Ҳусайн Воизи Кошифӣ

Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Аз мо мапурс, к-оташи дил то чӣ ғоят аст,
Аз оби дида пурс, ки ӯ тарҷумони мост.

Камолуддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ тахмин дар солҳои 20-уми асри XV дар деҳаи Байҳақи ноҳияи Сабзвори Эрон ба дунё омадааст. Ӯ илмҳои забону адабиёт, фалсафа, нуҷум (ситорашиносӣ), ахлоқ, риёзиёт, фиқҳ (қонуни шариат) ва воизӣ (панду насиҳат дар масоили динӣ)-ро аз худ намуда, асарҳои алоҳида низ эҷод кардааст.

Кошифӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон дар асрҳои ХV- ХVI ҳамчун воизи беҳамто ва нотакрор шуҳрат ёфта буд. Аз ин хотир, муддате дар Нишопур ва Машҳад зиндагӣ карда, ба воъизӣ машғул будааст. Соли 1455 Кошифӣ ба Ҳирот меояд ва бо духтари олими тасаввуф – Саъдуддини Қошғарӣ хонадор мешавад. Ҳусайн Воизи Кошифӣ баъдтар ба намояндагони мактаби адабии Ҷомӣ ва шахсан бо худи ӯ шинос мешавад. Ниҳоят, соли 1505 дар Ҳирот аз олам мегузарад.

Аз Кошифӣ мероси бузурги илмию адабӣ боқӣ мондааст. Миқдори асарҳои ӯро беш аз 40 адад медонанд, ки онҳо аз панду ахлоқ, ҳадис, нуҷум, риёзиёт, таърих, санъати иншонависӣ, санъати воъизӣ, адабиётшиносӣ ва ғайра иборатанд. Кошифӣ дар «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ- ил-ашъор» дар бораи 300 навъи санъатҳои бадеӣ, аз қабили ташбеҳ, талмеҳ, истиора, таҷнис, тазод, тавсиф ва ғайра маълумоти муфассали назарӣ дода, фикрашро бо ашъори адибони гузашта ва муосири худ тақвият бахшидааст.

«Кашф-ул-асрор» (доир ба тасаввуф), «Махзан-ул-иншо» (доир ба санъати иншонависӣ), рисолаи «Ҳотамия» (нақлу ривоятҳо доир ба Ҳотами Тойӣ), «Анвори Суҳайлӣ» («Калилаву Димна») ва «Ахлоқи Муҳсинӣ» (доир ба ахлоқ) аз ҷумлаи асарҳои пурарзиши Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба шумор мераванд.

Ҳикояи кабки дарӣ

Овардаанд, ки кабки дарие дар доманаи куҳе мехиромид ва ғулғулаи садои қаҳқаҳааш дар гунбади сипеҳр мепечид. Иттифоқо, бози шикорие дар он ҳаво мегузашт, чун кабки дариро дид, дилаш ба муҳаббати ӯ мойил гашт ва ба худ андешид, ки дар ин олам ҳар касе бояд ёри мувофиқ ва рафиқи меҳрубоне дошта бошад:

Касе к-андар ҷаҳон ёре надорад,
Дарахти ишраташ боре надорад.

Ва ин кабк ёри хушманзар, хандонрӯ, сабукрӯҳ, ширинзабон ва латифҳаракот аст, дил дар суҳбати чунин рафиқ тозаву хуррам гардад:

Ёре бояд, чӣ гуна ёре бояд?
Ёре, ки гиреҳ зи кори ман бикшояд.
Ҳар гаҳ, ки ҷамоли хештан бинмояд,
3-ойинаи дил ғубори ғам биздояд.

Пас, оҳиста ба ҷониби кабк моил шуд ва кабкро назар бар вай афтод ва ҳазаркунон худро ба шикофи санге расонид. Боз аз ҳаво даромада, пеши он сӯрох нишаста гуфт:

– Эй кабк, пеш аз ин аз хунарҳои ту ғофил будам ва фазлу камоли ту бар ман зоҳир набуд. Имрӯз ба воситаи қаҳқаҳаи ту кушоише дар дили ман падид омад ва хиромидани дилфиреби ту маро сайд карда. Умед аст, ки минбаъд аз ман тарсону ҳаросон набошӣ ва ба сӯйи ман майл намоӣ.

Кабк овоз дод, ки «Эй қаҳрамони комгор, даст аз ин бечораи меҳнатзада боздор, ҳар гоҳ ки обу оташ бо ҳам якҷоя шаванд, ману ту рафиқ шуда метавонем».

