Дар баёни одоби таом хӯрдан

Дар баёни одоби таом хӯрдан

Дар баёни одоби таом хӯрдан

Барои нигоҳ доштани тандурустӣ ба инсон лозим аст, ки ба ғайр аз ҳангоми гурусна шудан ва ташна мондан чизе нахӯрад ва нанӯшад. Хӯрокро ба ҳадди серӣ набояд хӯрд, ки пурхӯрӣ оқибатҳои бадро ба зуҳур меоварад. Инчунин дар вақти серӣ таом ба ҳеҷ ҳолат набояд хӯрд ва об нашояд нӯшид. Ҳамчунин баъд аз риёзат ва ҳаракатҳои шадиду бисёр, вақте гармии зиёда бар мизоҷ бошад, таоми бисёр хӯрдан ва нӯшокй истеъмол кардан ба як дафъа ҷоиз нест, балки таомро кам-кам бояд хӯрд ва обинаро ҷуръа-ҷуръа бояд нӯшид, хусусан таоми гаронҳазм ва ё ғайриоддӣ, бисёр гарм ва ё бисёр сардро набояд ошомид.

Пас, ҳар касе, ки саломатии пойдори худро мехоста бошад, дар вақти таом хӯрдан каме аз иштиҳо боқӣ монад, аз таом даст кашад. Ин риоя барои меъда ва бадани инсон, закои ақл сабуктар аст. Касе агар хоҳад, ки бардам, солим ва баданаш сабук бошад, бояд ки тарафи шаб таомро камтар бихӯрад. Аммо пиронро таоми шабона нахӯрдан хусусан, ки гурусна хобанд, бисёр зарарнок аст. Зеро ки қуввати аз гуруснагӣ барҳамхӯрдаи ононро барқарор кардан бо ҳеҷ тадбир мумкин нест. Табибони ҳозиқ ба Маъмун хитоб карданд: «Бихӯр ғизои сард дар тобистон ва таоми гарм дар зимистон, вале дар ду фасли дигар, ки баҳор ва тирамоҳ мебошанд, таоми мӯътадил бихӯр ба қадри бардошти қувват ва хоҳиши худ. Ибтидо кун ба таоми сабуктарин; ғизоҳоеро, ки мехӯрй, онро ба микдори одатӣ, мувофиқи тоқат ва нишоти бадани худ бихӯр. Бипарҳез аз он, ки бо ҳам - якҷо хӯрдани тухми мурғ ва моҳӣ дар як вақт, зеро ки ин амр пайдокунандаи ниқрис (по-дагра), қулинҷ (колит), бавосир (геморрой) ва дарди дандонҳои курсй мебошад; шир бо шароб якҷо набояд нӯшид, ки иллатҳои ниқрис ва песро ба амал меоварад. Тухми мурғро бардавом бихӯрӣ, дар рухсораҳо догҳои кунҷидакро ба амал меоварад, дар сар ва меъда бод пайдо мекунад. Тухми мурғро дар об ҷӯшонида, ба ҳадди пурӣ бихӯрӣ, ба дамкӯтаҳӣ ва тангии нафас гирифтор мекунад. Чизҳои шӯр, гӯштҳои хушк, моҳии намакинро баъди хун гирондан бихӯрӣ, ба доғи сафеди пӯст ва қӯтур мубтало хоҳӣ гашт. Гурдаи гӯсфандро бихӯрй, хичакро дағал мегардонад. Гӯшти хомро бихӯрӣ, боиси пайдо шудани кирм дар шикам мебошад. Бисёр хӯрдани гӯшти ҳайвони ваҳшй ва гов, ақлро заиф, фаҳмро кӯтоҳ, зеҳнро кунд ва фаромӯшхотир мекунад, инчунин шапуш дар бадан пайдо мешавад. Оби хунукро аз болои таоми гарм бо ширинй бихӯрй, ба дандонҳо зарар дорад ва боиси афтодани онҳо мегардад».

