Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Ай тозаву маҳкам аз ту бунёди сухан, Ҳаргиз накунад чун ту касе ёди сухан. Фирдавс мақом бодат, ай Фирдавсӣ, Инсоф, ки нек додаӣ доди сухан.
Заҳири Форёбӣ
Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Тўсӣ, ки дар таърихи адабиёт бо номи Фирдавсӣ машҳур гардидааст, аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик буда, соли 934 дар деҳаи Божи ноҳияи Табарони наздикии шаҳри Тўс дар оилаи заминдор ба дунё омадааст. Давраи ҷавонии шоир нисбатан орому тинҷ буд ва Фирдавсӣ аз ин имконият истифода бурда, ба таҳсили илм машғул шуд, дар мактаб ва мадраса илмҳои расмии даврро омўхт: забонҳои арабӣ ва паҳлавиро хеле хуб медонист ва дар санъатҳои тирандозӣ, шамшерзанӣ ва ғайра устоди беҳамто буд. Фирдавсӣ ҳанўз дар айёми ҷавонӣ ба ҷамъоварии қисса, ривоят ва устураҳои халқи худ ба таври ҷиддӣ машғул шуд.
Фирдавсӣ ҳамчун фарзанди ҳақиқии халқи хеш ба хубӣ мефаҳмад, ки асотиру достонҳои қаҳрамонии миллӣ мардумро иттифоқ ва муттаҳид менамоянд ва ин муттаҳидӣ имкон медиҳад, ки ягон душмани аҷнабӣ ба сарзамини онҳо ҳуҷум накунад. Фирдавсӣ, ки соҳиби истеъдоди баланд буд, бо хоҳиши шоҳони сомонӣ ва ташвиқу тарғиби яке аз дўстонаш - Абўмансур ибни Муҳаммад ва барои ҷовидонӣ мондани номаш ба навиштани «Шоҳнома» сар кард:
Яке бандагӣ кардам, ай шаҳриёр, Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.
Фирдавсӣ дар таълифи «Шоҳнома» зиёда аз сӣ соли умри худро сарф кард:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ, Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Вақте ки Фирдавсӣ асарашро ба охир расонд, давлати Сомониён, ки як навъ пуштибони гирдоварандагони асотиру достонҳои қаҳрамонӣ ҳисоб мешуд, аз байн рафта, ба ҷои он давлати Ғазнавиён ба сари қудрат омада буд. Султони Ғазнавиён - Маҳмуди Ғазнавӣ дар ибтидои ҳукмронии хеш худро чун давомдиҳандаи анъанаҳои Сомониён вонамуд карда, қудрату шўҳрати худро зиёд менамуд. Чунин аъмоли Маҳмуди Ғазнавӣ Фирдавсиро водор кард, ки ў «Шоҳнома»-ро дар чандин ҷилд китобат намуда, ба Маҳмуд тақдим кунад.
Фирдавсӣ дар таълифи «Шоҳнома» умри ҷавонӣ ва қариб тамоми дороии хешро сарф карда буд ва гумон дошт, ки Маҳмуди Ғазнавӣ дар ивази ин шоҳкории азим мукофоти зиёде медиҳад, то ки айёми пирии худро бо фароғат гузаронад. Мутаассифона, Маҳмуди Ғазнавӣ ба гуфтаҳои бадхоҳон гўш дода, ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ беэътиборӣ кард ва дар ивази заҳматҳои кашидаи шоир ба ў музди ночизе дод. Чунин рафтори султон боиси ранҷиши Фирдавсӣ гардид ва ў дар ҳаққи Маҳмуди Ғазнавӣ ҳаҷвияе иборат аз сад байт навишт:
Аё шоҳ Маҳмуди кишваркушой, Зи кас гар натарсӣ, битарс аз Худой... Накардӣ дар ин номаи ман нигоҳ, Зи гуфтори бадгўй гаштӣ зи роҳ. Ҳар он кас, ки шеъри маро кард паст, Нагирад-ш гардуни гарданда даст. Ман ин номаи шаҳриёрони пеш, Бигуфтам бад-ин нағз гуфтори хеш. Чу умрам ба наздики ҳаштод шуд, Умедам баякбора барбод шуд.
Ҳаҷвияи Фирдавсӣ боиси қаҳру ғазаби султон Маҳмуди Ғазнавӣ гардид. Ў фармон дод, ки Фирдавсиро дастгир карда, ба зери пои филҳо партоянд. Фирдавсӣ аз таъқиби одамони султон аз шаҳр ба шаҳр гурехта, ниҳоят соли 1020 ба ватани худ баргашта, дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Абулқосими Фирдавсӣ дар таърихи адабиёти форстоҷик ҳамчун яке аз пайғамбарони шеър шинохта шудааст:
Дар шеър се тан паямбаронанд, Ҳарчанд ки «ло набия баъдӣ»: Авсофу қасидаю ғазалро Фирдавсию Анварию Саъдӣ.
