Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Агар зан ба фарзандаш “бар падарат лаънат” гўяд, гуноҳ мегирад?

  Сабаби чунин алфозро гуфтани зан надонистани мақому ҷойгоҳи шавҳар аст, зан ба сабаби лаънат гуфтан ба шавҳараш гунаҳгору осӣ мешавад.

Барои ҳалли ин мушкил хуб мешуд, ки китобҳои дар бораи масоили хонавода ба табъ расидаро дастрас намоед, умед аст, ки он хоҳар пас аз мутолиа ба хулосаи зарурӣ меояд. Фақат аз роҳи насиҳат кор гиред, иншоаллоҳ ислоҳ мешавад. Ҳоло фақат ҳамин қадар мегӯем, ки “падарлаънат” гуфтани зан фарзандашро мукин нест.

 

Ману шавҳарам соҳиби як фарзанд ҳастем, вале якуним сол боз ҷудо зиндагӣ мекунем. Муносибатамон бо шавҳарам миёна аст, вале ӯ ихтиёран ҷойгаҳи хобашро ҷудо кард. Оё никоҳи мо вайрон шудааст?

Аслан, агар аз забони мард калимаи талоқ набаромада бошад, никоҳи шумо вайрон нашудааст. («Лубоб»)

 

Пештар калонсолон духтарҳо ва ҷавонзанҳоро ҳамеша насиҳат карда мегуфтанд, ки номи шавҳарро гирифтан гуноҳи бузург аст. Ин гуфтаҳои кампиракон ягон асос доранд ё не? Номи шавҳарро гирифтан аз нигоҳи дини мубини ислом гуноҳ аст?

Номи шавҳарро гирифтани зан аз нигоҳи шариат манъ нест, вале агар сабаби озурда шудани хотири шавҳар гардад, беҳтар аст, ки ӯро ба номаш садо накунад. Аслан, ин вобаста ба урфу одати ҳар минтақа аст.

 

Раисамон ба ман тухм медиҳад, ки ба 40 рубл фурӯшам. Агар ман 41 рубл фурӯшам, корам аз назари шариат дуруст аст? 

Маслиҳатро бояд бо раисатон кунед. Агар коратон шарикӣ бошад, бояд ба ӯ хабар диҳед, ки тухмро 41 рубл мефурӯшаму 40 рубл ба ту таслим мекунам. Раисро, ки огоҳ кардед, ин кор ҳалол мешавад. 42 рубл ҳам, ки фурӯшӣ, роҳбар бояд огоҳ бошад. Агар бе огоҳӣ тухмҳоро 41 рубл фурӯшеду 1 рубл фоида бигиред ва боз ба 40 рубл, ки раис муайян кардааст, шарик шавед, ин коратон хайр надорад ва шумо гунаҳгор мешавед. («Ибни Обидин»)

 

Падару модар ҳар ду азизанд, вале мехоҳам донам, ки аз нигоҳи дини мубини ислом болои фарзанд ҳақи модар зиёдтар аст ё ҳақи падар?

Вақте ин суолро ба Пайғамбар ﷺ медиҳанд, эшон се маротиба номи модарро мегиранд ва баъдан номи падарро. Ин ишора ба он аст, ки эҳтироми модар бештар аст. Вале, бародари азиз, дар дини Ислом мартабаи падару модар ниҳоят баланд аст ва падар низ дар назди фарзандон мартабаву эътибор дорад. Беҳуда намегӯянд, ки “падар розӣ, Худо розӣ”. Бинобар ин, эҳтироми падару модарро ба ҷой оред, Худованд подоши онро ба шумо хоҳад дод.

 

Имрӯз истифодаи вазелин хеле маъмул аст, вале баъзеҳо мегӯянд, ки ин равған ҳаром буда, набояд истифода шавад. Ин гуна калимаҳо асос дорад?

Вазелинро аслан барои хушк нашудани пӯст истифода мебаранд ва табибон онро муфид медонанд. Бинобар ин, молидани он ба дасту пой ҳеҷ монеае надорад. Фақат қабл аз харидорӣ ва истифодаи вазелин тамғаи онро аз назар гузаронед. Мабодо дар таркиби он ягон моддаи ҳаром вуҷуд дошта бошад  ва аз молидани он худдорӣ намоед, агар чизе набошад, истифодааш ҷоиз аст. Бисёр вақт дар маҳлулҳо аз маводҳои ҳаром истифода мекунанд, бинобар ин, эҳтиёткор бошед.  («Фиқҳи ислом»)

 

Солҳои охир шумораи лӯлизанҳое, ки дар дасташон халта ба ҷамъ кардани мӯйи сари занҳо машғуланд ва бар ивазаш ашёи рӯзгор медиҳанд, зиёд ба чашм мерасанд. Оё ин амал ҷоиз аст?

Аз нигоҳи дини мубини Ислом фурӯхтани мӯйи сар, нохун ва ё дигар узвҳо манъ, ботил ва ҳаром аст. («Фиқҳи ислом»)

 

 

Агар одам дар моҳи Рамазон се рӯз бе узр рӯзаашро хӯрад, ҳатман 6 моҳ рӯзаи кафорат гирифтанаш лозим меояд?

Имоми Шурунбулали дар китоби «Мароқи фалоҳ» чунин овардааст: «Агар дар як Рамазон рӯзаи чандрӯзаро фосид кунад, дар сурате, ки барои рӯзи аввал ё дуюм кафорат надода бошад, барои ҳамаи рӯзҳо як кафорат кофист. Агар кафорат аз ду Рамазон лозим бошад, кафорати ҳар Рамазонро ҷудогона мепардозед».

Ба саволатон ҷавоб чунин аст, ки шахси чанд рӯзи Рамазонро хӯрда, бояд пайи ҳам ду моҳ рӯза дорад агар имконият надошта бошад, 60 мискинро таъом диҳад. Ин кафорат аст. Илова бар ин, бояд 3 рӯз рӯзаи қазоӣ дорад. («Мароқи фалоҳ»)

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...