Боз гуфт:

– Эй азиз, андеша кун, ки ман аз дӯстӣ бо ту ҳеч ғаразе надорам, ҷанголи ман нуқсоне надорад, ки аз сайд бозмонда бошад. Минқори ман қусуре надорад, ки аз хӯрдан оҷиз шуда бошам. Ман ғайр аз бо ту дӯсти ҳамдам шудан дигар мақсаде надорам. Ту аз суҳбати ман чандин фойидаҳо хоҳӣ дид. Аввалан, чун дигар бозҳо мебинанд, ки ту дар сояи парвариши ман ҳастӣ, ба ту тааддӣ намекунанд ва ба дидаи ҳурмат ба ту менигаранд; дувум, ман туро ба ошёнаи худ мебарам ва ту аз кабкҳои дигар чӣ қадарҳо баланд зиндагӣ мекунӣ; сеюм, аз кабкҳо ҳар мокиёнеро, ки хоҳӣ, наздат меорам, бо вай бо хушиву хурсандӣ рӯз мегузаронӣ.

Кабк гуфт:

– Ту амири мурғонӣ ва инони ихтиёри мурғон ба қабзаи иқтидори туст ва ман яке аз фуқарои ту ҳастам. Агар аз ман кирдоре содир шавад, ки мувофиқи табъи ту набошад, пас сарпанҷаи ғазаби ту маро ба ҳалокат расонад. Беҳтар ин аст, ки дар гӯшаи хилват бинишинам.

Боз гуфт:

– Эй бародар, нашунидаӣ, ки дидаи дӯстӣ айбро намебинад ва ҳар зиштӣ, ки аз дӯст падид ояд, бағоят зебо менамояд.

Заҳри туро дӯст чӣ донад? – Шакар!
Айби туро дӯст чӣ бинад? – Ҳунар!

Ман, ки кирдори туро ба дидаи муҳаббат мебинам, дар гуфту шуниди ту чӣ гуна хати хато кашида метавонам?

Дидаи дӯст айббин набувад. Кабк ҳарчанд узрҳои писандида мегуфт, боз ҷавобҳои маъқулу дилпазир дар муқобили он меовард. Дар охир ба аҳду паймон кабкро аз сӯрох берун овард ва боз ӯро бардошта ба ошёнаи худ овард. Ҳар ду бо якдигар хуш баромада рӯзҳоро бо айшу тараб мегузарониданд.

Ду-се рӯз аз ин миён гузашт, кабк ба боз тамоман боварӣ карда далерона сухан мегуфт ва беибо қаҳқаҳа мезад. Боз ҳам худро ба ношуниданӣ зада, аз сари интиқом дармегузашт, аммо кинаи он дар синааш ҷо мегирифт.

Рӯзе боз каме бемор шуд ва барои хӯрок аз ҷой ҳаракат карда наметавонист. Ҳама рӯз дар ошёна буд, чун шаб даромад, хеле гурусна монд ва кинаҳои кабк, ки ба мурури замон ҷамъ шуда буд, бозро хашмолуд сохт. Ҳарчанд аҳду паймонҳои гузашта ба хотираш меомад, аммо ҳеч ба ақлаш қабул намешуд ва барои хӯрдани кабк баҳона меҷуст. Кабк осори ғазаб дар башараи ӯ мушоҳида намуда, ба ақли хирад ҳалоки худро медид ва оҳи сард аз диди пурдард кашида, ба худ мегуфт: «Ки аз аввали ҳол назар ба поёни кор наяфгандам ва бо ғайри ҷинси худ пайвастам. Бинобар ин киштии умрам имрӯз ба гирдобе дарафтода, ки муҳоли тадбир аз халоси он оҷиз аст»

На аз рафиқ вафою на аз ҳаёт умед. 
На аз сипеҳр башорат, на аз замона навид!

Боз бошад, ҷанголи озор кушод ва минқори хунхор ба заҳри ситам об дода, баҳонаҷӯйӣ мекард. Кабк аз рӯйи эҳтиёҷ риояти одоб менамуд ва аз ин сабаб баҳонае барои боз пайдо набуд. Охируламр боз бетоқат шуда, аз рӯйи асаб ба кабк гуфт:

– Оё раво бошад, ки ман дар офтоб бошаму ту дар соя нишинӣ?

