Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Ман чанд бор шоҳид шудам, ки марди бегона ба хонаи ҳамсояи ман меояд. Ман дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунам? Оё ба шавҳари вай хабар диҳам?

Ин масъала бисёр нозук аст. Шумо аввал кӯшиш кунед, ки ба ин зан ғалат будани рафтору амалашро фаҳмонед. Агар ӯ ба насиҳати шумо гӯш диҳад ва аз амали гуноҳомезаш даст кашад, айби ӯро пинҳон кунед. Пинҳон кардани гуноҳи нафаре дар сурати тавба карданаш савоб аст. Вале агар ӯ (бар анҷом додани гуноҳ) исрор варзад ва ба ӯ насиҳат кунанд, вале ӯ тавба накунад, пас дар ин ҳолат, ба шавҳараш хабар бидиҳед, то бистари ӯ фосид нашавад.

 

 

 

Намози ҷумъа ба киҳо фарз аст ва чӣ фазилатҳо дорад?

Намози ҷумъа яке аз намозҳои фариза аст, ки дар рўзи ҷумъа ба ҷои намози пешин баргузор карда мешавад. Намози ҷумъа ба ҳар касе, ки дорои шароити зерин бошад, фарзи айн аст: Болиғ, мард, озод, тандуруст, бино ва муқими шаҳр бошад. Намози ҷумъа барои ноболиғ, зан, ғулом, мариз, нобино ва мусофир фарз нест, вале бо вуҷуди ин, агар афроди мазкур ҳозир шаванд ва якҷоя бо мардум намози ҷумъаро адо намояд, ин намозашон ба ҷойи фарзи пешин ҷойгузин хоҳад шуд.

Рўзи ҷумъа ду бор азон гуфта мешавад. Бо азони аввал мардум хариду фурўш ва дигар корҳои дунявии хешро раҳо сохта, сўйи масҷид мешитобанд. Қабл аз хутба чаҳор ракъат суннат гузорида мешавад, сипас имом болои минбар баромада, рў ба ҷамоат қарор мегирад ва азони дувум гуфта мешавад. Баъд аз он имом ду хутба мехонад ва дар миёни он андаке менишинанд. Вақте ки имом хутбаи дувумро ба поён расонд, ду ракъат намози ҷумъаро бо мардум адо мекунад. Пас аз адои фарзи ҷумъа чаҳор ракъат суннати дигар гузорида мешавад. Дар охир имом бо мардум якҷоя дуо мекунанд. «Дурарул Хуккам»

 

 

 

Фаҳмидан мехостам, ки кӯдаки норасид таваллудшударо бояд аввал ном гузошта, баъд ба хок супоранд ё бе ном ҳам гӯрондан ҷоиз аст?

Кӯдаке, ки мурда ба дунё меояд, бояд аввал ӯро ном ниҳода, баъд аз он ғусл намуда, сипас ба хок супоранд. Ном гузоштан барои падару модараш хотирмон мешавад. Тифл зинда ба дунё омада бошад, ӯро ном ниҳода, баъд аз он ғусл намуда ва намози ҷаноза хонда, сипас ба хок месупоранд, вале мурда таваллуд шуда бошад, намози ҷаноза намехонанд. Аз дидгоҳи ислом танҳо он афродеро ҷаноза кардан ҷоиз аст, ки аз ҳаёт баҳра бурдаанд. «Марокил Фалох»

 

 

 

Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳангоми қиёмат ҷисми одам зинда мешавад, гурӯҳи дигар ин андешаро рад намуда мегӯянд, ки руҳаш пурсида хоҳад шуд. Фаҳмидан мехостам, ки кадоме аз ин андешаҳо дуруст аст?

Фардои қиёмат ҳам руҳ ва ҳам ҷисми инсон зинда шуда, барои тамоми амалҳое, ки дар зиндагӣ содир кардааст, дар назди офаридгор ҷавоб медиҳад. «Фикхи Акбар»

 

 

 

Ман ҳомиладор ҳастаму хаму рост шудан бароям душворӣ мекунад. Махсусан ба саҷда рафтан бароям хеле сахт аст. Медонам, ки занҳои ҳомила ва кӯдаки ширмак дошта аз гирифтани рӯзаи моҳи шарифи рамазон озоданд, вале дар масъалаи намоз ягон сабукӣ дода шудааст ё не?

