Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Лутфан дар бораи намози қаср ва масофаи сафар маълумоти муфассал медодед?

Вақте ки шахсе аз маҳалли зисташ азми сафар кунад ва масофа то макони мақсудаш 120 км роҳ бошад, намозҳоро қаср мегузорад. Агар дар аснои сафар намози чаҳорракъатие қазо шуд, онро низ ба сурати қаср, яъне ду ракъат ба ҷо меорад. Яъне дар ин ҳолат намозҳои чаҳорракъатии фарзро ду ракъат мегузорад, вале суннатҳоро пурра мехонад. Намози бомдод ва шомро низ пурра мехонад, зеро намози бомдод худ ду ракъат аст ва намози серакъатӣ қаср надорад. Агар шахси мусофир ният кунад, ки дар шаҳре ба муддати 15 рўз иқомат кунад, дигар ҳукми мусофириро надорад ва намозҳояшро комил адо менамояд. Аммо дар ҳолати камтар аз 15 рўз истодан дар он шаҳр намозро қаср мегузорад. («Мароки Фалох»)

 

 

 

Писарам фавтид. Оё модар метавонад ба зиёрати фарзандаш ба қабристон равад?

Хоҳари азиз, аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ рафтани занҳо ба қабристон ҷоиз аст, фақат бо риояи шароит, яъне ҳангоми ба қабристон рафтан аввалан аз шавҳараш иҷозат гирад, сатри шаръиро риоя карда, аз нолаву фиғону мўй кандан худдорӣ кунад. Албатта дар он ҷо фотиҳа хондан барои аҳли қабристон боиси аҷру савоб аст. («Фикхи ислом»)

 

 

 

Марде ба ҳамсари ҳомилааш “се талоқ” мегўяд ва бисёр пушаймон мешавад. Касе ба ў гуфтааст, ки агар занаш писардор шавад, талоқ ҳисоб намешавад, агар духтардор шавад, як талоқ мешавад. Ҳукми ин масъала чӣ гуна аст?

Бародари азиз, ҳомила будани зан ба талоқ ҳеҷ рабте надорад, агар мард ин лафзро гуфта бошад, албатта талоқ воқеъ мегардад, хоҳ ҳамсараш писар таваллуд кунад ё духтар. Бар ҳар ҳол, шумо барои посухи дуруст гирифтан ба имоми масчиди шумо муроҷиат кунед, зеро масъалаи талоқ шарҳу тафсил мехоҳад. («Любоб»)

 

 

 

Хўрдани об ё ғизое, ки ба он гурба даҳон зада бошад, ҷоиз аст ё на?

Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ пасхўрдаи гурба макрўҳ аст. («Нурул Изох»)

 

 

 

Зан қасам хўрдааст, ки «агар ба мошини шавҳарам савор шавам, ман ба ў се талоқ». Дар ин ҳолат оё талоқ воқеъ мешавад?

Бародари азиз, дар сурати мазкур талоқ воқеъ намешавад, зеро талоқ моли мард аст, на зан. Бинобар ин, зан метавонад ба мошини шавҳараш савор шавад ва дар никоҳи онҳо ҳеҷ халале ворид намешавад. («Чавхару Нейра»)

 

 

 

Лутфан бигўед, ки дар вақти ҳайз зан метавонад, ки сураи Қуръон гўш кунад?

Зан дар ҳолати ҳайз ё нифос Қуръон хонда наметавонад, аммо гўш кардани сураи Қуръон барои ў ишколе надорад. («Ихтиёр ли Таълили Мухтор»)

 

 

 

Дар байни оилаи зану шавҳар ҷанҷол рух дод, дар ҳоле ки зан дар хонаи модараш буд. Модари писар асабонӣ шуд ва писараш ин ҳолатро дида ба хотири ором шудани модар гуфт: “Намеравам ба сарашон, даркорам нест, на зан, на фарзанд”. Оё дар ин ҳолат талоқ воқеъ шудааст ё на?

