Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Намози ҷумъа чанд ракъат аст ва чигуна хонда мешавад?

Бародари азиз, намози ҷумъа яке аз намозҳои фариза аст, ки дар рўзи ҷумъа ба ҷои намози пешин баргузор карда мешавад. Намози ҷумъа ба ҳар касе, ки дорои шароити зерин бошад, фарзи айн аст: Болиғ, мард, озод, тандуруст, бино ва муқими шаҳр будан. Бинобар ин, намози ҷумъа барои ноболиғ, зан, ғулом, мариз, нобино ва мусофир фарз нест. Бо вуҷуди ин, агар афроди мазкур ҳозир шаванд ва якҷо бо мардум намози ҷумъаро адо намояд, ин намозашон ба ҷойи фарзи пешин ҷойгузин хоҳад шуд. Рўзи ҷумъа ду бор азон гуфта мешавад. Бо азони аввал мардум харидуфурўш ва дигар корҳои дунявии хешро раҳо сохта ва ба сўйи масҷид мешитобанд. Қабл аз хутба чаҳор ракъат суннат гузорида мешавад. Сипас имом болои минбар баромада, рў ба ҷамоат қарор мегирад ва азони дувум гуфта мешавад. Баъд аз он имом ду хутба мехонад ва дар миёни он андаке менишинанд. Ҳар гоҳ хутбаи дувумро ба поён расонд, ду ракъат намози ҷумъаро бо мардум адо мекунад. Пас аз адои фарзи ҷумъа чаҳор ракъат суннати дигар гузорида мешавад. Дар охир имом бо мардум якҷоя дуо мекунанд. («Мароки Фалох»)

 

 

Агар мард дар ҳолати ғазаб тариқи телефон гўяд, ки “ҷавобатро додам”, оё ин суханаш се талоқ ҳисоб мешавад?

Бо лафзи “ҷавобатро додам” як талоқи боин воқеъ мешавад, на се талоқ. Дар ин ҳолат таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр лозим мегардад. («Лубоб»)

 

 

Агар мард ба занаш гўяд, ки “ҷавобатро додам, ҷавобатро додам”, оё бо ин суханаш ду талоқ воқеъ мешавад?

Дар сурати мазкур фақат як талоқи боин воқеъ мешавад, на ду талоқ. Пас аз ин моҷаро таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр лозим мегардад, ба шарте ки байни шумо қаблан ду талоқ воқеъ нашуда бошад, дар акси ҳол никоҳ байни шумо дигар дуруст нест. («Лубоб»)

 

 

Оё дар ҳолати такя ё ғелида хондани сураҳои Қуръон дуруст аст?

Бародари азиз, дар ҳолати ба паҳлу такя карда ва ё ғелида хондани сура дуруст нест, зеро яке аз одоби хондани Қуръон нишаста ва рў ба қибла тиловат кардан аст. Вале агар зарурате ба сабаби беморӣ ё узри дигаре пеш ояд, дуруст аст.

 

 

Лутфан бигўед, ки пешоби кўдак либосро бенамоз мекунад ё на? Дар ин ҳолат оё таҳорат кардан лозим аст?

Бародари азиз, дар ҳолати расидани пешоби кўдак ба либос ё бадан он либос ва узви бадан бенамоз мешавад ва шустани он лозим мегардад, лекин таҳорат намешиканад, бинобар ин, таҳорат кардан лозим намегардад. («Дурар ул-Хуком»)

 

 

Лутфан дар бораи намози қаср ва масофаи сафар маълумоти муфассал медодед?

