САВОЛУ ҶАВОБ
САВОЛУ ҶАВОБ

Баъзе ҳукмҳо муҳими доир ба садақаи фитро баён мекардед ?
Дар сурати ба ҷо наовардан то охири умр дар зиммаи инсон ҳамчун қарз боқӣ хоҳад монд. Чун закот, дар фитра низ ният лозим мебошад. Бе ният раво намебошад. Садақаи фитр дар ҳама аҳком ба монанди закот аст. Лекин дар сурати нест шудани мол, закот соқит мешавад, вале садақаи фитр соқит намегардад. Алалхусус ба талабаи улум (толибилмон), зоҳид, муттақӣ ва ба бандаҳои солеҳ додан авлотар аст. Ба олимони фақире, ки бо илмашон амал мекунанд, фитра додан аз ҳама афзалтар ба шумор меравад. (Рисолаи Закот)
Метавонед дар бораи рӯзадории моҳи Шаввол маълумот диҳед?
Касе, ки дар моҳи Шаввол рӯза дорад, чунин савоб мегирад, ки гӯё тамоми сол рӯза дошта бошад. Рӯза доштани моҳи Шаввол камбудиҳои рӯзаи моҳи Рамазонро ҷуброн мекунад. Имом Ҳасан ибни Аммор дар китоби «Маракил-фалаҳ» менависад: «Шаш рӯз рӯза доштан дар моҳи Шаввол суннат аст, зеро ба дурустӣ ривоят аст, ки Расули Худо e фармуданд: «Ҳар касе, ки Рамазони шарифро рӯза дорад ва сипас шаш рӯзро аз моҳи Шаввол илова мекунад, монанди рӯза гирифтани тамоми сол хоҳад буд». Зеро Аллоҳи Мутаол изҳор доштааст, ки ба як ҳасана даҳ маротиба бештар подош хоҳад дод. Ҳамин тавр, савоби рӯзаи даҳрӯза ба шахсе дода мешавад, ки як рӯз дар моҳи Рамазон рӯза бигирад. Ҳамин тариқ, рӯзаи Рамазон даҳ моҳ ва рӯзаи шашрӯза аз моҳи Шаввол ду моҳ арзиш дорад. Онҳое, ки ба ин тартиб риоят мекунанд, подоши рӯзаи тамоми солро хоҳанд гирифт. Ин шаш рӯзи рӯза дар моҳи Шаввол метавонад яке паси дигаре ё алоҳида бошад. Ин шаш рӯзи рӯза мисли суннатҳои намози фарзӣ аст. Аллоҳи Мутаол камбудиҳои намозҳои фарзиро дар рӯзи қиёмат бо намозҳои нофила ва камбудиҳои рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро бо ин рӯзаи нофилаи шашрӯза бартараф хоҳад кард. Имконияти рӯза гирифтан дар ин шаш рӯз далели он аст, ки рӯзаи Рамазони Шариф мақбул аст. Зеро вақте ки Аллоҳи Мутаол кори бандаро мепазирад, ба ӯ имкон медиҳад, ки пас аз худ як амали солеҳро анҷом диҳад. Рӯзаи Рамазон сабаби омурзиши гуноҳҳои гузашта аст. Рӯзаи шашрӯзаи Шаввол шукри ин неъмат барои бахшоиш хоҳад буд. Муаллифи китоби «Баҳр» менависад: «Агар ин шаш рўзи моҳи Шавволро пай дар пай не, балки пароканда дар ҳамин моҳ рўза бигирӣ, ин барои риояи суннат басанда аст». (Мараки-л-фалаҳ)
Амволе, ки аз онҳо закот дода намешавад, кадомҳоянд?
Инҳо мол ва ашёи мавриди ниёзи аввалия. Масалан, баъзе аз онҳо: хонаҳое дар онҳо зиндагӣ мекунанд, ашёи хона, либос ва пойафзол, воситаи ҳаракат, китобҳои барои фурўш пешбинӣ нашуда, асбобу анҷоми косиб, ғизои зарурӣ, ороишот аз алмос ва зумурад ва ғайра (ғайр аз нуқра ва тилло), ки барои фурўш пешбинӣ нашудаанд. (Табйинул Ҳақаиқ)
Ба кадом шахсон закот дода намешавад?
