Дастоварди ҷаҳонии табиби тоҷик Фирӯз Баракаев

Дастоварди ҷаҳонии табиби тоҷик Фирӯз Баракаев

Табиби урологи тоҷик, доктор Фирӯз Баракаев, ки дар яке аз клиникаҳои пешрафтаи байналмилалии Туркия – Беморхонаи Донишгоҳи Йедитепе фаъолият мекунад, дар як таҳқиқоти бузурги байналмилалӣ, ки ба сирояти роҳҳои пешоб дар беморони урологии бистаришуда бахшида шудааст, саҳми назаррас гузоштааст. Айни замон ӯ дар ҳамкорӣ бо урологи маъруфи турк, профессор доктор Фаруқ Енджилек кор мекунад.

 

Таҳқиқоти ҷаҳонӣ

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои илмии Фирӯз Баракаев иштироки ӯ дар як таҳқиқоти васеи байналмилалӣ мебошад, ки ба сирояти роҳҳои пешоб (инфексияҳои урологӣ) бахшида шудааст. Ин таҳқиқот дар доираи лоиҳаи ҷаҳонии “Global Prevalence Study of Infections in Urology” гузаронида шуда, натиҷаҳои он дар маҷаллаи бонуфузи “Journal of Infection and Chemotherapy” нашр гардидааст.

Ин лоиҳа яке аз калонтарин таҳқиқотҳо дар соҳаи урология ба ҳисоб меравад ва натиҷаи таҳқиқоти даҳсола мебошад, ки бо иштироки марказҳои илмии пешрафтаи ҷаҳон амалӣ шудааст.

Дар ин таҳқиқот 8 маркази академии бонуфуз аз Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ иштирок намудаанд, аз ҷумла: Донишгоҳи тиббии Туркия, Донишгоҳи Нюкасл (Бритониё), Донишгоҳи Юстус Либих (Олмон), Донишгоҳи Осло (Норвеж), Донишгоҳи техникии Мюнхен (Олмон), ҳамчунин Донишгоҳои пешрафтаи Кореяи Ҷанубӣ.

Фирӯз Баракаев мегӯяд, ки дар доираи ин таҳқиқот маълумоти 6706 бемори бистаришуда таҳлил шудааст. Аз ин шумора 659 ҳолат (9,8%) ба сироятҳои роҳҳои пешоб рост омадааст. Ташхисҳои асосӣ чунин буданд: пиелонефрит – 30,7%, цистит – 29,9%. Яке аз муҳимтарин натиҷаҳо муайян шудани бактерияи “Escherichia coli”, ҳамчун ангезандаи асосии сироятҳо буд (38,7%). Аммо муҳимтар аз ҳама, таҳқиқот сатҳи баланди муқовимати бактерияҳоро ба антибиотикҳои маъмул нишон дод. Ин масъала имрӯз яке аз мушкилоти ҷиддии тиби ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Муқовимати бактерияҳо ба доруҳо (антибиотикорезистентӣ) имрӯз ба як таҳдиди глобалӣ табдил ёфтааст. Таҳқиқоти мазкур нишон дод, ки бисёре аз микроорганизмҳо ба доруҳои маъмул, аз ҷумла фторхинолонҳо ва сефалоспоринҳо дигар ҷавоб намедиҳанд.

Ин ҳолат табибонро водор мекунад, ки дар интихоби табобат эҳтиёткор бошанд ва усулҳои нави мубориза бо сироятҳоро ҷустуҷӯ намоянд.

Натиҷаҳои таҳқиқот танҳо арзиши назариявӣ надоранд. Онҳо метавонанд ба такмил додани протоколҳои табобат, беҳтар шудани ташхис ва коҳиши давомнокии бистаришавии беморон мусоидат намоянд.

 

Роҳи муваффақияти табиби тоҷик

Фирӯз Баракаев 28-уми июни соли 1985 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ дар хонаводаи илмӣ ба воя расида, фарзанди профессори маъруф Салом Баракаев мебошад. Профессор Салом Баракаев яке аз пешсафони соҳаи гастроэнтерологияи лазерӣ дар замони Шӯравӣ маҳсуб мешуд. Аз хурдӣ муҳити илмӣ ва фарҳангии хона ба ташаккули ҷаҳонбинии Фирӯз таъсири амиқ расонд.

Аммо сарнавишт барои ӯ озмоиши сахтеро омода карда буд. Соли 1997 дар як фоҷиаи ҳавопаймоӣ волидони худро аз даст дод. Бо вуҷуди ин зарбаи сахт, ӯ роҳи таҳсилро идома дода, бо иродаи қавӣ ва ҳадафи давом додани роҳи падар ба пеш ҳаракат кард.

Ӯ таҳсили худро дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии тиббии Русия ба номи Н. И. Пирогов дар шаҳри Москва идома дода, соли 2008 дипломи духтуриро ба даст овард. Баъдан, соли 2011 ихтисоси урологияро бо муваффақият хатм намуд.

Пас аз хатми таҳсил, Фирӯз Баракаев фаъолияти худро дар Туркия идома дод, кишваре, ки имрӯз яке аз марказҳои пешрафтаи тиббӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Ӯ дар чандин муассисаҳои бонуфуз кор карда, таҷрибаи ғанӣ андӯхт, аз ҷумла дар Беморхонаи Йени Юзил (GOP, Истамбул) ва Донишгоҳи Эрджиес. Айни замон ӯ ҳамчун урологи калон дар Беморхонаи Донишгоҳи Йедитепе дар шаҳри Истамбул фаъолият мекунад. Дар ин ҷо ӯ таҳти роҳбарии профессори маъруф Форуқ Енджилек кор мекунад ва ҳамзамон дар омӯзиши донишҷӯён ва табибони ҷавон саҳм мегузорад.

Фирӯз Баракаев узви як қатор ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад, аз ҷумла Ассотсиатсияи аврупоии урологҳо, Ассотсиатсияи урологҳои Амрико, Ҷамъияти урологии Туркия. Соли 2024 Фирӯз Баракаев дар конфронси байналмилалии URAI 2024 маърӯза намуда, дар бораи истифодаи зеҳни сунъӣ дар урология суханронӣ кард. Ин нишон медиҳад, ки ӯ на танҳо дар табобат, балки дар рушди технологияҳои нав низ фаъол аст.

Фирӯз Баракаев дар фаъолияти худ як қатор амалиётҳои мураккаби урологиро анҷом медиҳад, аз ҷумла: Резексияи трансуретралии ғадуди простата (ТУРП/TURP), Нефролитотомияи перкутанӣ (тавассути пӯст, PCNL), Энуклеатсияи лазерии голмиии простата (HoLEP), Экстраксияи микроҷарроҳии нутфа (Micro-TESE) ва ғайра.

Фирӯз Баракаев на фақат достони як табиби муваффақ аст. Ин намунаи он аст, ки чӣ гуна як ҷавони тоҷик, бо вуҷуди мушкилоти зиндагӣ, метавонад ба қуллаҳои баланд расад ва дар рушди илми ҷаҳонӣ саҳм гузорад.

 

(«Пресса.тж»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...