2:0 мағлуб карданд. Бозии марказии давр бо иштироки Вахш ва Истиқлол сурат гирифт.

Дар ин дидор душанбегиҳо бо ҳисоби 2:0 дар сафар пирӯз шуданд. Садрнишини ҷадвал дастаи Артиш ғалабаи муҳими худро дар бозӣ бо Истаравшан ба даст овард. Регар ТадАЗ 4:1 дар сафар бар Бақрчӣ, Ҳосилот дар майдонаш 1:0 бар Равшан, Эсхата 4:2 бар Сардор дастболо шуданд.

 

(«Пресса.тж»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...