Умеду ноумедӣ

Умеду ноумедӣ

Вақте дар беморхона будем, як зан аз назди духтур баромад. Хеле бо сӯзиш мегирист ва ҳатто аз шиддати гиря натавонист роҳ раваду дар замин нишаст.

 

Ҳама ба зан менигаристанд. Як марди калонсол наздаш рафту навозишкорона пурсид:

– Бачам, чиба гиря дорӣ ва барои чӣ нороҳатӣ?

Зан, ки гиря гулӯгираш карда буд, ташхисҳои дасташро такон доду гуфт:

– Эҳтимол аз ман фарзанд намешавад…

Мард каме сукут карду аз китфи зан гирифта ӯро хезонд ва ба курсӣ шинонд. Ҳамширае давида обу дору овард. Занро аз ҳар тараф дилбардорӣ мекарданд, то ноумед нашавад..

Он мард, ки аз чеҳрааш маълум буд, ки дилаш ба ин ҷавонзан месӯзад, гуфт:

– Як қиссаро бароят мегӯям, духтарҷон.

Ва ба нақл оғоз кард:

Замони пеш як зани нозо назди ҳазрати Мӯсо омаду хоҳиш кард, то ҳоҷаташро ба Худо бирасонад, ки фалон зан фарзанд мехоҳад. Вақте Мӯсо пайғоми он занро ба Худо расонд, аз ҷониби Офаридгор нидо омад, ки қалами тақдир рафтааст, он зан фарзанддор намешавад. Аз миён чанд вақт гузашт, зан боз назди ҳазарати Мӯсо омаду ҳамон дархосташро такрор кард. Ин бор ҳам аз сӯи Худо ҳамон ҷавоби қаблӣ омад, яъне он зан кӯдакдор намешавад. Баъди чанд сол Мӯсо аз хиёбоне мегузашт, ки ногоҳ ҳамон занро дид, ки дар дасташ як тифл аст. Ҳазрати Мӯсо ҳайрон шуду аз он зан пурсид, ки ин фарзанди кист? Зан гуфт, аз худам. Мӯсо ба Худо муноҷот карду гуфт: “Худоё, ин чӣ ҳикматест, ки ман ду маротиба аз Ту дар мавриди ҳоҷати он зан пурсида будам, ҷавоб ин буд, ки он зан фарзанддор намешавад. Пас, чӣ шуд, ки соҳиби бача гардид?”. Худо ба Мӯсо гуфт: “Дуруст аст, ки мо дар тақдири он зан нозоиро кашида будем. Ва бо муҷарради он ки мустақим паёми моро аз ту фаҳмид, ки кӯдакдор намешавад, бар замми ин ҳама умедашро наканду аз мо пайваста талаби фарзанд кард. Аз ин рӯ, раҳматам болои қалами тақдирам ғалаба карду сарнавишташро иваз кардам”.

– Барои ҳамин, ту низ ноумед мабош, духтарам,- гуфт он мард…

Зан ҳам каме ором шуд.

Ҳамеша боумед бошед!

Ҷамолиддин Фахриддин

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...