Бародари азиз, дар сурати мазкур талоқ воқеъ нашудааст, зеро мақсади шавҳар ором кардани модар будааст, на талоқ додани ҳамсар. («Дурар-ул Хуккам»)

 

 

 

Аз асал чи гуна ушр ҳисоб карда мешавад?

Бародари азиз, ушри асал аз даҳ як ҳисоб карда мешавад. Масалан, дар даҳ киллограм асал як киллограм асал ушр воҷиб мешавад. («Любоб»)

 

 

 

Ҳангоми аз шаҳри Москва ба Волгоград сафари кўтоҳмуддат (як ё дурўза) доштан намоз бояд чигуна гузорида шавад? Қаср хондан зарур аст ё ки намозро бояд пурра гузорид?

Бародари азиз, вақте ки шахсе аз маҳалли зисташ азми сафар кунад ва масофа то макони мақсудаш 120 км роҳ бошад, намозҳоро қаср мегузорад. Агар дар аснои сафар намози чаҳорракъатие қазо шуд, онро низ ба сурати қаср, яъне ду ракъат ба ҷо меорад. («Хошияту Тахтови»)

 

 

 

Лутфан бигўед, ки гирди қабрро бо панҷара ё девор маҳкам кардан ҷоиз аст? Дар санги мазор ба ғайр аз исми мутаваффо чиҳоро навиштан мумкин аст (масалан “Бисмиллоҳ” ё номҳои Худованд)? Умуман гузоштани санг болои қабр дуруст аст?

Бародари азиз, дар ҳолати зарурат гирди қабрро бо панҷараи чўбин ё девор маҳкам кардан ҷоиз аст. Инчунин болои қабр гузоштани санг ҳамчун нишона машруъ аст. Агар эҳтиёҷ пайдо шавад, навиштани ному насаб ва санаи вафот дар санги қабр боке надорад, аммо навиштани “Бисмиллоҳ” ё номҳои Худованд дар санги қабр хуб нест, зеро эҳтимоли иҳонат нисбати он вуҷуд дорад. («Фикхи Ислом»)

 

 

 

Аз синни бисту панҷсолагиам хондани намозро оғоз кардам. Мехоҳам ҳамаи намозҳои қазокардаамро ба ҷо оварам. Намозҳои қазоиро чӣ тавр бояд гузорам?

Бародари азиз, равиши гузоридани намози қазоӣ монанди намози адоӣ аст, фарқ танҳо дар ин аст, ки “намози қазоӣ” гуфта ният мекунад. Агар шумо, ки намозҳои якрўзаи қазоии гузаштаро ба ҷо овардан хоҳед, барои аввали онҳо азону иқомат гўед ва дар намозҳои боқимонда фақат иқомат гуфтан кофӣ аст. Пас аз адои намози қазоӣ гуфтани тасбеҳот шарт нест, вале агар гўед, хуб аст ва савоб мегиред. Хондани намози қазоӣ дар ҳама вақт дуруст аст, ба ҷуз се вақт: вақти тулўъи офтоб, вақти рост шудани офтоб дар осмон ва дар вақти ғуруби он. Тариқи осони адои намозҳои қазоӣ ин аст, ки пас аз гузоридани ҳар як намози вақтӣ як ё чанд намози қазоиро ба ҷо оваред, иншоаллоҳ ҳамаи намозҳои қазоии худро адо хоҳед кард. («Мароки Фалох»)

 

 

 

Оё ақди никоҳ ба тариқи телефон дуруст аст?

Бародари азиз, ақди никоҳ тавассути телефон ҷоиз нест, зеро дар маросими никоҳ шарт аст, ки арўсу ҷавон бо шоҳидон дар як маҷлис ва як макон ҳузур дошта бошанд ва суханони якдигарро мустақиман ё ба воситаи вакил шунаванд. («Дурар-ул Мухтор»)

 

 

 

Рўзи зодрўзи ҳазрати Пайғамбар ﷺ дар кадом сана аст?

Бародари азиз, мавлуди мубораки ҳазрати Пайғамбар ﷺ рўзи 12-уми моҳи Рабиъулаввал, яъне пас аз даҳ моҳ фаро хоҳад расид.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...