Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Ман як савол доштам. Савоб ва баракати намози бомдодро мегуфтед?

Ҳамаи намозҳо барокот ва савоби бисёр дорад. Зеро Худованд мефармояд: Шумо ҳамаи намозҳоро ҳифз кунед ва дар вақташ адо намоед.

Роҷеъ ба фазилати намози бомдод Умм-ул-муъминин Оиша ривоят мекунанд, ки Паёмбар фармуданд: «Ду ракаъат (суннати) намози бомдод беҳтар аз дунё ва ончики дар он аст.» (Муслим).

Инчунин дар дигар ҳадис Паёмбар мефармоянд: «Шахсе намози бомдод ва асрро бихонад дохили ҷаннат хоҳад шуд.» Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки Паёмбар фармудаанд: «Дохили дӯзах намешавад шахсе, ки пеш аз тулуъ ва нишастани офтоб намоз бихонад. (пеш аз тулўи офтоб, яъне намози бомдод ва пеш аз нишастани офтоб намози аср мебошад)»

Дар дигар ҳадис Паёмбар мефармоянд: «Фариштагони шаб ва фариштагони дигар рӯзро ба навбат бо шумо ба сар мебаранд. Ва ҳангоми намози субҳ (бомдод) ва аср бо ҳам ҷамъ мешаванд. Сипас фариштагоне, ки шабро назди шумо сипарӣ кардаанд, ба сӯи арши Иллоҳӣ мераванд. Худованди мутаъол бо вуҷуде, ки ҳоли бандагонашро беҳтар медонад, аз онон мепурсад: Вақте омадед, бандагони маро дар чӣ ҳол дидед? Фариштагон дар ҷавоб мегўянд: Парвардигоро! Ҳангоме, ки назди онон рафтем ва замоне, ки аз онҳо ҷудо шудем, машғули намоз хондан ва ибодат буданд». (Бухорӣ)

 

 

 

Ман як савол доштам. Ман бо як ҷавон, ки дар шаҳри Екатеринбурги Россия дар зиндон аст, мехоҳам тариқи телефон бо тавассути онлайн никоҳи мусалмони кунем. Оё аз назари Ислом ин дуруст аст, аз шумо хоҳиш дорам ҷавоби саволамро зудтар диҳед, чунки намехоҳам бе никоҳ бо телефон бо ў ҳамсӯҳбат шавам, чунки ман ба ў номаҳрам ҳастам.

Хоҳари азиз. Тариқи телефон ё онлайнӣ никоҳ дуруст намешавад. Чунки шарти асосии никоҳ зану мард дар як маҷлис бояд бошанд ва ҳузури ду шоҳиди марди болиғ ё як марди болиғ ва ду зани болиғи мусалмон зарур аст.

 

 

 

Шахсе издивоҷ кунад ва ҳамсараш бокира набошад, бо вуҷуди ин, ба хотири Аллоҳ ўро бибахшад ва зиндагӣ кунад, оё ин гуна шахс даюс ҳисобида мешавад?

Агар ин шахс ҳамсарашро барои Худо бахшида бошад, иншоаллоҳ савоб мегирад ва даюс намешавад.

 

 

Фарз кардем, ки Худованд дар тақдири инсон 60 сол умр кашидааст, аммо инсон 37 сол зиндагӣ карду ба худкушӣ даст зад. Пас боқимондаи умри ў чӣ мешавад? Агар давомнокии умри инсонҳоро дар ҳар давлат бисанҷем, гуногун аст. Шахсоне, ки сигор мекашанд ё шароб менўшанд, нисбат ба дигар касоне, ки ин ашёро истеъмол намекунанд, кам зиндагӣ мекунанд. Оё умри мо ба амали мо вобастагӣ дорад?

Агар дар тақдири инсон 60 сол умр муайян шуда бошад, пас ҳатман 60 сол зиндагӣ хоҳад кард. Агар дар 37 солагӣ ба худкушӣ даст зад, пас маълум мешавад, ки умри ў ҳамин 37 сол будааст, на 60 сол. Ҳар як амали инсон ва ҳар як ҳодисае, ки дар ҳастӣ рух медиҳад, мутобиқи тақдир воқеъ мешавад. Дар ҳадис омадааст, ки вақте ҷанин дар батни модараш чормоҳа мешавад, фариштае ба сўйи ў фиристода мешавад, пас рўҳро дар он медамад, пас он фаришта ба чор чиз амр карда мешавад: ба навиштани ризқи ў, муддати зиндагонияш, амалаш ва бадбахт ё хушбахт буданаш. Аз ин лиҳоз, ҳар касеро умраш дар азал муайян шудааст ва чун аҷалаш фаро расид, дигар лаҳзае на пеш меравад ва на пас мемонад. Чунонки Худованди Мутаъол мефаромояд: “Ҳар гурўҳеро меоде ҳаст, чун меодашон биёяд, пас на соате таъхир кунанд ва на сабқат кунанд”. (Юнус, 49) Дар ҷойи дигар мефармояд: “Пас, чун он вақти муқаррарашон бирасад, на соате бозмонанд ва на (соате) пеш раванд”. (Наҳл, 61)

 

 

 

Ман бо Қуръон ва бо занам қасам хурдам, ки дигар арақ наменўшам, аммо ман қасамамро шикастам?

