Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрбон

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрбон

Дуруди бепоён ба паёмбари гиромиаш Муҳаммади Мустафо ﷺ баргузида ба рисолати банӣ башар дар раҳойӣ аз залолат ва ҷаҳолат.

Хонандаи арҷманд! Биёед барои онҳое сиголиш (дуъо)-и хайр кунем, ки аз 12-ум то рӯзи 14 моҳи майи сипаришуда, дар чанд ноҳияҳои куҳистони Тоҷикистон бориши селовар омада, 100-ҳо манзилу хоҷагиҳои мардумро шуста бурд. Биёед даст ба дуъо бардорем, ки Парвардгори меҳрбон селбурдаҳои эшонро биёмурзад ва зиндаҳошонро дар паноҳи исмат ва раҳмати Худ нигоҳ дорад ва ононро парастору раҳнамо бошад.

Дар ин рӯзҳо ҳазорон мардуми бечораи бесарпаноҳ монда, иди саиди Фитрро пешвоз гирифта натавонистанд, дар намози идона ҳам иштирок накарданд. Ҳайати эҷодии моҳномаи “Ассалом” ва “Бо дуруд” аз ин офати табии ғамшарики офатзадагон ҳастем. Аз муҳтарам ҳамватанони дар берун аз кишвар зиндагӣ дошта, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз рӯйи имкони дошта, барои зарардидагони аз офати селоби ба сари мардуми тоҷик омада, дасти ёрӣ дароз кунед. Бор Худоё, шукр мегузорем Туро, ки мо низ дар ин кори хайр саҳмгузорем. Бо дуо бошед!

БО ЭҲТИРОМ, МУҲАРРИР

МУҲАММАДФАРУХ АЗИМОВ

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...