Фирдавсӣ дар навъҳои шеърии қасидаю ғазалу қитъаю рубоӣ қувваозмоӣ карда бошад ҳам, аммо дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ва ҷаҳон бо маснавии бузурги худ - «Шоҳнома» машҳур гардидааст. «Шоҳнома» намунаи беҳтарини достонҳои қаҳрамонӣ буда, аз шаст ҳазор байт иборат аст.
Худи Фирдавсӣ мегўяд: Зи абёти ғарро ду раҳ, сӣ ҳазор, Мар он ҷумла дар шеваи корзор.
Абулқосими Фирдавсӣ ва асари безаволи ў - «Шоҳнома» дар таърихи тамаддуни башарӣ шўҳрати беандоза дорад.
Таълифи «Шоҳнома» дар асри X худ як воқеаи бузурги адабӣ ва маданӣ ба шумор меравад. Шоир дар асари худ беҳтарин хислатҳои писандидаи одамӣ, мисли хираду хирадмандӣ, некию некўкорӣ, инсондўстию ватанпарварӣ ва ғайраро тараннум намуда, ахлоқи бади одамиро маҳкум мекунад, ки дар рўзгори мо барои тарбияи ҷавонон аз аҳамият холӣ нест.
Хирадманд бошу беозор бош, Ҳамеша забонро нигаҳдор бош. Хирад афсари шаҳриёрон бувад, Хирад зевари номдорон бувад. Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос, Хирад мояи зиндагонӣ шинос. Маёсой з-омўхтан як замон, Зи дониш маяфган дил андар гумон. Ба манзил расид он ки гўянда буд, Беҳӣ ёфт он кас, ки ҷўянда буд. Ба фардо намон кори имрўзро, Бари тахт маншон бадомўзро. Аз имрўз коре ба фардо мамон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ созад замон. Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест, Зи кажжӣ батар ҳеч андеша нест. Машав дар ҷавонӣ харидори ганҷ, Ба беранҷ кас ҳеҷ манмой ранҷ.
Ҳаёт ва фаъолияти Абулқосими Фирдавсӣ дар замони мо ба таври хеле ҷиддӣ мавриди омўзиш қарор гирифт. «Шоҳнома»-и ў ду маротиба дар нўҳ ҷилд чоп карда шуд. Нависандаи номии тоҷик - Сотим Улуғзода чандин достони «Шоҳнома»-ро ба нашр гардонда, пешкаши хонандагони ҷавон кард.
Панду андарзҳои Фирдавсӣ
Агар ду бародар ниҳад пушт, пушт, Тани кўҳро хок молад ба мушт. Бузургӣ саросар ба гуфтор нест, Дусад гуфта чун ними кирдор нест. Чу некӣ кунад кас, ту подош кун, В-агар бад кунад , низ пархош кун. Ба ранҷ андар аст, ай хирадманд, ганҷ, Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ. Ҷавонмардию ростӣ пеша кун, Ҳама некўӣ андар андеша кун. Бибахшу бихур, то тавонӣ дирам, Ки ҷуз ин дигар ҷумла дард асту ғам. Ба ҳар кор дар пеша кун ростӣ, Чу хоҳӣ, ки нагзоядат костӣ. Макун дўстӣ бо дурўғозмой, Ҳамон низ бо марди нопокрой. Зи гетӣ ду чиз аст ҷовиду бас, Дигар ҳар чи бошад, намонад ба кас. Сухан гуфтани нағзу кирдори нек, Бимонад чунон, то ҷаҳон аст рек. Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем. Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек, Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек. Касе, к-ў ҷаҳонро бувад хостгор, Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор. Ҳунармандро шоду наздик дор, Ҷаҳон бар бадандеш торик дор, Чу дӣ рафту фардо наёмад ба пеш, Мадеҳ хира барбод авќоти хеш. Хирадмандию пешбинӣ кунӣ, Тавоноию покдинӣ кунӣ.
Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад. Агар хоҳи аз ҳар ду сар обрӯй Ҳама рости кун,ҳама рост гӯй. Пай афкандам аз назм кохи баланд, Ки аз боду борон наёбад газанд. Намирам аз ин пас ки ман зиндаам, Ки тухми суханро парокандаам.
Ғояҳои ватандӯсти ва қаҳрамони дар «Шоҳнома»
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор, Ҷавонони шоистаи корзор, Зи бахри бару буму фарзанди хеш, Зану кӯдаки хурду пайванди хеш , Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем. Чунин гуфт муъбад, ки «мурдан ба ном, Беҳ, ки душман бар ӯ шодком». Нигар то натарси ту аз маргу чиз, Ки кас бе замона намурдаст низ. В-агар кушт хоҳад ҳаме рӯзгор, Чи некӯтар аз марг дар корзор. Бибандед бо якдигар домано, Намонед, бадхоҳ пиромано. Ҳама размро дил пур аз кин кунем. Тани душманон ҷои зубин кунем, Бикушему марди ба кор оварем, Бар эшон ҷаҳон тангу тор оварем.
Ғояҳои панду ахлоқи дар «Шоҳнома»
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем, Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем. Набошад ҳаме неку бад пойдор, Ҳамон беҳ, ки неки бувад ёдгор. Ба гетӣ мамонад ҷуз номи нек, Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.
АДАБИЁТИ ТОҶИК