Ҳифзи зиндагӣ

Таъмини тандурустии кӯдакон масъулияти асосии калонсолон аст
Барои чӣ кӯдакон ба ҳимоя ниёз доранд?
Аз рӯйи маълумоти Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, сабаби аслии марги 850 ҳазор кӯдаки то 18 сола ин садамот ва ҷабру ситамкорист, ки зиёда аз 90% онҳо ҷисман ва рӯҳан сахт маҷруҳ шуда, оқибат ин олами пурсару садои моро хеле ва хеле барвақт, дар аввалин солҳои хеле ширини давраи тиллойии кӯдакӣ тарк мекунанд. Садамот дар роҳи мошингард сабаби асосии марги кӯдакони аз 5 то 14 аст. Дар Россия ҳар сол аз тарафи ронандагон 10-ҳо ҳазор кӯдакро маҷрӯҳ карда, оқибат ин олами нав қадам гузоштаро тарк мекунанд. Ҳар сол ба марказҳои шикастабандӣ барои ёрии тиббӣ зиёда аз 500 ҳазор кӯдак муроҷиат мекунад. Бисёр вақт ҳолатҳои захмӣ шудани кӯдакон ба ҳисоб гирифта намешавад. Чӣ қадар кӯдаки дагаре, ки ба духтур муроҷиат намекунад, ё карда наметавона, Худо медонаду он кӯдак.
Албатта, аз нофаҳмию надоштани таҷрибаи рӯзгор, кӯдак парвои бехатарии тандурустии худро ба назар намегирад. Ин кор масъулияти калонсолон аст. Тарбия ва рушди ҷисмию ақлӣ, омӯзиши рӯзгор, баланд бардоштани фаҳмиши олам аз калонсолон вобастгӣ дорад. Ба хусус писарони далеру тани пур аз ҷӯшу хурӯш аз духтарон дида, барои мустақилона дар кори фаҳмиши чизи атрофу ҷаҳон рафтан, туз-тез ба нохӯшӣ дучор шуда, ба тану ҷони хеш зарбаи сахти ҷисмонӣ меоранд.
Дар ғафлат, ё беназоратии падару модарон, ташкил накардани фароғати дуруст, кам аҳамият додан, саҳлангорӣ аз тарафи калонсолон, таҳсили номуносиб, рафтори нохӯш дар кӯчаву ҷойи ҷамъиятӣ, риоя накардани қоидаи роҳи мошингард, ин аст рӯйхати ками он омилҳои хеле манфӣ.
Ура, таътили тобистона!
Тобистон барои кӯдакон замони хеле хатарнок аст. Сабаб дар он аст, ки кӯдак як замоне бе назорати калонсолон монда, мумкин, ки бо ҷамъияти нохалаф, ё хатарнок низ дучор ояд, ки барои ӯ хеле хуб аст. Аз рӯйи гуфтаи ҳуқуқшинос Владимир Балакин: “Қонуни Россия дар хона, ё ҷойи дигар танҳо гузоштани кӯдакро манъ намекунад, лекин кӯдак то 14 солагӣ хӯрдсол ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин, дар ҳолати ба нохӯшӣ дучор омадани кӯдак, падару модар ба ҷавобгарӣ кашида шуда пеши Қонун ҷавоб медиҳанд, ки баъзан дар ҳолати хеле вазнин, Қонун иҷоза медиҳад, ки барои кӯдакро дар ҳолат хеле хатарнок гузоштан, ҳуқуқ аз падару модар гирифта мешавад”.
Ба кӯдакон фаъолияти пешгирикунанда ва беҳбуди саломатӣ дар ҳавои тозаи дур аз роҳи мошингард, бо иҷрои реҷаи рӯз ва ташкили ғизои бомазза тавсия дода мешавад. Замони таътил, барои кӯдакон ташкил намудани фазои бехатар, масъулияти падару модарон аст.
Амният дар хона
Қонуни амниятро дар хона ба таври ҷиддӣ таъмин бояд кард! Кӯдакон дар ҳоли ҳозир ҳатман бояд донанд, ки чӣ гуна дар хона рафтор кард, ки аз бисёр хатари маҷруҳшавӣ паноҳ ёбанд. Падару модар сари вақт ин қоидаҳои зарурро фаҳмонда дода бошанд.
Мутаассифона ҳар сол, бисёре аз кӯдакон аз баландӣ афтода фавт мешаванд. Ҳатто дар Амрико барномае бо номи: “Кӯдакон парвоз карда наметавонанд”-ро эҷод карда буданд, ки аз рӯйи он тирезаҳои ошёнаҳои болои хонаҳое, ки дар онҳо кӯдаки хурдсол зиндагӣ мекунад, ҳатман панҷарадор карда шавад. Дар Россия ин кор маҷбурӣ набуда, ихтиёрист. Ҳатман, панҷара ва системаи ҳавотозакунакро санҷеду ба кори дуруст омода созед, ки онҳо бехатар кор кунанд.