Вақте ки шахсе аз маҳалли зисташ азми сафар кунад ва масофа то макони мақсудаш 100 км роҳ бошад, намозҳоро қаср мегузорад. Агар дар аснои сафар намози чаҳорракъатие қазо шуд, онро низ ба сурати қаср, яъне ду ракъат ба ҷо меорад. Яъне дар ин ҳолат намозҳои чаҳорракъатии фарзро ду ракъат мегузорад, вале суннатҳоро пурра мехонад. Намози бомдод ва шомро низ пурра мехонад, зеро намози бомдод худ ду ракъат аст ва намози серакъатӣ қаср надорад. Агар шахси мусофир ният кунад, ки дар шаҳре ба муддати 15 рўз иқомат кунад, дигар ҳукми мусофириро надорад ва намозҳояшро комил адо менамояд. Аммо дар ҳолати камтар аз 15 рўз истодан дар он шаҳр намозро қаср мегузорад. («Ихтиёр ли Таълили Мухтор»)

 

 

Аз синни бисту панҷсолагиам хондани намозро оғоз кардам. Мехоҳам ҳамаи намозҳои қазокардаамро ба ҷо оварам. Намозҳои қазоиро чӣ тавр бояд гузорам?

Бародари азиз, равиши гузоридани намози қазоӣ монанди намози адоӣ аст, фарқ танҳо дар ин аст, ки “намози қазоӣ” гуфта ният мекунад. Агар шумо, ки намозҳои якрўзаи қазоии гузаштаро ба ҷо овардан хоҳед, барои аввали онҳо азону иқомат гўед ва дар намозҳои боқимонда фақат иқомат гуфтан кофӣ аст. Пас аз адои намози қазоӣ гуфтани тасбеҳот шарт нест, вале агар гўед, хуб аст ва савоб мегиред. Хондани намози қазоӣ дар ҳама вақт дуруст аст, ба ҷуз се вақт: вақти тулўъи офтоб, вақти рост шудани офтоб дар осмон ва дар вақти ғуруби он. Тариқи осони адои намозҳои қазоӣ ин аст, ки пас аз гузоридани ҳар як намози вақтӣ як ё чанд намози қазоиро ба ҷо оваред, иншоаллоҳ ҳамаи намозҳои қазоии худро адо хоҳед кард. («Хошияту Тахтови»)

 

 

Агар зан ба суханони шавҳараш амал накунад, балки сухани падарашро иҷро кунад, ин амал чӣ ҳукм дорад?

Итоати ҳамсар аз шавҳараш амри воҷиб аст, модоме ки дар он маъсият набошад. Агар ҳамсар ҳуқуқи шавҳарашро риоя накунад ва ба суханону дастуроти ў амал накунад, албатта гунаҳгор мешавад. Ҳар як нафар қабл аз издивоҷ бояд қонун ва одоби муоширати занушавҳариро биёмўзад ва онро дар зиндагии худ татбиқ кунад, дар ин сурат зиндагии гуворо ва саодатмандонаро ба даст меорад. («Фикхул ислом»)

 

 

Чанде пеш хонда будам, ки зотпарварӣ (селексия, ба вуҷуд овардани навъҳои нави растанӣ, парандаҳо ва ҳайвоноти дурага) барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ғайра ҳаром аст. Мехостам бидонам, ки оё ин воқеан ҳаром аст?

Бародари азиз, дар масъалаи ҳукми гўшти ҳайвони дурага фақеҳон назари мухталиф доранд. Мурод аз ҳайвони дурага он ҳайвонест, ки аз ду ҷинси мухталиф таваллуд шудааст, мисли хачир, ки модараш асп ва падараш хар мебошад. Назари фиқҳи ҳанафӣ ин аст, ки модари ҳайвони дурага мавриди эътибор аст, яъне ҳайвони дурага тобеъи модараш аст, на падараш. Пас, агар гўшти модари ҳайвони дурага ҳалол, масалан буз ва гўшти падараш ҳаром, ба таври мисол саг бошад, чунин ҳайвони дурага ҳукми модарашро мегирад ва хўрдани гўшташ ҳалол мешавад. Қобили зикр аст, ки гўшти хачир дар мазҳаби ҳанафӣ ба иҷмоъ ҳаром мебошад. («Фикхул ислом»)

 

 

Оё ақди никоҳ ба тариқи телефон дуруст аст?