Ҳангоми дам кашидани хӯроки латиф (суюқ) зарфи таомро рост ва дар баробари рӯйи худ бояд бардошт, на он ки вай ба як тараф моил бошад. Луқмаро кам-кам ва неку хоида бояд хӯрд. Муддати хӯрок хӯрдан набояд кашол ёбад, яъне таоми нав ба болои хӯроки хӯрдашуда, ки ҳанӯз ҳазм наёфта бошад, тановул набояд кард. Модоме ки меъда ва сина аз таом вазнин шуда бошад ва оруғ ояд, таом набояд тановул шавад. Хуллас, вақти қатъӣ барои хӯрдани таом маҳдуд нест. Зеро ки тарзи талаби бадани шахсони гарммизоҷ, сардмизоҷ, кӯдакон, пирон ва камқувватон гуногун мебошад. Аммо аз хӯрдани нони гарм ва ошомидани оби хунук ба як дафъа аз болои нони гарм худдорй бояд кард. Зеро ки вай дар меъда бадбӯ мегардад, ба дандонҳо зарар мерасонад. Таоми сабуки ширин аз болои ғизои вазнин набояд хӯрда шавад, масалан: харбузаву гӯшт. Ҳамчунин аз болои ғизои дар ҷигар хуб ҳазмёбанда ғизои вазнини бадҳазм ва ширинӣ набояд хӯрд. Зеро дар вақти ҳазм кардани таоми ба ин дараҷа мураккаб ба ҷигар футур мерасад ва боиси пайдо шудани ҳар гуна бемориҳо мегардад. Ҳамчунин ду таоми гарммизоҷ ё ҳар ду сардмизоҷ, ё ҳар ду часпак, ё ҳар ду боднок, ё ҳар ду қабзиятовар, ё ҳар ду ғафсу бадҳазм, ё ҳар ду сустиовар бошанд, якҷо ва якбора набояд хӯрда шаванд. Аз хӯрдани сирко ба болои биринҷ, аз чургот бо турб ё баъд аз турб, аз гӯшти мурғ бо ҷурғот ва моҳӣ, аз шир бо гӯшти мурғ, аз шир бо моҳӣ, аз анор бо ҳариса, аз ангур бо каллаи гӯсфанд ё буз, аз сирко бо наск ё бо мош, аз харбуза бо асал, мавизи ангур бо асал, аз оби гарм баъд аз таоми шӯр, аз оби сард баъд аз меваи тар, аз таоми гарм баъд аз ширин, аз ҷимоъ баъд аз хоб, аз оби сард баъд аз ҳаммом ва ҷимоъ, аз пушти ҳаммом кардан кор ва ҳаракатҳои сахт ва бисёр, аз ҳангоми дили наҳор ҳаммом кардан ва дар ҳангоми ҳаммом кардан хӯрок хӯрдан худдорй бояд кард. Вале баъзе таомҳоеро, ки хислати нописанди дувумро ислоҳ мекунанд, якҷо хӯрдан зарар надорад.

Таҷриба

Ман дар зарфи ҳафт сол се ҳодисаи мудҳишро мушоҳида кардам, ки як сабаб доранд: Аз студияи телевизионии Душанбе ходиме наздам омада, нақл кард, ки падараш бемор аст, дар беморхонаҳо низ бисёр хобид, ба табибони гуногун рафт, вале аз тадбирҳои онон ҳеҷ беҳ нашуд. Инак, аз ман илтимос кард, ки ман падарашро қабул кунам.

Азбаски ин ходим бисёр тавалло кард, ман розӣ шудам, ки падарашро аз Панҷакент даъват намояд, майлаш, мебинам, гуфтам. Набзи ин шахс ҳам наздикии маргро шоҳид буд. Баъд ба ӯ гуфтам, ки дилу ҷигар ва меъдаро хунук гирифтааст, чӣ хӯрдед? У низ иқрор гашт, ки аз яхдон оби хунук гирифта, то сероб шудан ба як дафъа нӯшидааст. Барои тасаллои хотираш давоеро, ки агарчӣ нодир буд, додаму илова кардам: -Зудтар ба ватан баргардед. Баъд аз 8-10 рӯз писараш аз Панҷакент ба воситаи телефон хабар дод, ки падараш аз олам гузаштанд.