Закот ба шахсони зерин дода намешавад:
1)Ба падар ва модар ва бобо ва бибӣ;
2)Ба писар, духтар ва ҳамаи наслҳои онон;
3)Ба сарватмандон;
4)Ба ғайри мусалмон;
5)Ба шавҳар ва зан;
6)Ба хонаводаи Паёмбар e ва оли ў;
7)Ба бачаҳои аз 7 сола хурд ва беморони рўҳӣ. (Любоб)
Оё дар ҳолати адо кардани закот дар байни закотгирандагони закоти як соҳибнисоб ҳатман будани ҳашт тоифа зарур аст?
Ҳанафиҳо ва моликиҳо гуфтаанд, ки будани ҳамаи онҳо шарт нест, ба баъзе онҳо дода шавад, кифоя аст. Шофиъиҳо гуфтаанд лоақал аз ҳар тоифа се нафарӣ буданаш зарур аст. Яъне дар ҳолати адои закот будани 24-нафар шарт аст, ки ин ҳоло кори мушкил аст. (Тафсири осонбаён)
Пардохти закот бо кадом тартиб сурат мегирад?
Пардохти закот бо чунин тартиб сурат мегирад: 1)Бародарон ва хоҳарони ҳамтан, баъд фарзандони онҳо; 2)Амак, амма, тағо ва хола; 3)Хешовандони дигар; 4)Ҳамсояҳо; 5)Камбағалони ноҳияи худ; 6)Камбағалони шаҳри худ; Талош бояд намуд, то ки маблағи закот ба ҳоҷатмандон дастрас гашта, боиси гуноҳ ва исрофкорӣ нагардад. (Пардохти закот)
Одамҳое ки закоти молашонро намедиҳан онҳоро чӣ ҷазо интизор аст?
Барои онҳое, ки закот намедиҳанд, дар ин Дунё ва Охират ҷазо пешакӣ тайёр карда шудааст. «Чӣ чиз шуморо ба Дўзах даровард? Гўянд: «Мо аз намозгузорандагон набудем ва мискинро таом намедодем». (Сураи Муддассир-42-44). Ҳамчунин Паёмбар ﷺ гуфт: “Худо ба ҳар кас мол ато кунаду он кас закоташро надиҳад, он мол рўзи Қиёмат ба шакли море медарояд, ки пашми сараш рехта ва (бар болои ду чашмаш) ду доғи сиёҳ дорад. Ин мор рўзи Қиёмат ба гардани соҳиби мол тавқвор печида, бо ҳар ду тарафи лиҳзимаи худ, яъне бо ҳар ду кунҷи даҳони худ, ўро газида хоҳад гуфт: Ман моли туам, ман ганҷи туам”. (Бухорӣ).
Баъди ин Паёмбар Муҳаммад ﷺ аз Қуръони карим тиловат намуд: «Ва касоне ки ба он чӣ Аллоҳ аз фазли Худ ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд, напиндоранд, ки ин бухл барояшон беҳтар бошад, балки барои онҳо бисёр бад аст, наздик аст, ки рӯзи қиёмат он чи бухл варзидаанд, тавқи гарданашон мешавад. Ва Аллоҳрост мероси осмонҳо ва Замин. Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст!». (Сураи Оли Имрон-180). Дар ин оят ҳоли онҳо, ки бахилӣ намуда, дар ҷамъоварии молу сарват ва ҳифзи он мекӯшанду дар роҳи ризои Аллоҳ садақа, ҳатто закот намедиҳанд, рӯзи растохез чӣ ҳол доранд, эзоҳ меёбад. Агарчанде дар ояти мазкур зикри закот сароҳатан набошад ҳам, локин ҷумҳури муфассирон бар он иттифоқанд, ки ин оят дар бораи боздорандагони закот нозил шудааст. Умуман таълимоти дини Ислом чунин аст, ки ҳар молеро, ки Аллоҳтаъоло аз фазли худ ба инсоне диҳад, он моли амонат буда, соҳиби асосии он мол Аллоҳ аст. Бинобар ин, лозим аст, ки он мол дар роҳе сарф шавад, ки Аллоҳ розӣ бошад. Аммо шахсоне, ки молро меғундоранд, бахилӣ карда дар роҳи ризои Аллоҳ сарф намекунанд, тасаввур накунанд, ки чунин амал ба суди онҳост. Баръакс, бар хилофи тасаввури онҳо буда, зиёни онҳост. Яъне сарнавишти инсонҳои бахил чунин аст, ки он моле ки закоташро надоданд, рӯзи растохез тавқи гарданашон мешавад. Одамоне, ки бо ин ё он сабаб, масалан, аз хасисӣ, ё ин ки аз рўи нодонӣ ҳаққи закотро адо намекунанд, кофир нашуда, гунаҳгори азим мегарданд. (Тафсири осонбаён)