Саволу ҷавоб
Баъзе одамон ногаҳон мемиранд (масалан дар об ғарқ мешаванд, аз баландӣ меафтанд ё ба садама дучор мешаванд), дар ин ҳолат онҳо Азроилро чӣ тавр мебинанд? Азроил ҷони онҳоро дар ин ҳолат чӣ тавр мегирад?
Ҳар инсоне дар ҳамон вақте ки барои марги ў муқаррар шудааст, мефавтад ва рўҳи ўро Малакулмавт, яъне ҳазрати Азроил қабз мекунад. Фариштагони марг, ки дар ихтиёри Азроил ҳастанд, ўро дар қабзи рўҳ кўмак мекунанд. Ҳеҷ чизе аз илму огоҳии Худованд дур нест. («Фикхи Акбар»)
Оё дар ҷаннат шаб ҳаст ё на?
Шабу рўз ба тулуъ ва ғуруби офтоб вобаста аст, аммо дар ҷаннат ин падида вуҷуд надорад. Худованд дар бораи аҳли ҷаннат мефармояд: “Он ҷо бар тахтҳо такя зада бошанд, он ҷо (гармии) офтоб ва сармои тундро набинанд”. (Сураи “Инсон”, ояти 13) Муфассирон дар зимни тафсири ин оят фармудаанд, ки ҳавои ҷаннат муътадил буда, аҳли он ба офтобу моҳ ниёзе надоранд, зеро ҷаннат аз нури арш равшан аст.
Кофир гуфтани мусулмон чӣ гуноҳ дорад?
Кофир гуфтани бародари мусулмон гуноҳи бузург аст ва шариат ин амалро манъ кардааст. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: “Ҳар гоҳ шахсе ба бародараш “Эй кофир!” бигўяд, ҳамин калима ба яке аз онҳо бозмегардад. Агар чунонки гуфта буд, ҳамон тавр бошад, вагарна куфр ба худи гўянда бармегардад”.
Дар вақти шунидани азон кадом калимаҳоро такрор бояд кард?
Ҳангоми шунидани азон шунаванда он калимаҳоеро, ки муаззин ба забон меорад, бояд такрор кунад, вале ба ҷои “Ҳайя алассалоҳ” гуфтани муаззин “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим”, ба ҷои “Ҳайя алал-фалоҳ” “Мошоаллоҳу кона ва мо лам яшаъ лам якун” ва дар намози бомдод ба ҷои “Ас-салоту хайрун минан-навм” “Садақта ва барирта” мегўяд. Пас аз тамом шудани бонги азон ин дуоро мехонад:
«Аллоҳумма Рабба ҳозиҳид-даъватит-томмати вас-салотил-қоима, оти Муҳаммаданил-василата вал-фазилата вабъасҳу мақоман маҳмуданиллазӣ ваъадтаҳу варзуқно шафоъатаҳу явмал-қиёмати иннака ло тухлифул-миъод».
Тарҷума: «Худоё, эй Парвардигори ин дуоҳо ва намозе, ки барпо мешавад, ба Муҳаммад васила ва фазилат ато фармо ва ба ў манзилату мақоми неку, ки ваъда додаӣ, бидеҳ ва шафоати ўро дар рўзи қиёмат ба мо рўзӣ гардон, ба дурустӣ ки Ту ваъдаро хилоф намекунӣ». («Мароки Фалох»)
Дар ҳавлӣ шинондани дарахти арча дуруст аст ё на? Чунки баъзеҳо онро нодуруст мегўянд. Чӣ маслиҳат медиҳед?
Ниҳолшинонӣ кори хайр ва босавоб аст, фарқ намекунад, ки кадом навъи дарахт аст. Муҳим он аст, ки пас аз шинондан онро парвариш ва нигоҳубин бояд кард.
Оё ягон нишонаи қиёмат омадааст?
Алҳол нишонаҳои хурди қиёмат зоҳир ва ҳувайдо шудаанд, мисли мусобиқа дар сохтмони хонаҳои баландошёна, аз байн рафтани эҳтироми калонсолон ва пайванди хешовандӣ, ошкор шудани фисқу фасод ва амсоли он.
