Фоҷеа дар Кўлоб

Фоҷеа дар Кўлоб

Навраси 17-сола дар Кӯлоб ба далели қатли ҳамсолаш дастгир шудааст. Ҳодиса рӯзи 31-уми март дар мактаби №5-и шаҳр рух дода, гумонбар ҳамсинфашро дар синфхона бо корд мезанад.

 

Ҷароҳатбардошта як рӯз пас дар беморхона мефавтад. Нисбати навраси гумонбар барои одамкушӣ (моддаи 104) ва барои авбошӣ (моддаи 237)- и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Барои моддаи одамкушӣ аз 15 то 20 сол ва авбошӣ то 2 сол зиндон пешбинӣ шудааст. Солҳои охир ҷанҷолу занозанӣ байни наврасону ҷавонон, ки аз корду дигар силоҳи сард истифода мебаранд, боиси кушта ва захмӣ шудани чандин хонандаи мактаб гардидааст. Моҳи январ ба ин монанд ноболиғе барои қатли ҳамсолаш дар ноҳияи Рӯдакӣ 11 соли зиндон ҳукм гирифта буд.

Ба таври фоҷеабор ба қатл расонидани Маҳмудҷони ноболиғ дар мактабе воқеъ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ҳамсабақаш аз бемасъулиятии падарону модарон ва буҳрони сангини таълиму тарбия дар системаи маориф шаҳодат медиҳад. Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки дар ин замина стратегия ва барномаҳои мушаххасеро дар самти назорати раванди таълиму тарбия ба роҳ монад, ки насли нави мамлакат дар асоси иззату эҳтиром ва дар руҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ ба воя расанд.

Ин ҳодисаҳо, ангезаҳои онҳо, зуҳури онҳо, равоншинохтии онҳо ва сабабҳои аслии сар задани онҳо бояд аз ҷониби ҷомеашиносон, равоншиносон, инсоншиносон, журналистон таҳқиқ шаванд, то кӯдакону наврасони дигар низ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар амон бошанд. Чунин фоҷеаи ба амал омада дар ҷаҳон хеле кам аст. Дар асоси хабару гузоришҳои ҷаҳонӣ кам ҳолатҳое ҳастанд, ки дар мактаб чунин куштор сурат гирад. Дар шароити феълӣ хуб мешавад, ки ҳуқуқдонҳо, мутахассисон ва равоншиносон ба мактаб ҷалб карда шаванду бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ ва таъсиргузор дарсҳои амалии ахлоқӣ ва инсониро ҷиддитару таъсиргузортар ҳафтае ё моҳе як бор доир намоянд. Ва равоншиносону ҳуқуқшиносон ба кӯдакони ноогоҳу беибрат бифаҳмонанд, ки одамкушӣ ҷинояти вазнин аст, одамкушӣ ҷурми абадӣ аст, одамкушӣ хонавайронӣ аст, кордзанӣ натиҷааш зиндон аст, одамкушӣ гуноҳи бузурги нобахшиданӣ аст. Ва ҳам аз нигоҳи дунё ва дин кӯдакону наврасони бедониш аз содир намудани ҷиноят битарсанд... Аз ҷониби дигар, Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки усулҳои пешрафтаи таълим ва тарбияи кишварҳои пешрафтаро дар Тоҷикистон дар амал ҷорӣ намояд. Масалан, дар давлати Ҷопон кӯдакон ва муҳассилини мактабҳо худ вазифадор шудаанд, ки синфхона, роҳравҳо, дастшӯйхонаҳоро бонавбат пок созанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва умумии Ҷопон, Қатар, Иморот, Сингапур, Куриё ва ғайра кӯдакон чунин ба контрол гирифта шудаанд, ки вақти холигӣ тамоман намеёбанд, яъне вақтҳо самаранок истифода мегарданд ва кӯдакон аз назорат фориғ намемонанд. Ҳарчанд маълумот дар ин замина беҳад зиёд аст, ҳаминро бояд гуфт, ки аз ин пас ҷаҳон пурташвиштар мешавад ва дар контроли системаи иттилоотӣ бояд назорат қатъӣ гардад, падар ва модари тоҷик, омӯзгорони бемасъулият дар назди шаъну шарафи худ дар роҳи хидмати шоиста дар Тоҷикистон бетараф ва бемасъулият набошанд. Зеро агар табиб бо ташхиси ғалаташ як беморро нобуд кунад, омӯзгор бо таълиму тарбияи ғалат ва бемаъниву бенатиҷааш як наслро метавонад табоҳ ва нобуд кунад!

 

Фатҳиддини Замон, журналист

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...