Роҳат дар таслим аст
Инсони комил ба муносибати ашё бо ду чашми дуруст менигарад, аммо он ки бо як чашм менигарад, чун фақеҳ ва дарвеш, кӯри якчашма аст. Ҳар кӣ пиндорад, ки ӯ фоил аст, вале дар феъл кӯтоҳӣ кардааст, пас ба Худои азза ва ҷалл ширк овардааст. Худои таоло ҳеч гоҳ аз мо офариниши амалҳоро нахостааст, балки гуфтааст, чизеро анҷом диҳед, ки офаридгораш Манам, на каси дигар. Аз ин рӯ, андозаи пушаймонӣ аз гуноҳ ба андозаи нисбат додани амал ба банда вобаста аст. Лекин ба банда ҷоиз нест, ки гуноҳҳояшро андаку ночиз шуморад, чунки бузург шумурдани онҳо омодагии ӯро тақвият мебахшад ва ӯро ба мартабаи эҳсон боло мебарад. Чун ба он мартаба расид, гуноҳҳо дар баробари омурзиши Худованди азза ва ҷалл андаку ночиз мегарданд, зеро он ҷо фоилеро ҷуз Худои таоло набинад. Эй бародар, пушаймон нашудан муҳсинро фармоянд, зинҳор, муъминро чунин нафармоӣ, ки ин ӯро нобуд месозад!
Бидон, ки ҳар ориферо ба ҳеч ваҷҳ раво набошад, ки худро дар эҷоди феъл дахлдор шуморад, балки ӯ худро ҷойгоҳе барои зуҳури афъол мебинад, зеро афъол танҳо дар ҷисм, бинобар аразҳо будани онҳо, зоҳир мешаванд. Гӯё андомҳои банда дарҳоеанд барои амалҳо, мисли даре, ки танҳо мардум аз он берун мешавад, аммо мардуми беруншаванда аз ин дар зода нашудаанд.
Азбаски худи зоти банда офаридаи Худованд асту бас, пас чӣ гуна аз вай чизе ба вуҷуд меояд, ки онро Ӯ таоло мепазирад, дар ҳоле ки худи зот бо он амалҳояш мар Худои таолорост ва аз милки Ӯ як чашм бар ҳам задан ҳам берун нашавад. Ҳар кӣ инро дарёфт, аз бисёрии амалҳои неки бо дастони ӯ анҷомёфта хушнуд нашавад ва аз камии онҳо ҳам ғамгин нагардад.
Шайх Шозилӣ (қдс) гуфт: «Боре (дар руъё) худро ҳамроҳи марде дар рӯёрӯи устодам нишаста дидам. Пас, ӯ гуфт: Аз ман чаҳор пандро дар ёд дор! Се аз он турост ва яке ин мискинро:
- Аз амри худ чизе ихтиёр макун ва ихтиёр бикун, ки ихтиёр накунӣ ва бигрез аз он ихтиёри кардаат ва аз гурезат ва аз ҳама ба сӯи Худованд. «Ва Худои ту ҳар чӣ хоҳад, биофаринад ва баргузинад; дигаронро ҳеч ихтиёре нест» (Қасас, 68). Ҳамаи ихтиёркардаҳои шариат ва тартиботи онҳо ихтиёркардаи Худованд аст ва туро аз он чизе набошад, вале он барои ту зарур аст. Пас, гӯш фаро неҳ ва фармон бар! Ва агар бо ту ба баҳс пардозанд, пас бигӯ: Худованд донотар аст ба он чӣ шумо анҷом медиҳед.
- Дар дунё парҳезгорӣ ва таваккул бар Худоро пеш гир, чаро ки таваккул сарчашмаи ҳамаи аҳволу холатҳост! Ва Худоро бар худ гувоҳ бигир ва дар гуфтору кирдору ахлоқу аҳвол ба Ӯ даровез!
- Аз гумону ширку тамаъ ва эътироз бар Худо дар чизе барҳазар бош ва Худоро бар қурби аъзам бипараст! Сипас гуфт: Ду чиз нафси ин мискинро ноком кардааст: дар кори дунёаш бо тадбири худаш дохил шуданаш ва дар кори охираташ бар гумон буданаш аз бахшишҳои маҳбубаш. Пас, дар оғози тадбиру тақдир ба сӯи Худованд руҷӯъ кунед, то аз расидани сабукӣ аз ҷониби Ӯ баҳравар шавед! Ҳар кори зиште, ки тарс ва паноҳ хостан аз Худо дар пай дорад, дар шумори гуноҳ дароварда нашавад. Рӯзии хешро аз ҷое, ки Худованд ба ту фиристод, бо истифода аз дониш ва пайравӣ аз суннати Паёмбар ﷺ ба даст овар! То туро боло набаранд (бар зинаҳои камолот), худ ба танҳоӣ пеш марав, ки поят билағжад».
