Имон ба қадар

Имон ба қадар

Имон ба қадар

Боварӣ ба қадари некӣ ва бадӣ ва ҳар чӣ, ки ҳаст офаридаи Аллоҳ ﷻ аст. Мо бояд донем, ки ҳамаи чизе, ки дар Дунё мавҷуд аст; некӣ ва бадӣ, солимӣ ва беморӣ, дороӣ ва нодорӣ ва ғайра, ҳамаи он бо иродаи Аллоҳ ﷻ аст.

Қадар - Аллоҳ ﷻ ҳамаи он чизе, ки дар Коинот рух медиҳад, пешакӣ муайян кардааст. Кулли ҳодисаҳо, вақти рўй додани онҳо, ҷойгоҳ ва ҳолати онҳоро Аллоҳ ﷻ аз рўи илми ҷовидонаи Худ пешакӣ муайян кардааст.

Мақсади офаридани бадӣ:

1. Он чизе, ки мо гоҳо барои худамон бадӣ медонем, мумкин аст танҳо дар назари мо чунин намояд. Дар ҳама чиз ҳикмати Аллоҳи ﷻ мавҷуд аст. Ва ҳар чи барои мо зарарнок ва бефоида менамояд, мумкин аст барои одамони дигар зарурӣ ва фоидаовар бошад.

2. Бадӣ нишон медиҳад, ки некӣ чӣ қадар пур қимат аст.

Масалан, инсон то даме, ки гирифтори беморӣ нашавад, комилан арзиши саломатии худро баҳо дода наметавонад.

Муносибати мо ба некию бадӣ:

Ба ҳар як хубӣ мо бояд Аллоҳи ﷻро сипосгузор бошем. Агар ба мо бадӣ расад, мо бояд сабр пеша кунем ва кўшиш намуда аз бадӣ худро ҳимоя намоем.

Яке аз рукнҳои имон – ин боварӣ бар он аст, ки ҳамаи одамон мемиранд ва баъд зинда гардонида шуда, то абад ҳаёт ба сар мебаранд.

Вақти фарорасии рўзи Қиёмат маълум нест. Танҳо нишонаҳои кўчак ва бузурги он маълум мебошанд.

Нишонаҳои кўчак:

1. Нодонию ҷоҳилӣ ривоҷ ёфта таълимоти динӣ аз байн меравад.

Одамон ошкоро май менўшанд ва зино мекунанд.

2. Ҳаёти инсон беқадр гардида, қатлу куштор амали муқаррарӣ мегардад.

3. Адлу адолат намемонад, мафҳуми “ҳалол” ва “ҳаром” фаромўш мегардад.

4. Ба ҳарфи падарону модарон кам гўш медиҳанд ва бештар ба занон итоат мекунанд.

5. Ҳангоми баркашидан дар тарозу ва чен кардан фиребу найранг ривоҷ меёбад.

6. Иззату эҳтиром ба инсон то ҳадди охирин кам мегардад. Касе насиҳат ва маслиҳатро гўш намекунад.

7. Дар шаҳрҳо шумораи муҳоҷирон ва гурезаҳо авҷ мегирад. Хонаҳо баланд бардошта мешаванд. Одамони аблаҳ соҳибикром мегарданд.

8. Қиморбозӣ ва фолкушоӣ беҳад ривоҷу равнақ мегирад. Баракати вақт бардошта шуда, гузашти он ноаён мегардад.

9. Судхўрӣ хеле зиёд мегардад. Иззату эҳтиром ба подош ва неъматҳои дунявӣ бештар мегардад.

Нишонаҳои бузург

1. Дуде пайдо шуда, чил рўз ҳама ҷоро фаро мегирад.

2. Хари Даҷҷол пайдо мешавад.

3. Ҳайвоне бо номи “Доббату-л-арз” пайдо мешавад.

4. Офтоб аз мағриб мебарояд.

5. Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар рўи Замин паҳн мегарданд.

6. Ба замин паёмбар Исо мефарояд.

7. Аз ҷониби Ҳиҷоз оташи азиме пайдо мегардад.

8. Дар се ҷой: дар ғарб, шарқ ва Нимҷазираи араб сатҳи замин

фурў меравад.

Мухаммадфарух Азимов

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...