Саволу ҷавоб
Саволу ҷавоб
Оё пас аз таваллуд шудани фарзанд харидани гаҳвора бар дўши волидони зан шарт аст?
То ба балоғат расидани фарзанд таъмини хўроку пўшок, ҷойи зист ва дигар заруриёти зиндагӣ, инчунин табобати ў бар зиммаи падари фарзанд воҷиб аст, зеро Худованд дар ояти 233-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Ин ҳукм барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро тамом кунад; ва хўроку пўшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар (уҳдаи) падар аст”. Аз ин ҷиҳат харидани гаҳвораи тифл бар зиммаи падари кўдак аст. «Фикхи ханафи»
Кофир гуфтани мусулмон чӣ гуноҳ дорад?
Кофир гуфтани бародари мусулмон гуноҳи бузург аст ва шариат ин амалро манъ кардааст. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: “Ҳар гоҳ шахсе ба бародараш “Эй кофир!” бигўяд, ҳамин калима ба яке аз онҳо бозмегардад. Агар чунонки гуфта буд, ҳамон тавр бошад, вагарна куфр ба худи гўянда бармегардад”. (Муттафақун алайҳ)
Суоли ман чунин аст, агар вақте ки бо зани никохии худ шухиву бозӣ мекунӣ аз мардонаги оби манӣ меояд дар ин ҳол бояд ғусл кунӣ ё не?
Агар манӣ бошад, ғусл воҷиб мегардад, вале мазӣ бошад, яъне оби тунуке, ки дар вақти бозӣ кардани мард бо занаш хориҷ мешавад, дар ин ҳолат ғусл воҷиб намешавад, танҳо таҳорат кунад, кифоя мегардад. «Мароки Фалох»
Вақте, ки шавҳар аз рўзаи нафлӣ доштани ҳамсараш хабар надошта бошад, вақте хостори ҷимоъ шуд, дар ин ҳолат оё ҳаққи шикастани рўзаи занро дорад ва ё аз тарафи дигар, дар ин ҳолат зан ҳаққи рад кардан ба хостори шавҳарашро дорад ё не?
Дар ин сурат зан бояд ягон маълумот дар бораи рўзаи нафлияш нагўяд ва хоҳиши шавҳарашро иҷро кунад. Ҳаққи рад карданро надорад.
Дар ҳолати аз дил гузаронидани номи талоқ оё талоқ воқеъ мешавад?
Талоқ фақат бо талаффуз воқеъ мешавад, аз дил гузаронидани он эътибор надорад. «Любоб»
Хондани сураи Ёсин дар қабристон дар ҳаққи падар иҷозат аст ё не?
Хондани сураи “Ёсин”, ё дигар сураҳои Қуръони карим дар болои қабр ҷоиз аст. Зеро Расули Худо ﷺ фармуданд: “Сураи Ёсинро барои мурдагонатон қироат намоед”.
Агар фарзанд бе иҷозати падару модараш бо зане, ки нав аз оилааш ҷудо шудааст, никоҳ кунад, дуруст аст ё нодуруст?
Агар иддаи талоқи он зан сипарӣ ношуда никоҳ карда бошанд, пас ин никоҳашон фосид ва беэътибор аст. Агар пас аз гузаштани идда никоҳ карда бошанд, никоҳ дуруст аст, вале чун падару модар аз он никоҳ розӣ набошанд, зиндагиашон бебаракат хоҳад шуд. «Ихтиёр»
Оё зане, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, нафақааш бар зиммаи кист?
