Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Дар бораи фазилати моҳи Шаъбон чизе мегуфтед?

Шаъбон моҳи ҳаштумини соли ҳиҷрии қамарист. Ин моҳ дорои баракот ва фазоили бешуморе аст. Дар ҳадисе омадааст, ки Расули акрам ﷺ бо дидани ин моҳ, ин дуоро мехонданд: «Аллоҳумма борик лано фӣ Раҷаба ва Шаъбона ва баллиғно Рамазон». Яъне: Парваридгоро, моҳи Раҷаб ва Шаъбонро барои мо муборак гардон ва ба саломатӣ моро ба Рамазон бирасон.

Шаъбон ба маънои шох дар шох шудан аст. Ҳазрати Анас мегўяд: Сабаби ин ки ин моҳ ба Шаъбон номгузорӣ шуд, ин аст, ки дар ин моҳ, некиҳои рўзадор ҳамчун шохҳо афзоиш меёбад ва рушд мекунад. Модарамон ҳазрати Оишаи Сиддиқа мефармоянд: «Ҳеҷ моҳе ҳамчун Шаъбон (ба ҷуз Рамазон) мушоҳида надидаам, ки Паёмбар ﷺ дар он ин қадар ба касрат рўза бигирад. Он Ҳазрат ﷺ бисёр меписандиданд, ки айёми Шаъбон рўза дошта ба Рамазон мулҳақ намоянд». (Муслим).

Ҳазрати Усома мегўяд: Эй Расули Худо ﷺ, Шуморо мушоҳида мекунам, ки дар моҳи Шаъбон бисёр рўза мегиред, сабабаш чист? Расули акрам ﷺ гуфтанд: Ин моҳ, чунон моҳе аст, ки дар миёни Раҷаб ва Рамазон қарор дорад, мардум аз фазилат ва аҳамияташ ғофиланд. Дар ин моҳ аъмоли бандагон ба боргоҳи Парвардигор арза карда мешавад. Ман орзу дорам, ки ба ҳангоми арза шудани аъмолам аз шумори рўзадорон бошам. (Сунани Насоӣ).

Рўза гирифтан дар ин моҳ, ба манзалаи хондани намозҳои суннати қабл аз намози фарз мебошад. Фоидаи суннатҳо ин аст, ки бо хондани он қалби инсон ба сўи намози фарз комилан мутаваҷҷеҳ мешавад. Ба ин гуна бо рўза гирифтан дар Шаъбон нисбати унс ва тааллуқи қалбӣ бо рўзаи Рамазон ҳосил мегардад.

Амр ибни Қайс ал-Муллоӣ аз ҳофизони машҳури Қуръон ҳамин ки моҳи Шаъбон медаромад, дуконашро баста ба қироати Қуръон саргарм мешуд.

Дар моҳи Шаъбон шаби олиқадре бо номи «Барот» мавҷуд аст, ки миёни рўзҳои 14-15-уми ин моҳ меояд. Барот маънои тамоман дур ё ҷудо шуданро дорад. Ин шаб вақти покшавӣ аз гуноҳҳо аст. Аллоҳ таъоло гуноҳи он муъминеро, ки дар ин шаб тавба ва ё дуо мекунанд, мебахшад.

Дар ҳадисҳо гуфта мешавад, ки дар ин шаб ба ғайр аз гуноҳи ҳасудон ҷодугарон, майхорагон, қатъкунандагони силаи раҳм, оқи волидайн, мутакаббирон ва фитнагарон, дигар гуноҳи ҳамаи мусалмонон бахшида мешавад. (Ривояти Аҳмад). Бинобар ин тавсия мешавад, ки ин шабро бо ибодат ва ёди Аллоҳ таъоло рўз намудан хеле хуб аст.

Ба ин мақсад Пайғамбар ﷺ фармудаанд: «Дар шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон намоз гузоред, рўзона дар рўзи дигар рўза доред. Дар ин шаб то баромадани офтоб меҳрубонии Аллоҳ таъоло беандоза буда, Ў шахсони муҳтоҷро бенасиб намегардонад. Аллоҳ таъоло мефармояд: Оё ҳастанд онҳое, ки мағфирати гуноҳ металабанд? Ман онҳоро меғфират мекунам. Оё ҳастанд онҳое, ки сарват мехоҳанд? Ман ба онҳо сарват медиҳам. Оё ҳастанд бемороне, ки шифо мехоҳанд? Ман шифояшон медиҳам. Агар талаб дошта бошед, талаб кунед. Ман онро иҷро мекунам. (Ибни Моҷа)

Шаъбонро ҳамчунин моҳи дуову зикру ёду таваҷҷуҳ ва ибодату истиғфор гуфтаанд.

