Чанд тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуданд?

Чанд тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуданд?

Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки соли гузашта зиёда аз 78 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Ин омор назар ба соли 2024 зиёдтар будааст ва дар он сол 42,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамзамон шаҳрванди Русия шудаанд. Тасдиқи дурустии ин омор аз манобеи мустақим ғайриимкон аст.

Сафир гуфтааст, ки бештари тоҷикистониҳо шаҳрвандии Русияро баъди таваллуд дар он кишвар ё аз тариқи яке аз аъзои хонаводаашон қабул кардаанд.

Баъди оғози ҷанги Русия алайҳи Украина баъзе аз муҳоҷирони тоҷик аз тарси фиристода нашудан ба ҷанг аз гирифтани шиносномаи русӣ даст кашиданд. Русия ҳам солҳои охир низоми додани шиносномаи русиро душвор кардааст.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...