Нафақаи ў бар зиммаи касоне мебошад, ки дар Қуръон баён шудааст. Худованд дар ояти 215-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Аз ту суол мекунанд: «Чӣ (навъи харҷ кардан) харҷ кунанд?» Бигў: «Он чӣ аз мол харҷ мекунед, пас, бояд барои падару модар ва хешовандон ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва ба дурустӣ ки Худо ба он чи аз некӣ мекунед Доно аст”. Тибқи таълимоти Ислом бенафақа гузоштани занон дуруст нест. Нафақаи духтарон то вақти издивоҷ бар зиммаи падар ва пас аз издивоҷ дар зиммаи шавҳар аст. Агар шавҳар надошта бошад, пас нафақаи ў дар зиммаи падар аст, агар падар надошт, дар зиммаи бародарон аст. Агар инҳо имконияти молӣ дошта бошанд, вале ўро бе нафақа гузоранд, ҳама дар пеши Худованд гунаҳгор мешаванд. «Лубоб»
Оё обе ки ғусл ё таҳорат карда мешавад? Агар дастонатро ношуста дар ҳолати эҳтиломӣ будан бо дастат дар об бизанӣ барои ҳарорати обро дидан ягон боке надорад ё обро иваз кардан даркор?
Дар дасташ наҷосат набошад боке надорад.
Оё дандони “имплант” мондан ҷоиз аст ё на?
Нигоҳ доштани ҳаёти инсон ва дур кардани зарарҳое, ки ба ҳаёти ў осеб мерасонанд, яке аз ҳадафҳои асосии дин мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат ҳамаи уламои мазҳаб дар ҳолати зарурат гузоштани дандони тилло ё нуқраро барои саломатии инсон ҷоиз медонанд. «Фикхи ханафи»
Ҳангоми дар фотиҳа будани номзад ҷавон ба ў гўяд, ки “ту ба ман се талоқ”, оё талоқ воқеъ мешавад?
Дар ин ҳолат чизе воқеъ намешавад, зеро байни онҳо ҳанўз никоҳ вуҷуд надорад. «Любоб»
Рўза гирифтан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе чӣ маъно ва ҳикмате дорад ва дар бораи тарзи нияти он ба мо маълумот медодед?
Рўза доштан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе мустаҳаб ва боиси аҷру савоб аст, зеро Расули Худо ﷺ дар ин рўзҳо рўза медоштанд. Аз Абўҳурайра ривоят аст, ки Расулуллоҳ ﷺ фармудаанд: «Дар рўзи душанбе ва панҷшанбе аъмоли бандагон ба боргоҳи Илоҳӣ пешниҳод карда мешаванд ва ман дўст медорам, ки аъмоли ман дар ҳоле пешниҳод шавад, ки рўзадор бошам». (Тирмизӣ).
Рўзаҳои нафлӣ бисёр аст ва ҳар яке фазилати ба худ хос дорад. Аз ҷумла рўза гирифтан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе, инчунин рўзаи рўзи Арафа (9-уми Зулҳиҷҷа) ва Ошўро (10-уми Муҳаррам) савоб ва аҷри бештар дорад. Дар ҳолати рўзаи нафл доштан ҳам то дамидани субҳи содиқ тановул кардан суннат аст. Тариқи нияти рўзаи нафл чунин аст: Ният кардам рўзаи нафл дорам аз субҳи содиқ то намози шом. «Мароки Фалох»
Шахсе издивоҷ кунад ва ҳамсараш бокира набошад, бо вуҷуди ин, ба хотири Аллоҳ ўро бибахшад ва зиндагӣ кунад, оё ин гуна шахс даюс ҳисобида
мешавад?
Агар ин шахс ҳамсарашро барои Худо бахшида бошад, иншоаллоҳ савоб мегирад ва даюс намешавад.
Оё зани талоқшуда идда дорад ва муддати он чӣ қадар аст?
Агар зане аз шавҳараш лафзи “талоқ” шунавад ё лафзе, ки ба талоқ далолат кунад ва пас аз пурсидани аҳли илм донад, ки дар ҳақиқат талоқ воқеъ шудааст, аз ҳамин замон муддати иддаи ў оғоз мешавад. Муддати идда ба ҳолати занон вобаста аст. Агар зан ҳайзбин бошад, иддааш пас аз талоқ се ҳайзи комил аст. Агар зани ҳомила бошад, пас аз таваллуд иддааш тамом мешавад. Агар зане бошад, ки аз сабаби хурдсолӣ ё калонсолӣ ва ё беморӣ ҳайз намебинад, иддааш се моҳ аст. «Дурар ул-Хукком»