Саволу ҷавоб
Саволу ҷавоб
Ман ба ҳамсарам гуфтам, ки «эътиборан аз ҳамин лаҳза, агар як бори дигар ба хонаи ҳамсоя меравӣ, се талоқ мешавӣ». Ман пушаймонам ва чӣ кор бояд кунам?
Дар ин сурати мазкур лафзи «мешавӣ» замони оянда аст ва он ваъдаи талоқ аст, на иншо (ба вуҷуд овардан)-и талоқ, аз ин рў, бо ин лафз талоқ воқеъ намешавад. «Лубоб»
Бо шавҳарам як сол зиндагӣ кардам. Рӯзе сари қаҳр ба ман 100 талоқ дод. Ман ба хонаи модарам рафтам. Ҳоло пушаймон шуда бо телефон хоҳиш мекунад, ки аз нав зиндагӣ кунем, аммо ман намехоҳам. Домулло, 100 талоқ чанд талоқ аст?
Се талоқ аст. Вақте одам аз се талоқ зиёд талоқ дод, вай се талоқ аст. Дигар хоҳари азиз, шумо бо он мард зиндагӣ карда наметавонед. «Дурарул Мухтор»
Падарам бемори дил ва фишор асту аз ин сабаб аз ӯҳдаи хондани намоз намебарояд. Оё ин гуноҳи падарро Худо мебахшад?
Худо падари шуморо шифои комилу шифои оҷил диҳад. То вақте ки одам ҷон дар бадан дорад, нишаста, натавонад ба ишораи сар намозашро хонад. Агар ба ҳамин ҳолатҳо ҳам намозашро нахонад, вай дар пешгоҳи Худо гунаҳкор аст ва агар дар ҳолати маризи бо ишораи сар намоз хонда натавонанд дар ҳами ҳолат намоз таъхир карда мешавад. «Марокил Фалоҳ»
Агар ман нияти ба ҳаҷ рафтан дошта бошам, оё ҷоиз аст, ки барои зиёрати хонаи Худо равам, на ин ки ҳаҷи фарзӣ?
Ҳаҷ фаризаи илоҳӣ аст ва дар мавсими муайян бо шароити хоссе баргузор мегардад.
Умра суннат аст ва дар давоми сол анҷом дода мешавад. Агар шумо нияти ҳаҷ карда бошед, бояд онро дар мавсимаш ба ҷо биёред, вагарна фаризаи ҳаҷ аз шумо соқит намешавад.
Барои огоҳ шудан аз масоили ҳаҷ шумо китобҳои таълифшуда дар ин мавзуъро мутолиа кунед. Худованд ба шумо адои ин ибодати бузургро насиб гардонад. Шумо метавонед дар давоми сол ғайр аз мавсими хадж ба нияти умра равед ва зиёрати хонаи Худоро анҷом диҳед. «Дурарул Мухтор»
Падару модар ҳар ду азизанд, вале мехоҳам донам, ки болои фарзанд ҳақи модар зиёдтар аст ё ҳақи падар?
Вақте ин суолро ба Пайғамбар ﷺ медиҳанд, эшон се маротиба номи модарро мегиранд ва баъдан номи падарро. Ин ишора ба он аст, ки эҳтироми модар бештар аст. Вале, бародари азиз, дар дини Ислом мартабаи падару модар ниҳоят баланд аст ва падар низ дар назди фарзандон мартабаву эътибор дорад. Беҳуда намегӯянд, ки “падар розӣ, Худо розӣ”. Бинобар ин, эҳтироми падару модарро ба ҷой оред, Худованд подоши онро ба шумо хоҳад дод.
Расули Акрам ﷺ доир ба ҳамин мавзӯъ чунин фармудан: «Хушнудии Худованд дар хушнудии падару модар аст ва хашми Худованд дар хашми падару модар» (Ҷомеъу-с-сағир).
Агар дар хоби шаб шавҳар се талоқ диҳад, он равост?
Не, агар дар хоб талоқ дод ё дар ҳолати девонагӣ талоқ воқеъ намешавад. «Дурарул Мухтор»
Дугонаам шавҳар кардааст. Бе шоҳид аз тарафи духтар. Бачае, ки никоҳ хондааст ва шоҳидо овози духтарро нашунидаанд. Оё зиндагии онҳо дуруст аст?
Не, зиндагии онҳо ҳаром аст. Садои духтар ё мардро дар никоҳ шунидан шарт аст. (Суханҳои «бахшидан ва қабул кардан»-ро). Агар шоҳидон набошанд овози духтару писар шунида шавад ҳам, зиндагии онҳо ҳаром аст. «Дурарул Мухтор»
Баъди намози хуфтанро хондан кас хоб рафта субҳ намози бомдодро бо таҳорати дасту рӯ хонад мумкин аст?
Мумкин аст, агар ба шарте ки ба ҳоҷатхона наравад. Таҳорат карда хуфтанро хонда хоб кард, саҳар ки хест вориди қазои ҳоҷат намешавад. Дар ин ҳолат метавонад, ки бо таҳорати дасту рӯ намози бомдодро хонад. Боке надорад. «Мухтасарул Викоя»
Оё баъди дар маҳфили арӯсӣ ва ғайри он ширкат кардан дуъо карда мешавад ё не?
Дар ривояти Имом Муслим ва дигарон баъди хурдани таъом Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳақи соҳибони он таъом ин дуъоро хондаанд: ”Аллоҳум-мағфир лаҳум варҳамҳум ва борик лаҳум фимо разақтаҳум.”
Дар дигар ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Аҳмад ва дигарон чунин дуъо кардааст: “Акала таъомакумулаброр ва саллат алайкумулмалоикаҳ ва афтара индакумуссоимун.”
Аммо дар туйҳо ва хос барои шаҳу арус Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин дуъоҳоро хондааст:
1-”Боракаллоҳу лак.”, ҳамчуноне дар ривояти Имом Бухорӣ ва дигарон омадааст.
2-“Аллоҳумма борик фиҳимо ва борик лаҳумо фи биноиҳимо.”, ин дуо дар ҳадис ба санади саҳеҳ дар ривояти Ибни Саъд ва Табаронӣ омадааст.
3-”Боракаллоҳу лак, ва боракаллоҳу алайк ва ҷамаъа байнакумо алалхайр.”, ин дуо дар ҳадисро Имом Тирмизӣ ва дигарон бо санади саҳеҳ ривоят кардаанд. «Издивоҷ»