Вафоти ин мард дар ман суолеро ба амал овард, ки кадом ҷараён содир мешуда бошад, ки бӯҳрони беморӣ ба марг мекашад? Баъд як тарбузро чор тақсим кардаму ҳар якеро алоҳида дар халтачаи салафан печонида, се рӯз дар яхдон гузоштам, ки ба ҳадде хунук шаванд. Бегоҳии рӯзи чорум яктои онро хӯрдам ва аз ҳар ду ҷониб тирезаҳои хонаро кушода хобидам, то ки хунук ба ман сахттар таъсир расонад. Инак, ҳар рӯз як қисм ва чор қисми тарбузро ҳамин тавр хӯрдам. Баъд аз дафъаи чорум ҳолам дигар гашт: ҳатто хамида натавонистам, варами сарди ҷигари худро эҳсос намудам.

Маълум шуд, меъда чизи аз ҳад берун хунукро, хусусан чизҳои обиларо, дар худ нигоҳ намедораду зуд ба ҷигар мефиристонад. Ҷигар ҷойи аз худ хориҷ кардан надорад. Баъд лоилоҷ ин чизи хунук дар ҷигар монда, онро хунук мегардонад ва вай варам мекунад. Пас, агар инро дар вақташ илоҷ накунанд, ночор ба марг мерасонад. Сонӣ ман ҳар рӯз се маҳал донаи биринҷ барин аз қивоми ҷадвор, як қошуқӣ чойи кӯфтаи решаи оқирқирҳо ва ба хӯрдани асал мудовамат намуда, аз ин офат халос ёфтам.

Канзул Шифо

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


10 фоидаи рӯза ба саломатӣ

Тадқиқотҳои олимони соҳаи тиб нишон медиҳанд, ки рӯза гирифтан барои саломатӣ низ фоидаҳои зиёде дорад, ки 10-тои онро манзури шумо мекунем.   1.Тоза шудани ҷисм Бо шарофати рӯзадорӣ ҷисми инсон аз дарун тоза мешавад. Рӯзона аз хӯрдану нӯшидан даст кашидани шахси рӯзадор боиси он мегардад,...


Шириние, ки шифо мебахшад

Набот яке аз шириниҳои маъруфи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Он шакли булӯрӣ дошта, аз қиёми шакар омода мешавад. Набот на танҳо ҳамчун ширинии болаззат, балки як воситаи табобатӣ дар тиби мардумӣ аз қадим истифода мешавад. Набот танҳо ширинии одӣ нест, он хусусияти шифобахшӣ...


Қаҳрамонии муҳоҷир дар Санкт-Петербург

Губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов шахсан ба Хайрулло Ибодуллоев соати губернаторӣ ва медали шуҷоат тақдим кард. Маросими расмӣ дар бинои таърихии “Смольный” баргузор шуд. Ибодуллоев рӯзи 22 феврал ҷони як кӯдаки ҳафтсоларо, ки аз ошёнаи ҳафтуми бино афтоданӣ буд, наҷот дод....


Тақвими ду даври аввали бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ кард.   Мавсими 35-уми Чемпионати Тоҷикистон рӯзи 6-уми март оғоз мешавад. Мавсими нави Лигаи олӣ дар ду марҳила бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом...


Саволу ҷавоб

Ҷумлаи “Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ” чӣ маъно дорад? Бародари азиз, маънои ин ҷумла чунин аст: Аз Худованд (барои гуноҳонам) омурзиш мехоҳам ва ба сўи Ў тавба мекунам. Ин ҷумларо баъди намози Бомдод ва баъди намози Аср сад бори такрор кунед савоби беканор дорад. Шахсе, ки дар ватан...