Чизи хеле муҳими дигар он аст, ки ҳатман қонуни бехатарии зидди сӯхторро ба кӯдак дуруст фаҳмонед ва назорат созед, ки бо гугирд бозӣ накунанд, бо дастгоҳҳои барқию гозӣ кам даст расонанд. Ҳатто, баъзе аз калонсолон дар ҳолати сӯхтани равғани ғизои дар дег буда, намедонанд, ки чӣ кор кунанд. Лозим аст, ки деги пур аз оташро бо сарпӯш болопӯш кард, на сӯхторро бо об хомӯш кард, ки об барои боз ҳам сар задани оташ ёрӣ мерасонад. Бе иштироки калонсолон оташ додани гулхан низ мумкин нест. Бо чизҳои зудоташгиранда хеле-хеле эҳтиёт бояд кард, ки оташ аз ҳама чизи хатарнок аст. Лозим ба ёдоварист, ки кӯдакро аз ҳолати хатарноки маргбори истифода аз дастгоҳҳои электронӣ (гаджет)-ҳои дар ҳамом, ё гармоба гуфтан хеле зарур аст, ки дохили онҳо барқи марговар вуҷуд дорад.
Дар хотир доред!
Телефони хадамоти наҷотро азёд кунед, ки 01 аст. Рақамҳои 112, ё 101 дар телефони мобилии шумост.
Ҳамаи телефонҳои ҳолати фавқулъодаро бо тартиб навишта, чоп карда, дар ҷойи намоёни хона овезон карда, кӯдакро маротибаҳо нишон диҳед, ки дар ҳолати хатар ба ҳаёт ва саломатии инсон чӣ тавр ёрии таъҷилӣ даъват карда мешаванд.
Бехатарӣ дар кӯча ва ҷойҳои истироҳатӣ
Дастури ба дурустӣ истифодабарӣ ва одоби дар замини бозии кӯдакон (детская площадка), савор шудан дар ҳойталак ва гирд гаштан дар чарха (карусел)-ро доимо хонед, нишон диҳед.
Доимо қоидаи ҳаракати роҳро ба ёди кӯдак расонед. Пеш аз савор шудан ба дучарха, ё скутер ҳатман, ба кӯдак тарзи дуруст истифода бурдани воситаҳои муҳофизатӣ ба монанди кулоҳ (шлем), пади зонуро биёмӯзед. Ба кӯдакони то 14 сола дар роҳи мошингард бо дучарха баромада ҳаракат кардан иҷоза нест.
Оббозӣ низ яке аз хатарҳои бузург барои кӯдакон аст. Онро калонсолон ба соҳили дарё, ё баҳр иҷоза намедиҳанд. Агар кӯдак дохили об бошад, аз ӯ чашм наканед. Ҳангоми мавҷи баланди об, ва дар ҷараёни тези дарё дар наздикии кӯдакон бошед, иҷозат надиҳед, ки оббозӣ кунанд.
Ба кӯдакон бигӯед, ки чӣ гуна ҳангоми ҳавойи нохӯши раъду барқ ҷойи паногоҳи бехатар пайдо кардан мумкин аст. Лозим аст, ки мухтасар фаҳмонед, ки раъду барқ дар фазойи кушод барои инсон чӣ қадар хатари бузург дорад. Дар чунин ҳолат шумо наметавонед, ки зери дарахт, наздики симчӯби барқгузар паноҳ шавед. Зарур аст, ки ҳар чӣ зудтар дохили хона шуда, аз назди панҷара ва дари оҳанини хона дур истода, тамоми таҷҳизоти барқиро аз кор монда, паноҳ ҷӯед.
Ба кӯдакон хуб фаҳмонед, ки сагу дигар ҳайвони ношиносро ғизо додан хеле хатарнок аст. Рафтори ҳайвонро пешакӣ фаҳмидан маҳолу хеле мушкил аст. Ҳолати ботину зоҳири ҳайвонро танҳо Худо медонаду тамом. Одам аз ин кор хеле дур аст.
Амният дар ҷомеъа
Падару модар бояд бидонанд, ки куҷо ва бо кадом касе фарзанди худро барои гузаронидани вақт равон кунанд, ҳатман маҳали иқомат ва ҷамъияти онро хеле хуб санҷида зери назорат гиранд.
Иҷоза надиҳед, ки кӯдак бо шахси ношиносе суҳбат кунад. Ба кӯдак тавзеҳ диҳед, ки ӯ бемалол метавонад ба ҳар кас кушоду озод гӯяд, ки суҳбат кардан намехоҳад, ё ҳеҷ ҷойи дигаре бе иҷозати падару модар рафтанӣ нест, ки ҷони худро зери хатар гузорад.
Ба дурустӣ фаҳмонед, ки ба мошини бегона, дохили болобар (лифт), ё дохили иморате даромадан тамоман лозим нест.
Аз ҳама муҳим чист?!
Кӯдаки шумо бояд донад, ки новобаста аз он, ки чӣ хел ҳодисае рух дода бошад ҳам, асли ҳодисаро ба дурустӣ ба кӯдак фаҳмондан зарур аст, ки калонсолон чӣ хел рафтори хуб, ё баде карданд. Фаҳмонед, ки баъзе аз далелу ҳодисаҳоро ба таври махфӣ, яъне пӯшида кардан наметавонем. Ҳатто, агар қавл дода бошаем, ки ҳодисаи гузаштаро ба дигаре набояд гуфт.
Фаромӯш набояд кард, ки табиати кӯдак оддӣ ва онҳо ҳам ба ҳама чизу ба ҳама кас зудбоваранд. Одатан таваҷҷуҳи кӯдакон то як замони бузург шудан, хеле пароканда аст. Бинобар ин, ҳар чӣ, ки мо аз оддитарин рафтору қонуни бехатарӣ ба ӯ хонем, ёдовар шавем, пурсем, ҳамон қадар эҳтимолият ҳаст, ки дар хотир дорад ва онҳоро иҷро хоҳад кард.