Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Дар хонаҳои сохтмонии нав ҳуҷра гирифтам. Шунидам ки самти насб кардани унитази ҳоҷатхона набояд тарафи қибла бошад. Хоҳиш мекунам оид ба ин масъала ҷиҳати динӣ маслиҳат диҳед?

Агар имконият бошад, аз тарафи қибла ба дигар тараф гардонидан хуб аст, вале имконият набошад, дар ҳолати зарурат ҷоиз мебошад, аммо баъди баромадан истиғфор ва надомат мекунад. «Мароки Фалах»

 

 

 

Оё аз меваи дарахте, ки дар қабристонҳо рўидааст, истеъмол намудан дуруст аст? Ҳамчунин алафҳои қабристонро барои чорвоҳои хонагӣ даравида ва захира кардан мумкин аст ё на?

Агар яқинан дониста шавад, ки дарахт ё алаф аз хоки қабр ғизо мегирад, дар ин сурат истифодаи меваи дарахти қабристон ва алафи сабзи он макрўҳ мебошад. Агар алафи қабристон хушк шуда бошад, дарав кардан ва истифодаи он кароҳат надорад.

 

 

 

Агар фикрҳои бади ғайри ихтиёрӣ нисбати дину диёнат инсонро фаро гирад, ба тавре ки ба забон овардани он фикрҳоро раво нашуморад, дар ин сурат оё ў гунаҳгор мешавад?

Ин чизе, ки шумо баён кардед, васвасаи нафсу шайтон аст, ки дар ҳама кас вуҷуд дорад ва модоме ки шахс онро ба забон наорад ё ба мазмуни он амал накунад, гуноҳе бар ў нахоҳад буд. Дар ривоятҳо зикр шудааст, ки ҳатто саҳобагони Пайғамбари гиромӣ ﷺ низ аз ин амр ба он Ҳазрат ﷺ шикоят карданд. Расули акрам ﷺ дар посух фармуданд, ки он имони сареҳ аст, зеро имони мусулмон намегузорад, ки он фикри бадро ба забон биёрад. «Танбих»

 

 

 

Пас аз никоҳ арусу домодро то 40 рўз баъди шом танҳо гаштан намемонанд? Ҳамин масъала асоси дини дорад ё не?

Ин асоси дини надорад, вале хубаст, ки шаб танҳо набошанд, чаро ки шаҳу арус аз ҷиҳати ҷисмию ҳиссӣ заиф мешаванд, барои ҳамин танҳо набошанд, беҳтар аст.

 

 

 

Касе, ки худкушӣ мекунад, ҷаноза кардани ў дуруст аст ё на? Ба сари қабраш рафтан ҷоиз аст ё не?

Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ҷаноза кардани шахси худкушикарда ва ба сари қабраш рафта дуо кардан дуруст аст, зеро ў ба дуои зиндагон бештар ниёзманд аст. «Хошияти Тахтови»

 

 

 

Пас аз азон гуфтан ба гўши тифл ва ба ў ном гузоштан иваз кардани номи ў мумкин аст?

Агар номи қаблан гузоштаи он тифл маънои нодуруст дошта бошад ё ки волидони ў номи беҳтар ва муносибтареро интихоб кунанд, дар ин сурат иваз кардани номи ў ишколе надорад.

 

 

Оё дар биҳишт ё дўзах ҷинҳо ҳам ҳастанд? Агар дар ҷаннат бошанд, дар кадом мартаба қарор доранд?

Ҷинҳо ҳам мисли инсонҳо мукаллаф буда, баъзеяшон мусулмон ва баъзеяшон кофир ҳастанд. Қавли роҷеҳ ин аст, ки ҷинҳои мусулмон ҳам дохили биҳишт мешаванд ва мартабаи ҷинҳо дар биҳишт ба андозаи амал ва ихлосашон дар ибодат аст.

 

 

 

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на?

Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: «Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед» . (Сураи «Аҳзоб», ояти 41) Инчунин дар ҷойи дигар фармудааст: «Ва Парвардигори худро бисёр ёд кун ва ба шому бомдод [Ўро] тасбеҳ гўй» . (Сураи «Оли Имрон», ояти 41) Илова бар ин дар суннати Паёмбари акрам ﷺ низ тавсияҳо ва дастуроти зиёде дар бораи зикру тасбеҳ ворид шуда, ки бар фазилати зикри бисёр гуфтан далолат доранд. Чунонки бо ангуштон зикр гуфтан дар суннат ворид шудааст, бо тасбеҳ зикр гуфтан ҳам дар суннат вуҷуд дорад ва онро бидъат пиндоштан фикри нодуруст аст. Яъне зикр гуфтан бо тасбеҳ ё бо ангуштон дуруст аст. Бинобар ин, шумо ба суханони ҳамсояатон аҳамият надиҳед ва зикри Худоро бисёр гўед, зеро дилҳо бо зикри Худо оромиш меёбанд. «Тафсири Ҷалолайн»

 

 

 

Муъҷизаҳои Паёмбари Худо ﷺ кадомҳоянд?

Муъҷизаҳои Расули Худо ﷺ бисёранд, ки дар китобҳои сират баён шудаанд. Муъҷизаи бузургтарини он Ҳазрат ﷺ Қуръони карим аст, ки то қиёмат боқӣ мемонад.

 

Шоире фармудааст:

Мустафоро ҳазор муъҷиза буд,

Беҳтарин муъҷизаи ў хулқи накў.

Аз Оишаи Сиддиқа  ривоят шудааст, ки чунин фармуд: «Хулқи Паёмбар ﷺ Қуръон буд». «Нурул Якин»

 

 

 

Оё дар ҳақиқат Салмони Форсӣ 250 сол умр дидааст? Агар ин ривоят саҳеҳ бошад, лутфан онро пешниҳод мекардед?

Тибқи ривояти саҳеҳ Салмони Форсӣ 250 сол умр дидааст ва ин ривоятро Мулло Алӣ Қорӣ дар китоби “Мирқотул-мафотеҳ” – шарҳи “Мишкотул-масобеҳ” овардааст. Мавриди зикр аст, ки барои мову шумо чанд сол умр дидани кадом бузурге муҳим нест, балки аз ирода ва тақвои ў панду ибрат гирифта, пайравӣ кардан муҳим аст. «Мирқотул-мафотеҳ»

 

 

 

Нафаре гуфт, ки агар зане ё ҷавонзане барои ҳамхобагӣ розӣ бошад, гуноҳ ҳисобида намешавад. Оё ин сухан дуруст аст?

Сухани он нафар дурўғи маҳз ва ифтиро аст, зеро ҳамхобагӣ бо зани бегона зино ва гуноҳи кабира буда, наҳсию бадбахтӣ дар пай дорад ва фарҷоми он расвоии дунёву охират аст. «Любоб»

 

 

 

Оё қасам хўрдан ба талоқ раво аст ва зан талоқ мешавад?

Аз нигоҳи шариат фақат ба номҳо ва сифатҳои Худо бояд қасам хўрда шавад. Бо вуҷуди ин, агар шахсе ба талоқи зан қасам хўрад ва савгандашро шиканад, талоқ воқеъ мешавад. «Ихтиёр»

 

 

 

Бо кадом роҳ худро аз фикрҳои бад нигоҳ бояд дошт?

Зикри Худоро бисёр гуфтан, хусусан “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро зиёд такрор кардан сабаби дур шудан аз аз ҳар гуна васвасаҳои нафсонӣ мебошад.

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...