САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Оё мумкин аст, ки дар рӯзи 21-уми обистан, ё бордор будани зан, ҳомиларо қатъ кард?

Бачаандохтан (аборт) бо розигии ҳамсарон иҷозат дода мешавад, агар бордоршавӣ (ҳомила)-дорӣ то 40 рӯза бошад. Агар вуҷудомада, ҷондароварда (ҷанин) аз 40 рӯза зиёд бошад, хотимаи бордорӣ (аборт)- корӣ нописандӣ ба доди Ҷонофарин буда, раво нест. Баъди 120 рӯза будан, ин кор тамоман нопок (ҳаром) аст. “Фиқҳ ул-Ислом ва одиллатуҳу”.

Чанде пеш модар ва занам ҷанҷол карданд. Падару модари ӯ (занам) омаданд, ки сулҳу оштӣ ба миён оваранд. Модар гуфт, ки ман аз занам ҷудо шавам. Волидайни занам низ ба ҷудо шудан розигӣ доданд ва ман оқибати ин корро ба назар нагирифта, занамро 3 талоқ гуфтам. Марҳамат карда бигӯед, ки додани чунин талоқ дуруст аст? Агар дуруст бошад, пас метавонам баъди ба шавҳар баромадани занам аз онҳо хоҳиш кунам, ки ҷудо шаванду занамро боз ба никоҳи худ дарорам? Мо ҳарду соҳиби писар ҳастем. То кунун афсӯс мехураму аз кори карда пушаймон.

Дар чунин ҳолат талоқи сегона шуморида мешавад. Агар ӯ (яъне зан) ба шавҳар баромада, муносибати ҷинсӣ кунанд, баъд ӯ (яъне мард) талоқ диҳад, баъди поёни иддаи зан (он гаҳ, ки зан пок шуда бошад аз гулдоманӣ (ҳайз) ба шумо аз нав бастани аҳди никоҳ дуруст аст. “Лубоб фи шарҳи Китоб”.

Лутфан, қоидаи ришдориро фаҳмонда диҳед?

Покиза, тамоман тарошидани риш нодуруст буда, наздик ба манъ кардан аст. Метавон онро кутоҳ кард, агар аз мушт дарозтар шавад. Ҳамчунин дигар ҳолатҳои тоза шустан, шоназаниву озода нигаҳ доштани ришро фаромӯш набояд кард.

Ҳамчунин лозим ба ёдоварист, ки ҳатман кӯшиши риояи ин суннати ҷаноби Паёмбарро кунед. Баъзеҳо бо рафтори ношоями худ ва бо амалҳои пасти беадабонаи хеш, мардумро ба як назар бад нисбати аҳли мусалмон, ё Исломи азиз оварда мерасонанд. Албатта, рафтори шойиста, иҷрои аркони Ислом на танҳо аз марди ришдор, балки аз ҳама мусалмон талаб карда мешавад. Баробари ин, шахси содиқона иҷрои зебойиву созандагӣ аз суннатҳо дошта, барои мо муҳтарам ҳастанд ва низ ҷавобгарӣ (масъулият)-шон аз дигарон дида, зиёдтар аст. “Фиқҳ ул-Ислом ва одиллатуҳу”.

Оё мумкин аст, ки пул, ё нонро дар остонаи дар истода бидиҳӣ? Мегӯянд, ки мумкин нест. Ин хел амал кардан дуруст аст?

Мумкин аст ва ҳеҷ монеае дар ин кор вуҷуд надорад.

Намозгузорӣ бо шалвори кутоҳ (шорт)-е, ки зонуро мепӯшонад, мумкин аст?

Барои мард зарур аст, ки дар намозгузорӣ аз ноф то пойини зону пӯшида бошад. Бинобар ин, агар ҷойи номбаршуда пӯшида бошад, намозгузорӣ дуруст ҳисобида мешавад. Диққат ба он бояд дод, ки ҳангоми саҷда, ё ҷунбиш кардан дар намоз, баъзе аз қисмати бадан мумкин кушода шавад ва шикастакорӣ, барҳам задан, қонуншиканӣ дар намоз хоҳад шуд. Барои ҳамин, беҳтар он аст, ки шалвор, шиму пироҳан, куртаи дароз бояд пӯшид то, ки миёну зонуҳо кушода нашаванд ва чунин аст иҷрои одоб (этика)-и мусалмон. Инсони равон сӯйи Раҳбари ҳастӣ буда, набояд иҷоза диҳад, ки бо чунин андоми номуносиб, яъне либоси кӯтоҳ бошад. Дар намоз мо пеши Парвардигор ва Ҳокими роҳбарони ҷаҳон истодаем, ки дар ин замони муборак бояд дар тан беҳтарин, зеботарин либос дошта бошем. “Ихтиёр ли таҳлили мухтор”.

Чунин савол дорам, ки зан метавонад дар роҳи суфиён рафта, пайрав (мурид)-и тариқати нақшбандия гардад?

Донишмандони бузурги Ислом, ба монанди имом Ғаззолӣ (Абу Ҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад Ғаззолии Тусӣ) ва дигарон менависанд, ки илми ирфон воҷиб аст бар ҳар касе, ки дили холис аз бемориҳои маънавӣ надорад. Онҳо (бузургони донишманд) навиштаанд, ки танҳо паёмбарон аз гуноҳу бемориҳои руҳиву маънавӣ пуштибонӣ (муҳофиз) шуда, дар нигаҳдошт (амонат)-и Ӯ ҳастанд. Касалии маънавӣ сифати хеле бад дошта, дар он монанди ғурур, нафрат, тангчашмӣ (ҳасадбарӣ), хасисӣ, худнамойӣ дида мешавад. Дар асоси ин гуфтаҳо бармеояд, ки омӯзиши илми тасаввуф бар марду зан ҳатмист.

Агар либоси бадан расм, ё навиштае дошта бошад, пӯшидану намозгузорӣ дуруст аст?

Дар намозгузорӣ пушидани либосе, ки мову атрофиёнро аз намоз дур, ё парешон мекунад, раво нест. “Мароқ ал-Фалоҳ”.

Агар касе заҳр хурда, ё худро ба дор кашида худкушӣ карда бошад, лозим аст, ки ӯро бишӯянд ва намози ҷаноза хонанд?

Донишмандони мазҳаби ҳанафӣ гуфтаанд, ки: “Барои худкуштагон намози ҷаноза хонда намешавад”. Худкуштагон, нобовар ба дин, бединон баробар карда шудаанд. Бо вуҷуди ин, баъзе аз донишмандони баъдӣ, яъне замони охир, иҷозат медиҳанд, ки ҷанозаи намози худкушта ба хотири наангехтани фитна байни одоман гузаронида, ба хок супорида шавад. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд кард, ки худкушӣ гуноҳест хеле вазнин. “Радд ул-Мухтор”.

Шумор (ҳисоб)-карда мешаванд саҷдаҳои намозе, ки бо кулоҳи пешонӣ пӯшида бошад?

Бале, чунин саҷдагузорӣ муътабар шуморида хоҳад шуд. Мисоли дигар, агар ҳангоми саҷдагузорӣ салаи пешони баста ба замин расад, намозгузорӣ дуруст шуморида мешавад. “Мароқ ал-Фалоҳ”.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...