Дар ҳақиқат занҳои ҳомила ва тифли ширмак дошта аз гирифтани рӯзаи моҳи шарифи рамазон озод карда мешаванд, вале баъдан бояд рӯзаи қазоӣ доранд. Дар масъалаи намоз бошад, чунин гузашт вуҷуд надорад. Одами мусалмон бояд то дами марг дар фикри Офаридгор бошад ва саҷдаву ибодати парвардигорро тарк насозад. Албатта “қудрат ба тавоноӣ” гуфтаанд, агар саҷда рафтан бароятон мушкил бошад, метавонед бо ишораи сар, яъне сарро каме пасттар карда, бо ишорат саҷда кунед ва намозатонро идома диҳед. Худованд ибодатро мувофиқи қувват ва тавоноии ҳар як бандааш фармудааст. Ҳар як инсон, аз ҷумла занҳои ҳомила низ бояд ба қадри тавоноии худ Худоро парастиш намоянд. «Ихтиёр»

 

 

 

Закоти моламро ба дигар шаҳр фиристам ҷоиз аст?

Закот танҳо ба касе дода мешавад, ки мусулмон буданаш зоҳиран собит шуда бошад, зеро паёмбар ﷺ ба Муоз ибни Ҷабал ҳангоме, ки ӯро ба Яман фиристод, фармуд:

«Пас ба онҳо хабар бидеҳ, ки Аллоҳ бар онҳо садақаеро фарз кардааст, ки аз сарватмандонашон гирифта шуда, ба камбағалонашон дода мешавад».

Фақирону мискинон ҳар қадаре, ки парҳезгортару пуртоаттар бошанд, ҳамон қадар сазовортари закотанд.

Тибқи ҳадиси мазкур, асос дар закот ин аст, ки бояд он ба фақирони кишваре, ки мол дар онҷост, тақсим карда шавад. Бинобар ин, беҳтар аст, ки шумо закоти молатонро ба ҳамватанони мискини худ бидиҳед, авлотар аст. «Ихтиёр»

 

 

 

Ҷавону духтар ҳамдигарро дӯст доранд ва муддате бо ҳам вохӯрда, пасон издивоҷ намоянд, мулоқотҳои пеш аз тӯй ва никоҳ кардаашон гуноҳ ҳисоб мешавад ё не?

Агар мард бо нияти хонадоршавӣ ба зан ё духтаре хостгор фиристад, ҳақ дорад, ки қабл аз хондани хутбаи никоҳ як бор ӯро аз наздик бубинад ва ҳамроҳаш суҳбат кунад, то огоҳ шавад, ки арӯсшавандааш ягон айбу иллати ҷисмонӣ дорад ё не.

 Шариат ба хотири пойдории оила иҷозат медиҳад, ки як маротиба никоҳшавандагон бо ҳамдигар аз наздик суҳбат намоянд, вале на дар танҳоӣ, балки дар ҳузури шахсони наздик ва марҳам. Аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки як нафар хост бо Ансор издивоҷ намояд. Пайғамбар ﷺ фармуд, ки оё ӯро нигоҳ кардӣ? Гуфт, хайр. Фармуд, ки бирав ва ӯро нигоҳ кун, чун чашмҳои Ансор маъюб ҳастанд. Пайваста суҳбат кардан ва вохӯрдан аз нигоҳи шаръӣ мамнӯъ аст.

 

 

 

Агар дар вақти хондани намоз аз назди намозгузор ягон намуди ҳайвон ё кӯдаки хурдсол гузарад, намоз бурида мешавад?

Не, бо сабаби гузаштани чизе аз пеши намозгузор, намоз фосид намешавад. Агар инсони боақл қасдан ба пеши намозгузор гузарад, ҳамон шахс гунаҳкор мешавад, вале дар намозаш кароҳияте ба вуҷуд намеояд. «Мухтасар Кудури»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...