Кабк гуфт:

– Эй амири ҷаҳонгир, ҳоло шаб аст ва ҳама оламро сояи зулмот фурӯ гирифта, шумо аз тоби кадом офтоб ба заҳматед ва ман дар сояи чӣ чиз истироҳат дорам?

Боз гуфт:

– Эй беадаб, маро дурӯғгӯй месозӣ ва сухани маро рад мекунӣ, сазои туро додан лозим аст. Инро гуфту кабкро аз ҳам дариду хӯрд.

Ҳикояи тадбири маймунҳо

Овардаанд, ки ҷамоате бузинагон дар куҳе маъво доштанд ва ба меваю гиёҳҳои он рӯзгор мегузарониданд. Иттифоқо, дар шабе сиёҳтар аз дили гунаҳкорон ва тиратар аз даруни табоҳрӯзгорон лашкари сармо ба онҳо тохтан овард ва аз сахтии сармо асари хун дар дили онҳо фушурдан оғоз кард. Бечорагон аз сармо ранҷур шуда, паноҳе меҷустанд ва ба талаби он ба ҳар гӯшае медавиданд.

Ногоҳ ба тарафи роҳ ёраи дурахшоне афканда диданд ва ба гумони он, ки оташ аст, ҳезум ҷамъ оварданд, гирдогирди он чида дам дар ӯ медамиданд. Дар баробари онҳо мурғе бар дарахте овоз медод, ки «он оташ нест», аммо онҳо илтифот нанамуданд ва аз он кори бефоида боз наистоданд.

Иттифоқо, дар ин асно мурғи дигар он ҷо расид ва он мурғро гуфт: -Ранҷ мабар, ки ба гуфтори ту аз ин кор бознамемонанд ва ту беҳуда ранҷур мешавӣ. Дар тарбияи чунин касон саъй намудан ҳамчунон бошад, ки шамшерро бар санг озмудан:

Ҳар ки дар асл бадниҳод афтод,
Ҳеч некӣ аз ӯ мадор умед.
3-он ки ҳаргиз ба ҷаҳд натвон сохт,
Аз кулоғи сиёҳ бози сафед.

Мурғ чун дид, ки сухани ӯ намешунаванд, аз ғояти шафқат аз дарахте фуруд омад, то насиҳати худро дурусттар ба гӯши онҳо расонад ва онҳоро дар ин ранҷи беҳуда, ки мекашанд, танбеҳ кунад. Бузинагон гирдогирди мурғ даромада сараш аз тан ҷудо карданд.

Адабиёти тоҷик

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар клубҳои хориҷӣ

Дар равзанаи зимистонии соли 2026 якбора чанд футболбози тоҷик тасмим гирифтанд, ки фаъолияти худро дар клубҳои хориҷӣ идома диҳанд, аммо аксари онҳо дар Осиё бозӣ мекунанд.   Пурсарусадотарин трансфери ин мавсим гузаштани ҳамлавари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шериддин Бобоев ба дастаи...


Ширкати муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Дар шаҳри Бангкоки Тайланд аз 8-уми март Ҷоми ҷаҳонии бокс (U-19) оғоз шуд, ки то 15-уми март идома мекунад. Тоҷикистонро дар мусобиқа 10 муштзани ҷавон (8 писар, 2 духтар) намояндагӣ мекунанд.   Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Аъзамҷон Ҳасанов (50 кг), Аъзам Одилзода (55 кг),...


Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Покизагии даромад ва ҳифзи ҷомеа дар замони муосир   Имрӯз, ки бисёре аз бародарону хоҳарони мо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба тиҷорат ва кор машғуланд, лозим аст, ки ҳисоби солонаи молии худро ба роҳ монанд ва Закоти моли худро адо кунанд. Закот моро аз бухл ва ҳирс дур месозад ва...


Саволу ҷавоб

Ҷумлаи “Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ” чӣ маъно дорад? Бародари азиз, маънои ин ҷумла чунин аст: Аз Худованд (барои гуноҳонам) омурзиш мехоҳам ва ба сўи Ў тавба мекунам. Ин ҷумларо баъди намози Бомдод ва баъди намози Аср сад бори такрор кунед савоби беканор дорад. Шахсе, ки дар ватан...


Ҷарроҳии бидуни буриш дар Тоҷикистон

Табибони тоҷик аввалин маротиба ҷарроҳии ғадуди зери меъдаро тариқи эндоскопӣ анҷом доданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст. Тавре ки гуфта мешавад, амалиёт дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо муваффақият анҷом ёфта,...