Табрики Муфтии Ҷумҳурии Доғистон

Табрики Муфтии Ҷумҳурии Доғистон

Бо дуруди Ҷаҳонофарин ба Шумо бародару хоҳарони азиз! Шуморо бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон самимона табрик мегӯям. Ин давраи пурбаракати андеша, талошу хоксорӣ, замони корҳои нек, поксозӣ, раҳм ва атоҳои бузурги Офаридгор аст.

 

Моҳи Рамазон раҳмати Парвардигор аст, зеро дар ин моҳ Каломи Худо-Қуръон ҳадяи бебаҳо, ҳамчун раҳнамои беҳамто, ки ба некӣ даъват мекунад, аз ҳаром эмин медорад, ба муъминон нозил шудааст.

Бояд шукронаи Худованди Мутаъолро ба ҷо оварем, ки ба ин моҳи муборак моро расонид. Бояд сиголиш кард аз Парвардигори оламиён барои бо фоидаи бузург дар охират гузаронидани ин моҳи муборак.

Маҳз ҳамин моҳи муборакро Офаридгор ба мо фарз кардааст, ки рӯзаи бигирем. Шахсоне, ки дар моҳи Рамазон рӯза мегиранд, амр шудааст, ки аз ҳар чизи бад ва ношойиста, туҳмат, дурӯғ, ғайбат, баҳсу мунозира, андешаи бад парҳез кунем ва танҳо ба некӣ талош оварем. Аз ин рӯ, Рамазон на танҳо моҳи поксозии ҷисми инсон, балки поксозии нафси мо низ аз иллатҳои зотӣ мебошад.

Бо атрофиёнатон мубоҳиса накунед, зеро сухане метавонад бештар дардноктар кунад ва шумо бояд дар назди Худо барои он чизе, ки гуфта шудааст, ҷавоб диҳед. Бо умеди мағфирати гуноҳо некӣ кунед ва бо амали неки худ атрофиёнро ба некӣ ва беҳбудии ахлоқ даъват кунед. Дар бораи онҳое, ки шумо метавонед ёрмандӣ кунед, фаромӯш насозед, зеро ин вазифаи мо дар назди Худованд аст. То ҳадди имкон садақаи эҳтиёҷмандонро зиёда кунед.

Паёомбар Муҳаммад ﷺ фармудаанд, ки: «Дар ҳақиқат, дар биҳишт дарвозаҳои махсусе ҳаст, ки онҳоро «ар-Райён» мегӯянд. Касоне, ки рӯза доштанд рӯзи қиёмат, ба он ҷо дохил мешаванд ва ҳеҷ каси дигар ба онҳо дохил намешавад. Мепурсанд, ки рӯзадорон куҷоянд ва онҳо дохил мешаванд. Вақте ки охирини онҳо дохил шавад, дарвозаҳо маҳкам гашта, каси дигар дохил намешавад». (Бухорӣ, Муслим).

Фазилатҳои моҳи рӯза бисёр аст, аз ин рӯ саъю кӯшиши мо дар он бояд мувофиқ бошад.

Имрӯз тамоми инсоният давраи озмойишҳои бузургро аз cap гузаронда истодааст.

Дар Қуръон (маънои тафсир) ба мо хотиррасон мекунад: «Ва ба дурустӣ, ки пас аз машаққат осонист» (сураи «Иншироҳ», ояти 5-6).

Аз Офаридгор дар ин замони душвор талаб мекунам, ки дилҳои моро мустаҳкам кунад ва беҳтарин сабр ато намояд. Инчунин аз Аллоҳ ﷻ хоҳиш мекунам, ки ҳамаи моро аз дарду бало ва мусибатҳо нигаҳ дорад.

Худованд ба мо мадад кунад, ки моҳи Рамазонро дар беҳтарин ибодат гузаронем. Бигзор ин моҳи муборак, ки муҷассамаи некиву шафқат ва меҳру муҳаббат аст, ба покии руҳонӣ, оромии қалбҳо ва афзун намудани аъмоли нек бахшад.

Худованди мутаъол ба мо кумак кунад, ки рӯзҳои рӯзадориро дар хидмати хоса ба Ӯ гузаронем ва амалҳои хайру дуо боиси эҳёи руҳию ҷисмонии Ватани мо гардад. Омин".

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...