САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Баъди гузашти кадом вақт розигии тарафҳо (никоҳ)-и ҳамсарон дуруст шуморида намешавад, агар зану шавҳар аз якдигар дур зиндагӣ дошта бошанд?

Дар чунин ҳолат вақти ҷудойии зану марди дар ақди никоҳ буда, аҳамияте надорад. Чӣ қадаре, ки зану шавҳар алоҳида, ё дур аз ҳамдигар бошанд ҳам, ҷудошавӣ баъди аз тарафи мард додани талоқи зан ҳолати дурустӣ пайдо мекунад. («Лубоб»)

Вақти намозгузорӣ зан чӣ гуна бояд биншинад?

Замони саҷда дар замин, ё хондани “Аттаҳиёт” зан бояд дар ҳолати (таваррук) нишинад. Ба ин маъне, ки зери думбаи чап, пушти пойи чап, ҳарду пойро каме ба тарафи рост гардонида нишастан аст. («Мароқ улфалоҳ»)

Ягон фоидаае ҳаст, агар китоби “Қуръон” дар хона дошта бошему касе ӯро нахонад?

Дар китоби “Ал-фатво ал-ҳидоя” навишта шуда, ки: “Агар одам бо чунин роҳ умед ба қадрдонӣ дошта бошад, ҳатман сазовор хоҳад шуд”. Ба ҳар ҳол, зарур аст, ки кӯшиш ба хондани Қуръон карда, кӯдаконро низ омӯзиш бояд дод. Дар ин бора пайғамбар гуфтааст, ки: “Беҳтарин аз инсонҳо он касест, ки Қуръонхонӣ дорад ва дигаронро низ омӯзиш медиҳад”. (Ал-Бухорӣ ва Муслим)

Дар хона сагро нигоҳ доштан ва онро бо саге ҷанг дохтан мумкин аст?

Одатан сагро дар ҳавлӣ, на дохили ҳуҷраи хоб нигоҳ медоранд. Барои чӯпон, шикорчӣ, оилаи дар канори деҳа лозим аст, ки барои ҳимояи молу мулк саг хизмат кунад. Сагро бо саге, қушқор, хӯрус, буқа ва умуман ҷонвареро ба ҷонвари дигар муқобил гузошта, аз ҷанги хунини онҳо ҳаловат бурдану маблағ кор кардан, амали номумкин аст.

Тарзи дурусти гузоштани намози тасбеҳ чӣ тавр аст?

Намози тасбеҳ аз 4 ракаат иборат аст, ки метавон якҷо 4, ё 2 бор 2 ракаат гузошта шавад. Нияти он чунин аст, ки: “ Ният кардам бигузорам 2, ё 4 ракаат намози тасбеҳ”. Аввал дуруд (Сано), яъне: “Субҳонакалоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло Илоҳа ғайрук»-ро хонда, баъд тасбеҳ: “Субҳаналлоҳи ва-л-ҳамдулиллоҳи ва ло Илоҳа иллаллоҳу вааллоҳу акбар”, 15 маротиба такрор карда мешавад. Ҳамин тасбеҳро 10 маротиба баъди сура, ҳини нимтаъзим, қомат ва дар саҷдаи якум ва дуюм ва дар нишасти байни ду саҷда. “Тасбеҳ” баъди ҳар 1 намоз дар ҳар ҳолат гузошта мешавад. Ҳамин тавр, дар ҳар ракаат “Тасбеҳ” 75 маротиба ва дар чор намози 4 ракаата 300 маротиба хонда мешавад.

Пайёмбари Худо гуфтааст, ки: “Намози тасбеҳ бузургтарин туҳфаест аз Офаридгор ва подош (инъом)-и он бахшойиши гуноҳи куҳнаву наве, ки новобаста рӯшод, ё ғойибона аз нодонӣ, ё дониста содир карда шудаааст. Барои ҳамин кӯшиш кунед, то ҳар рӯз намози тасбеҳро гузоред. Агар натавонед, ҳафтае, ё моҳе 1 маротиба (вале дар рӯзи ҷумъа бартарияти хеле зиёд дорад). Агар ин корро ҳам анҷом дода натавонед, соле 1 маротиба ва билохир, ақалан маротибае дар умри хуш онро гузоред”. (Абу Довуд ибни Маҷо ал-Байҳақӣ) Бузургвор Абдуваҳҳоб аш-Шаронӣ гуфтааст, ки: “Одамоне, ки гуноҳи зиёд кардаанд, кушиш кунанд, то ин намозро бисёр гузоранд”. («Фиқҳи ислом ва адиллатуҳу»)

Пайғамбари Исо , баъди он, ки Худованд ӯро ба Замин орад, чанд соли дигар умр ба сар хоҳад бурд?

Сухане аз қабили бузургон нақл шуда (ҳадис)-е аз имом Муслим буда, ки: “Пайғамбар Исо u 7 сол дар олам хоҳад монд”. Дар ривоят (ҳадис)-и дигаре омада, ки: “Ҳазрати Исо u 40 сол дар олам зиндагӣ хоҳад кард. Замоне, ки Офаридгор ӯро ба осмон бурд, 33 сол дошт. Баъди ба олами ҳастӣ оварданаш, наздик ба Рӯзи ҷазо буда, 7 соли дигар умр ба сар бурда, баъд фавт хоҳад кард. Мардуми баимон дар ҳақи руҳи Исои u бузургвор сиголиш (дуъо) карда, ба хок хоҳанд супурд”. («Фатово ул-аҳодис»).

Агар намозгузор хато (саҳв) баъди саҷдаи 2-юм “Аттаҳиёт”-ро нахонда, якбора аз ҷо хеста, ракаати 3-юмро сар кунад, лозим аст, ки дар поён, анҷоми намоз саҷдаи саҳв (иштибоҳ кардаи намоз)- ро иҷро кард, ё намозро ба тозагӣ аз нав гузорад?

Агар, касе, ки маротибаи аввал ба замин нишаста, қомат рост накарда бошад, бояд баргашта, онро иҷро кунад. Агар қомат рост карда бошад, дубора нанишаста, намозро идома дода, дар охири намоз саҷдаи саҳв бояд кард. Дубора намозгузорӣ кардан лозим нест. Ин амал ба намози фарз ва воҷиб тааллуқ дорад. Агар ин амал дар намози сунат шуда бошад, намозгузор дар ҳолати рост, қомат боло карда бошад ҳам, ба замин бояд нишаст. Дар фарзу ҳам намози сунат агар дар ракаати 3-юм барои нишастан наздик бошед, нишинед, саҷдаи саҳв гузошта намешавад. Донишмандон мефаҳмонанд, ки агар қисми поёнӣ, яъне пойҳоро то миён рост накарда бошед ва миён каме хам бошад, ин ҳолат ба нишастан баробар аст. Агар аз миён поён рост карда бошед, ин ҳолатро рост кардани қомат мешуморанд. («Мароқ ул фалоҳ»)

Пеш аз намози фарзи ҷумъа намози суннат вуҷуд дорад? Агар дошта бошад, чанд ракаат аст?

Пеш аз намози фарзи ҷумъа ва баъди он 4 ракаат намози суна гузошта мешавад. Дар ин бора гуфта (ҳадис)-е аз Ибни Масъуд ва Абу Ҳурайра t вуҷуд дорад, ки пағамбар гуфтааст, ки: “Ҳар касе намози ҷумъа гузорад, бояд 4 ракаат намоз пеш аз он ва баъди онро иҷро кунад”. («Ал-ихтиёр»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...