САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Агар замони намозгузорӣ оби даҳонро фуру баред, намоз шикаста мешавад, ё не?

Мабодо агар дар намозгузорӣ оби даҳонро фуруъ баред, намоз шикаста намешавад. “Мароқ ил-Фалоҳ”.

Ҳамсояамон мегӯяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на?

Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “...Эй муъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед...”. (Сураи “Аҳзоб”, ояи 41) Инчунин дар ҷойи дигар фармудааст: “...Ва Парвардигори худро бисёр ёд кун ва ба шому бомдод [Ӯро] тасбеҳ гӯй...”. (Сураи “Оли Имрон”, ояти 41) Илова бар ин дар суннати Паёмбари акрам r низ тавсия ва дастуроти зиёде дар бораи зикру тасбеҳ ворид шуда, ки бар фазилати зикри бисёр гуфтан далолат доранд. Чунонки бо ангуштон зикр гуфтан дар суннат ворид шудааст, бо тасбеҳ зикр гуфтан ҳам дар суннат вуҷуд дорад ва онро бидъат пиндоштан фикри нодуруст аст. Яъне зикр гуфтан бо тасбеҳ, ё бо ангуштон дуруст аст. Бинобар ин, Шумо ба суханони ҳамсоя аҳамият надиҳед ва зикри Худоро бисёр гӯед, зеро дилҳо бо зикри Худо оромиш меёбанд. Худо таъоло бар ҳамаи мо кумак кунад барои бисёр зикр кардан.

Даромадани зан ба қабристон дуруст аст?

Рафтани зан ба қабристон ҷоиз аст, фақат бо риояи шароит, яъне ҳангоми ба қабристон рафтан аввалан аз шавҳараш иҷозат гирад, сатри шаръиро риоя карда, аз нолаву фиғону мӯй кандан худдорӣ кунад. Албатта дар он ҷо фотиҳа хондан барои аҳли қабристон боиси аҷру савоб аст.

Шахсе, ки Ҳазрати Пайғамбарро ﷺ дар хоб мебинад, чӣ хосият дорад?

Дидани Ҳазрати Пайғамбар ﷺ дар хоб нишонаи хайру офият аст. Ҳадисхои мавҷуд дорад ки Ҳабибӣи Худо ﷺ гуфтаанд: Ҳар касе маро дар хоб дидааст, дар воқеъ маро дидааст. Парвардигоро ҳамаи моро аз ин неъман бенасиб нагардонад.

Маънойи номи Ҷамолиддин чист?

Маънои номи Ҷамолиддин зинат ва зебоии дин мебошад.

Кӯдак мурда таваллуд шавад, чӣ тавр ӯро ба хок супорид?

Агар кӯдак бе ҷон аз бадани модар бароварда шавад, лозим аст, ки ба кафан печонда, номгузорӣ кард. Намози ҷаноза гузошта нашуда, ба хок месупоранд. “Имдод ул-Фаттоҳ”

Дар айёми ҷавонӣ гуноҳи бисёр кардаам ва ҳозир пушаймонӣ дорам, аз мурдан ва дар пешгоҳи Худо ҷавоб гуфтан метарсам. Чӣ кор кунам, ки Аллоҳ маро бубахшад?!

Бародари азиз! Худованд тавбапазиру меҳрубон аст, агар бандаи гунаҳгор аз самими қалб ва холисона ба сӯйи Ӯ бозгардад, албатта тавбаи ӯро мепазирад ва гуноҳонашро мебахшад.

Шахсоне ҳастанд, ки ба ҷин бовар надоранд. Назари шариат дар ин маврид чист?

Вуҷуди ҷин бо ояҳои қуръонӣ собит шудааст, аз ин рӯ, инкор кардани онҳо хилофи таълимоти шариат ва хориҷ шудан аз дин аст.

Нафаре гуфт, ки агар зан, ё ҷавонзане барои ҳамхобагӣ розӣ бошад, гуноҳ ҳисобида намешавад. Оё ин сухан дуруст аст?

Сухани он нафар дурӯғ, ғалати маҳз ва ифтиро аст, зеро ҳамхобагӣ бо зани бегона зино ва гуноҳи кабира буда, наҳсию бадбахтӣ дар пай дорад ва фарҷоми он расвойии дунёву охират аст. Худо ҳамаи моро аз зино нигоҳ дорад.

Замони гузориши намози бомдод дар хоби ғафлат мондан, суннат ва фарзи намози гузаштан (қазои) зарур аст?

Агар то нисфирӯзии ҳамон рӯз иҷро кунӣ, суннат ва фарз қазо гузошта мешавад. Агар баъди нисфирӯзӣ бошад, танҳо фарзи намози қазо гузошта мешавад. “Имдод ул-Фаттоҳ”

Дуои пеш аз хоб кадом аст?

Зикру дуои пеш аз хоб, ки аз Паёмбар ﷺ ривоят шуда, хеле зиёданд, аз ҷумла хондани “Оятул-Курсӣ” ва сураҳои “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”. Аз ҳазрати Оиша t ривоят шудааст, ки чун Паёмбар ﷺ ба бистари худ хоб мерафт, кафи дастони худро бо ҳам ҷамъ карда, дар онҳо сураҳои «Қул Ҳуваллоҳу Аҳад» ва «Қул аъузу биРабби-л-фалақ» ва «Қул аъузу биРабби-н-нос»-ро хонда, дастҳои худро ба сар ва қисмати пеши рӯйи худ ва баъд аз он ба тамоми бадани худ масҳ мекард ва ин амалро се бор такрор мекарданд. Инчунин аз ҳазрати Ҳузайфа ибни Ямон t ривоят шудааст, ки ҳар гоҳ Паёмбар ﷺ ба бистари хоб мерафтанд, ин дуоро мехонданд: «Бисмика амуту ва аҳё». Яъне, ба номат эй Худо мемираму зинда мешавам.

Дар бораи талоқ маълумот гирифтан мехостам.

Талоқ ба эътибори лафз ду навъ аст: Сареҳ ва киноя. Лафзи сареҳ он аст, ки ғайр аз талоқ эҳтимоли дигар надорад. Мисол: Шахсе ба ҳамсари худ мегӯяд, ки «Ту талоқӣ», ё «туро талоқ додам», ё «ҳамсари ман талоқ аст». Дар ин гуфтаҳо зан як талоқи раҷъӣ мешавад, агарчӣ нияти бештаре дошта бошад. Маънои раҷъӣ он аст, ки шавҳар бе таҷдиди никоҳ метавонад ба ҳамсараш рӯҷуъ кунад ва зиндагияшро идома диҳад.

Лафзи киноя он аст, ки мақсади он пӯшида аст ва эҳтимоли талоқ ва ғайри онро дорад, бинобар ин дар лафзи киноя ният шарт аст. Бо лафзи киноя талоқи боин воқеъ мешавад ва агар нияти се талоқро дошта бошад, се талоқ воқеъ мегардад. Мисол: Марде ба ҳамсараш ба нияти талоқ бо лафзи киноя гӯяд: «Ҷавобатро додам», дар ин сурат зан як талоқи боин шуда, пас аз таҷдид (тоза кардан)-и никоҳашон метавонанд зиндагияшонро идома диҳанд. Бояд қайд намуд, ки масъалаи талоқ паҳлуҳои гуногун ва тафсилоти зиёд дорад, аз ин рӯ, барои ба даст овардани маълумоти бештар Шумо ба имоми масҷидатон муроҷиат кунед.

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...