Оё истифода бурдани навъҳои гуногуни атр ва дезодарант дар вақти ба масҷид рафтан ва намоз гузоридан, умуман дар зиндагӣ мумкин аст? Тавре ки медонам, ҳамаи атрҳо ва дезодарандҳо дар таркибашон спирт доранд. Аммо ман дар ин ҳавои гарм бе истифодаи дезодарант наметавонам, чунки бисёр арақ мекунам. Агар ҷоиз набошад, барои пок шудан аз он таҳорат ё ғусл кунам ва ё ин ки фақат дасту рўямро шўям, кофист?
Истеъмоли хушбўиҳо ҷоиз аст, спирте, ки дар таркиби он вуҷуд дорад, боке надорад.
Дар Русия таҳсили илм мекунам. Дар як масъалаи фиқҳӣ бо мушкил дучор шудаам ва боиси шубҳаи ман шудааст. Желатин (моддае, ки аз устухон ва пўсти ҳайвон тайёр карда мешавад), ки дар кишварҳои ғайри исломӣ истеҳсол шуда, дар саноати дорусозӣ ва истеҳсоли собун истифода мегардад ва дар натиҷаи реаксияи химиявӣ ба моддаи дигар табдил ёфта, мазза ва рангу бўи худро гум мекунад, чӣ ҳукм дорад?
Ҳар он чизе, ки ҳақиқати он бадал шавад, ҳукмаш низ бадал мешавад, яъне истифодаи чунин ашё ҷоиз мебошад. («Раддал Мухтор»)
Оиди худро бо даст ҳаром кардан маълумот медодед. Чӣ тавр халос шудан мумкин аст?
Аз нигоҳи дини Ислом амали истимно гуноҳ маҳсуб мешавад, зеро Расули Худо ﷺ шахсеро, ки ин амалро анҷом медиҳад, малъун хондаанд. Бояд аз ин амал тавбаву истиғфор кунад ва рў ба тақвову парҳезгорӣ оварда, рўза бидорад. Роҳи дурусти паст кардани шаҳват ва халос шудан аз ин амали номашруъ рўзаи нофила доштан аст. (“Ал-биноя”)
Дар интернет навори ду дарёеро, ки бо ҳам омехта намешаванд, тамошо кардам. Оё ҳамин дарё дар ҳақиқат вуҷуд дорад ва дар куҷо воқеъ аст?
Дар оятҳои 19-21-уми сураи “Раҳмон” ва ояти 53-уми сураи “Фурқон” Худованд аз ин эъҷози илмӣ хабар додааст, вале донишмандон дар таъйини он ихтилофи назар доранд. Бархе онро дар байни Баҳри Сурх ва Уқёнуси Ҳинд мегўянд, бархе дигар дар миёни Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Миёназамин. Назари аллома Ибни Ошур ин аст, ки ин ду дарё дарёи Фурот ва Баҳри Аҷам аст, ки имрўз бо номи Халиҷи Форс машҳур аст. Ба ҳар сурат вуҷуди ин муъҷизаро Қуръон хабар додааст ва ҳеҷ ҷои шакку тардид надорад.
Гузоштани намоз ҳангоми саворбудан дар автобус, ҳавопаймо ва қаторро саҳеҳ аст?
Намоз фаризаи муайян дар вақт аст, ки чун вақташ фаро расад, адокардани он бар зиммаи фарди мусалмон фарз мегардад, фарқ намекунад, ки ӯ дар хона аст ё дар сафар.
Хондани намози фарзи ҳангоми ҳаракати автобус, қатора, киштӣ ва ҳавопаймо бидуни узр дар ҳолати нишаста ва бо ишора саҳеҳ аст.
Дар вақти ҳаракати маркаб ва нақлиёт аз қабили аспу хар ва мошине, ки дар ихтиёри шахс қарор дорад, гузоридани намози фарз саҳеҳ нест.
“Агар дар ихтиёраш набошад, пас то охири вақт интизор мешавад, агар имконият пайдо нашуд, намозашро бо ишора мегузорад ва адо мешавад. Бар хилофи намози нофила, ки дар ҳамаҳолат ва ба кадомҷиҳате, ки бошад, гузоридани он ҷоизаст. (“Фиқҳи муяссар”)