Ҳар кӣ хушнуд бошад, хушнудӣ ӯрост
Ҳақ таоло хабар додааст, ки аз нишонаҳои хушнудии Ӯ таоло аз бандааш хушнуд будани банда аз хоҷааш аст. Худованди азза ва ҷалл гуфт: «Худо аз онҳо хушнуд аст ва онҳо ҳам аз Худо хушнуданд» (Байина, 8).
Шогирде ба устодаш гуфт: «Агар диламро аз Худои таоло хушнуд ёфтам, донам, ки Ӯ аз ман хушнуд аст». Пас, устод ба вай гуфт: «Офарин, эй фарзанд!»
Худои таоло ба Мӯсо ваҳй фиристод: «Эй писари Имрон! Ҳароина, хушнудии Ман дар хушнудии ту ба қазои Ман аст».
Шармсорӣ Ҳақиқати шармсорӣ
Бидон, ки маънои луғавии шармсорӣ (ҳаё) дарҳамкашида ва фишурда шудани нафс аз корҳои зишт аст. Дар истилоҳи аҳли тасаввуф шармсорӣ фишурдашвии дил аст. Имоми тоифа Ҷунайди Бағдодӣ (қдс) таърифи онро чунин овардааст: «Дарки эҳсону неъматҳо ва дарки кӯтоҳиву камбудӣ. Ва аз миёни ин ду ҳолате ба миён меояд, ки шармсорӣ номида мешавад. Ва он тарки даъво дар пешгоҳи Худованд аст».
Пас, бидон, ки шармсорӣ бар чанд ваҷҳ аст:
- Шармсорӣ аз ҷиноят. Мисли шарми Одам алайҳиссалом. Ривоят кардаанд, ки чун ӯ аз меваи дарахт бихӯрд, ба рафтуомад ба ҳар сӯи биҳишт пардохт. Ҳақ таборак ва таоло ӯро нидо кард: «Оё аз Мо мегурезӣ?» Гуфт: «На, балки аз шарм дар назди Ту».
- Шармсорӣ аз кӯтоҳӣ ва камбудиҳо. Мисли фариштагон, ки ба Ӯ субҳонаҳу мегӯянд: «Мо Туро, ончунонки ҳаққи парастиши Туст, напарастидем».
- Шармсорӣ аз бузургдошт. Мисли Исрофил алайҳиссалом, ки бо болҳояш худро паноҳ кард, ҷиҳати шарм аз Худои азза ва ҷалл.
- Шармсорӣ бинобар бузургворӣ. Мисли Паёмбар ﷺ, ки ҳангоми издивоҷ бо Зайнаб, Худованд аз ӯ розӣ бод, зиёфат дод ва нишасти мусулмонон дар он то дергоҳи шаб тӯл кашид. Паёмбар ﷺ шарм медошт ба онҳо бигӯяд, ки бархезанду берун шаванд. Пас, ин қавли Ӯ таоло фурӯд омад: «Эй касоне, ки имон овардед, ба хонаҳои Паёмбар дохил машавед, магар ин ки барои сарфи таоме ба шумо иҷозат дода шавад, бе он ки мунтазири омода шудани он бошед, вале ҳангоме ки даъват шудед, дохил шавед! Пас, чун таом хӯрдед, пароканда шавед ва на саргарми сухане гардед, ки ин кор Паёмбарро озор медиҳад, вале аз шумо шарм медорад, аммо Худо аз (изҳори) Ҳақ шарм намедорад...» (Аҳзоб, 53).
Дар ин оят ба риояи адаб дар иҷозат хостан, мурооти вақт ва воҷиб будани эҳтиром ишора шудааст. Дар он ҳамчунин далолати равшан аст ба ин ки мурод аз иҷозат ба сарфи таом даъват шудан ба он аст. Яъне, агар ба шумо даромадан иҷозат дода шуда бошад ва ба сарфи таом даъват шуда бошед, пас, бо риояи адаб ва аҳкоми чунин ҳузур ба хонаҳои ӯ дохил шавед.
Дар «ат-Таъвилоту-н-наҷмийя» омадааст: «Чун ҳоҷатҳои шумо раво шуд, пас, берун оед ва ғафлат наварзед! Некхӯии вай набояд шуморо аз одоби нек боздорад ва шармгинии беандозаи ӯ набояд боиси ба сутӯҳ овардан ва малул кардани вай аз ҷониби шумо гардад. Гӯё некхӯии ӯ буд, ки онҳоро бар густохӣ бо вай далер сохт, то Худованд ин оятро фурӯ фиристод».
Гуфтаанд, аз ҳаққи оқиле, ки ба назди бузургон ворид мешавад, кам сухан гуфтан ва зуд бархостан аст. Ва аз аломати аҳмақ нишастан беш аз андоза ва омадан дар ғайри вақт аст.