 

 

Дар аснои гузоридани намози фарз ба сурати танҳо каси дигаре ба ў иқтидо кунад ва танҳогузор бо дидани ин шахс такбирро баланд гуфта намозро ба сурати ҷамоат гузорад, оё ин намози онҳо ҳамчун намози ҷамоат ҳисоб мешавад ва дар он кароҳате пайдо намешавад? Оё дар ин ҳолат тартиби намоз риоя мешавад, агар шахси танҳогузор як ё ду ракъатро танҳо гузорида бошад?

Дар аснои гузоридани намози фарз ба сурати танҳо иқтидо кардани шахси дигаре ба ў дуруст аст ва ҳеҷ кароҳате надорад, агарчи танҳогузор бештари намозро гузорида бошад. Дар ин ҳолат шахси аввал такбирҳоро бо садои баланд мегўяд ва агар намози ҷаҳрӣ бошад, дар ракъати якуму дуюм бо садои баланд қироат мекунад, на дар сеюму чорум. Пас аз саломи имом муқтадӣ чанд ракъатеро, ки дарнаёфта бошад, бархоста мегузорад. Ба ин тартиб ҳар ду савоби намози ҷамоатро ҳосил мекунанд. (”Хошияти Тахтави”)

 

 

Дар ороишоти тиллоии занон закот воҷиб аст ё на?

Заноне, ки ба андозаи 85 гр ороишоти тиллоӣ ё 600 гр ороишоти нуқрагин дошта бошанд, дар он закот воҷиб мегардад. Аз зеварҳои тиллоӣ 2,125 гр тилло ва аз зеварҳои нуқрагин 15 гр нуқра ё қимати онро пардохт мекунанд. (”Баҳру роҳиқ”)

 

 

Баъд аз зангирӣ зино карда чӣ ҳукм дорад? Оё никоҳ бурида мешавад?

Зино гуноҳи кабира аст, ки сабаби бебаракатӣ дар хонадон мешавад, аммо ба сабаби зино кардан никоҳ аз байн намеравад ва талоқ воқеъ намешавад. Аз ин амали қабеҳ тавба бояд кард ва аз Худованд истиғфор бояд хост. (“Любоб”)

 

 

Саҷдаи саҳв чист?

Саҷдаи саҳв он аст, ки дар охири намоз анҷом дода мешавад. Агар намозгузор дар аснои намоз яке аз воҷиботи намозро тарк кард, бар ў саҷдаи саҳв воҷиб мегардад. Ҳангоме ки саҷдаи саҳв воҷиб мешавад, баъд аз хондани «Аттаҳийёт» ба ду тараф салом дода, «Аллоҳу Акбар» мегўяд ва паси ҳам ду саҷда анҷом медиҳад. Баъд аз саҷдаи дувум «Аттаҳийёт», «Салавот» ва дуоро хонда салом медиҳад. Агар саҷдаи саҳв бар имом воҷиб шуда бошад, танҳо ба тарафи рост салом дода, баъд саҷдаи саҳвро анҷом медиҳад. Саҷдаи саҳв ба сабаби яке аз панҷ иллати зайл воҷиб мегардад:

  1. Ба тақдими фарз, мисли рукуъ намудан пеш аз қироат;
  2. Ба таъхири фарз, монанди таъхир намудани ракъати сеюм ба сабаби илова кардан бар «ташаҳҳуд»;
  3. Ба такрор намудани фарз, монанди ду бор рукуъ кардан;
  4. Ба тағйир додани воҷибе, монанди баланд хондан дар намозе, ки бо овози паст хонда мешавад ва ё баръакс;
  5. Ба тарк намудани воҷибе, монанди тарк намудани қаъдаи аввал.

Дар сурати тарк шудани яке аз фарзҳои намоз саҷдаи саҳв кифоят намекунад, балки аз сар гузоридани намоз лозим мегардад. Дар сурати тарки яке аз суннатҳои намоз саҷдаи саҳв лозим намешавад. (“Ихтиёр”)

 

 

Бо азоне, ки аз телефон шунидааст, намоз гузоридан дуруст аст?

Дуруст нест, зеро уламо овози азон ва Қуръонро, ки аз телефон ва дигар таҷҳизоти савтӣ шунида мешавад, ба акси садо қиёс кардаанд ва он ҳукми азони ҳақиқиро надорад. Аз ин ҷиҳат бо шунидани азон аз телефон суннати азон ба ҷо намеояд, бояд азон гуфта шавад. (”Фиқҳи муяссар”)

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...