Бародари азиз, ақди никоҳ тавассути телефон ҷоиз нест, зеро дар маросими никоҳ шарт аст, ки арўсу ҷавон бо шоҳидон дар як маҷлис ва як макон ҳузур дошта бошанд ва суханони якдигарро мустақиман ё ба воситаи вакил шунаванд. («Дурар ул-Хуком»)

 

 

Шавҳарам дар ҳолати асабоният барои тарсонидани ман гуфт, ки “агар телефони маро қапидӣ, ту ба ман се талоқ”, пас аз ин астағфируллоҳ гуфт. Оё бо ин шарт талоқ воқеъ мешавад?

Дар сурати мазкур агар зан телефони шавҳарашро ба даст бигирад, се талоқ мешавад. Бояд кўшиш ва эҳтиёт кунад, ки ҳаргиз ба он даст нарасонад. («Ихтиёр ли Таълили Мухтор»)

 

 

Дар гўши навзод кӣ бояд азон гўяд ва то чанд рўз ин амалро бояд анҷом дод? Агар пас аз як ҳафта гуфта шавад, дуруст аст ё на?

Бародари азиз, пас аз таваллуди тифл ҳар гоҳе фурсат шавад, ин амалро анҷом додан дуруст аст, вале набояд, ки таъхир кунад. Падари тифл ё бобои ў ва ё каси дигаре метавонанд дар гўши тифл азон гўянд, муҳим ин аст, ки шахси ботақво ва солеҳ бошад ва дар ҳаққи навзод дуои нек кунад. («Фикхул ислом»)

 

2026-06-01 (Зулҳиҷаи соли 1447) №6.


Чанд тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуданд?

Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки соли гузашта зиёда аз 78 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин омор назар ба соли 2024 зиёдтар будааст ва дар он сол 42,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамзамон шаҳрванди Русия шудаанд. Тасдиқи...


Фазлу аҷри рӯзаи моҳи Муҳаррам ва рӯзи Ошӯро

Рӯзаи ихтиёрӣ (нафл) дар ин моҳ аз ҷумлаи аъмоли солеҳе мебошад, ки савоби фаровон дорад. Расулуллоҳ ﷺ дар ҳадисе мефармояд: «Беҳтарин рӯза пас аз рӯзаи Рамазон, рӯзаи моҳи Муҳаррам – моҳи ҳароми Аллоҳ аст» (Муслим).   Ин ҳадиси шариф нишон медиҳад, ки рӯза гирифтан дар...


Варзиши тоҷик дар як ҳафта. Аз медалҳои тилло то ғалабаҳои байналмилалӣ

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 ба анҷом расид. Дар мусобиқаи мазкур 240 ҷудокори 34 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.   Тоҷикистонро 40 ҷудокор муаррифӣ карда, ба гирифтани 4 медал ноил шуданд. Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков...


Фазилатҳои моҳи Муҳаррам

Моҳи Муҳаррам дар солшумории ҳиҷрии қамарӣ ҷойгоҳи аввалро дорад. Дар соли 16-уми ҳиҷрӣ, дар замони хилофати Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (розияллоҳу анҳу), бо машварати ёрони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва тасдиқи Ҳазрати Усмон ибни Аффон (розияллоҳу анҳу) ва Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб...


Хислати замима

Чор чизи дигар, эй некӯсиришт, Ҳаст аз ҷумла халоиқ сахт зишт. З-он чаҳор аввал ҳасадгини бувад, З-он гузаштӣ уҷбу худбини бувад. Хашмро дигар фурӯ нохӯрдан аст, Хислати чорум бахили кардан аст. Эй писар, кам гард гирди ин хисол, Аз барои ин ки зишт аст ин фиол. Ғилу ғаш бигзор чун зар пок...