Агар бо куръон қасам хурдед ва он қасамро шикастед, барои шумо кафорат лозим мешавад. Аммо агар бо занат қасам хурда бошӣ, ин аз дафси қасамат вобастагӣ дорад, ки чи гуфта қасам хурдӣ. Агар қасам хурда бошӣ, ки занам талоқ ки дигар арақ наменушам, вале аҳдро мешиканӣ, дар ин сурат занат талоқ мешавад ва барои шумо никоҳи нав зарурат дорад.

 

 

 

Домуллои муҳтарам мегуфтед, ки дар рўзи ҷумъа намози пешинро ҷамоат хондан мумкин аст ё не?

Агар дар шаҳр ҷойгир бошад, рўзи ҷумъа намози пешин бо ҷамоат хонда намешавад, вале агар дар деҳаҳое бошад, ки дар он ҷо намози ҷумъа хонда нашавад, пешинро бо ҷамоат хондан зарур аст. «Мароки Фалох»

 

 

 

Баъд аз зангирӣ зино карда чӣ ҳукм дорад? Оё никоҳ бурида мешавад?

Зино гуноҳи кабира аст, ки сабаби бебаракатӣ дар хонадон мешавад, аммо ба сабаби зино кардан никоҳ аз байн намеравад ва талоқ воқеъ намешавад. Аз ин амали қабеҳ тавба бояд кард ва аз Худованд истиғфор бояд хост. «Любоб»

 

 

 

Лутфан бигўед, ки пешоби кўдак либосро бенамоз мекунад ё на? Дар ин ҳолат оё таҳорат кардан лозим аст?

Дар ҳолати расидани пешоби кўдак ба либос ё бадан он либос ва узви бадан бенамоз мешавад ва шустани он лозим мегардад, лекин таҳорат намешиканад, бинобар ин, таҳорат кардан лозим намегардад. «Любоб»

 

 

 

Ман як савол доштам. Пас аз никоҳ арусу домодро то 40 рўз баъди шом танҳо гаштан намемонанд? Ҳамин масъала асоси шаръи дорад ё не?

Бародари азиз, ин асоси шаръӣ надорад, вале хубаст, ки шаб танҳо набошанд, чаро ки шаҳу арус аз ҷиҳати ҷисмию ҳиссӣ заиф мешаванд, барои ҳамин танҳо набошанд, беҳтар аст.

 

 

 

Намози бомдодро пештар аз вақташ масалан 1 соат пеш аз вақташ хондан ҷоиз аст ё на?

Хондани намоз пеш аз вақташ дуруст намешавад, зеро хондани намоз дар вақташ фарз аст. Хулоса шумо дар куҷое, ки набошед, субҳ, ки дамид баъдан намози бомдодро хонед. «Ихтиёр»

 

 

 

Ман якчанд савол доштам. 1. Гушти ҳайвонҳои гавазн, лоси (мисли гавазн шохҳои мисли барг паҳн дорад) дар шариат ҳалолан ё ҳаром 2.Мурғҳое, ки дар мағозаҳо мефурушанд, хурданашон дуруст аст ё не 3. Забҳе, ки ғайримусалмон мекунад, ҳалол аст ё ҳаром?

Бародари азиз, 1. Гушти гавазн ва лос ҳалол аст. 2. Гушти мурғҳое, ки дар мағозаҳо фурухта мешавад ва ба тариқи исломӣ забҳ гардидааст ва тамғаи “Ҳалол” дорад, хурданаш ҷоиз аст, вале тақво кунӣ хубтараст. 3. Забҳи аҳли китоб ҳалол аст, вале агар дар пеши мусулмон китоби ба номи Исо алайхи салом забх кунад хурдан чоиз нес. Агар китоби ба номи Аллох яъне бо нияти Исо алайхи салом забх кунад хурдан оиз аст. «Ихтиёр»

 

 

 

Оё закот дар охири сол адо карда мешавад ё дар ҳамон рўзе, ки пули закот ба нисоб бирасад?

Вақте ки мол ба андозаи нисоб расид ва як сол аз он гузашт, адои закот воҷиб мегардад. «Дурар ул-Хуккам»

 

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Беҳтарин суханон дар васфи модар

Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.   Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ. Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро...


Ҷарроҳии бидуни буриш дар Тоҷикистон

Табибони тоҷик аввалин маротиба ҷарроҳии ғадуди зери меъдаро тариқи эндоскопӣ анҷом доданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст. Тавре ки гуфта мешавад, амалиёт дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо муваффақият анҷом ёфта,...


Тақвими ду даври аввали бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ кард.   Мавсими 35-уми Чемпионати Тоҷикистон рӯзи 6-уми март оғоз мешавад. Мавсими нави Лигаи олӣ дар ду марҳила бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом...


10 фоидаи рӯза ба саломатӣ

Тадқиқотҳои олимони соҳаи тиб нишон медиҳанд, ки рӯза гирифтан барои саломатӣ низ фоидаҳои зиёде дорад, ки 10-тои онро манзури шумо мекунем.   1.Тоза шудани ҷисм Бо шарофати рӯзадорӣ ҷисми инсон аз дарун тоза мешавад. Рӯзона аз хӯрдану нӯшидан даст кашидани шахси рӯзадор боиси он мегардад,...


Русия назорати муҳоҷиронро сахттар мекунад

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки асосҳо барои рад кардани иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон бештар карда шаванд. Лоиҳаи қонун, ки дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр шудааст, пешниҳод мекунад, ки мақомоти андоз ба таври худкор (автоматӣ) маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони...