Дуо дар зиндагии мо

Дуо дар зиндагии мо

Дуо дар зиндагии мо

Аллоҳ Таъоло бандагонашро ба дуо кардан ва дархости ҳоҷот аз боргоҳи худ дастур дода ва дар ин сурат иҷобати дуояшонро ваъда додааст ва ваъдаи ӯ низ ҳақ аст.

 

Ҳазрати Савбон мефармояд, ки: «Расулуллоҳ ﷺ иршод фармуданд: «Ҷуз дуо ҳеҷ чиз наметавонад тақдирро иваз кунад ва ба ҷуз некӣ ҳеҷ чиз наметавонад умрро изофа кунад. Ва инсон бисёр вактҳо ба сабаби гуноҳе аз ризқ маҳрум карда мешавад» (Имом Молик).

Тавзеҳ. Матлаб аз ин, ки дуо тақдирро иваз мекунад, ин аст, ки дар тақдир чунин навиштааст, ки агар ин шахс барои бартараф кардани фалон ранҷ дуо бикунад, он ранҷ бартараф карда хоҳад шуд, чунонки дар ҳадис омадааст: «Дуо кардан низ назди Худои таоло муқаддар аст». Ҳамчунин назди Худои таоло навишта шудааст, ки умри ин шахс масалан шаст сол аст, аммо агар фалон некӣ, масалан ҳаҷ бикунад, умри ӯ бист сол изофа карда мешавад ва ин дар дунё ҳаштод сол зиндагӣ мекунад.

 Ҳазрати Салмони Форсӣ мефармояд, ки: «Расулуллоҳ ﷺ иршод фармуданд: «Бидуни шак дар зоти олии Худои таоло сифати ҳаё зиёд аст ва ба ғайр аз савол бисёр зиёд атокунанда аст. Вақте ки инсон пеши Худои таоло дастҳои худро баланд мекунад, Худои таоло аз холиву номурод баргардонидани дастҳои ӯ ҳаё мекунад, бад-ин ҷиҳат ҳатман ато мефармояд» (Имом Тирмизи).

Ҳазрати Алӣ мефармояд, ки: «Расулуллоҳ ﷺ иршод фармуданд: «Дуо силоҳи муъмин аст, сутуни дин аст ва нури осмону замин аст».

Ҳазрати Абуҳурайра мефармояд, ки: «Расулуллоҳ ﷺ иршод фармуданд: «Шумо Худои таолоро бар иҷобати дуо яқин дошта бошед ва инро хуб бидонед, ки Худои таоло дуои он шахсро қабул намекунад, ки қалби ӯ дар вақти дуо кардан аз Худои таоло ғофил ва бо ғайри Худои таоло машғул бошад»

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд мефармояд, ки: «Расулуллоҳ ﷺ иршод фармуданд: «Бар ҳар шахсе фоқаву тангдастӣ биёяд ва ӯ барои дур кардани он аз мардум савол кунад, фоқаву тангдастии ӯ бартараф нахоҳад шуд. Ва бар ҳар шахсе, ки фоқа биёяд ва ӯ барои бартараф кардани он аз Худои таоло савол кунад, пас Худои таоло ба зудӣ ӯро ризқ ато мефармояд, фавран мерасад, ё бо каме таъхир» (Имом Тирмизи).

 

Одоби дуо кардан

Дар бораи одоби дуо ривоятҳои зиёде омадааст, ки донишмандон онҳоро ба таври мухтасар чунин зикр кардаанд:

  1. Ботаҳорат будан.
  2. Рӯй ба тарафи қибла кардан.
  3. Пеш аз дуо ба Худо ҳамду сано хондан ва Ӯро бо номҳои покаш ёд кардан.
  4. Пеш аз дуо ва баъди он дуруди шариф хондан. Дар дуо баъд аз ҳамду санои Парвардигор пеш аз дуо ва баъди он ба Паёмбар ﷺ дуруд фиристодан фазилатҳои зиёде дорад. Дар ҳадисе омадааст, ки Паёмбар ﷺ шахсеро шунид, ки дар намоз дуо мекард, на ҳамду санои Парвардигорро ба љо овард ва на ба Паёмбар ﷺ дуруд фиристод. Паёмбар ﷺ фармуд: «Ин мард шитоб кард», он гоҳ ўро ба сўи худ хонд ва ба ў ё ба дигаре (Ровии ҳадис шак кардааст) фармуд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо дуо кунад, аввалан таъзим ва санои Парвардигорро ба љо биёрад, баъд аз он ба Паёмбар дуруд ва салом бифиристад, сипас он чи мехоҳад, дуо кунад». Инчунин аз ҳазрати Умар ривоят шудааст, ки дуо байни замину осмон мавқуф аст ва чизе аз он ба осмон намебарояд, модоме ки ба Паёмбар ﷺ дуруд нафиристад. (Тирмизӣ, ҳадиси 486).
  5. Дуоҳое, ки дар Қуръону ҳадис омадааст, бо онҳо дуо кардан.
  6. Ҳар ду дастро бардошта дуо кардан.
  7. Худро оҷиз гирифта бо тавозуъ ва хоксорӣ дуо кардан.
  8. Ҳар мушкиле, ки дорад, онро се бор такрор кардан.
  9. Ба овози паст дуо кардан.
  10. Ҳама мушкилоташро, агарчи кӯчак ҳам бошанд, дуо кунад ва раҳмати Худоро маҳдуд нагардонад.
  11. Ба гуноҳони худ иқрор шудан ва дар робита ба қабули дуо аз ҷониби Худованд яқин доштан.
  12. Дар ҳаққи якдигар дуои хайр кардан.

 

Вақтҳо ва ҳолатҳои махсус барои қабули дуо

 Aз бархе ривоятҳо чунин бармеояд, ки барои пазириши дуо вақтҳои махсусе низ ҳаст, ки ба тартиби зайланд:

  1. Дуои баъди намозҳои панҷвақта

Дар ривояте аз ҳазрати Абӯумома омадааст, ки мефармояд: Паёмбар ﷺ аз вақтҳое, ки бештар умеди қабули дуост, пурсида шуд. Паёмбар ﷺ фармуданд:

«Охири шаб ва баъд аз намозҳои фарзӣ» (Тирмизи)

  1. Дуои шаб

Дар ривояте фазилати охири шаб баён шудааст, ки вақти пурбаракат ва иҷобати дуост. Ҳазрати Абӯҳурайра ривоят мекунад, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:

«Парвардигор ҳар шаб дар сеяки ахири шаб ба осмони дунё фуруд меояд (яъне раҳмати худро сарозер мекунад) ва мефармояд: Оё дуокунандае ҳаст, ки дуои ӯро қабул кунам? Оё касе ҳаст, ки аз Ман чизе металабад, ба ӯ ато кунам? Оё касе ҳаст, ки аз Ман мағфират мехоҳад, то ӯро мағфират кунам?» (Бухари).

 

  1. Дуои рӯзи ҷумъа

Дар рӯзи ҷумъа низ вақтҳои муайян мавҷуд аст, ки дуо дар он иҷобат мешавад. Ҳазрати Абӯҳурайра ривоят мекунад, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:

«Яқинан дар рӯзи ҷумъа вақтест, ки кадом бандаи мусалмоне дар он аз Худованд чӣ хайре талаб кунад, ба ӯ дода мешавад» (Муслим)

Аз ҳадиси мазкур фазилат ва ваъдаи қабули дуо дар рӯзи ҷумъа маълум мешавад ва ҳадисшиносон бо такя ба дигар ривоёт ду вақтро нишон медиҳанд.

а) Ҳангоми нишастани имом байни ду хутба то охири намоз, мутобиқи ривояти ҳазрати Абӯбурда ибни Абӯмусо (Муслим).

б) Аз намози аср то ғуруби офтоб, мутобиқ ба ривояти ҳазрати Абӯҳурайра (Ахмад).

 

  1. Дуои байни азон ва иқомат

Байни азон ва иқомат низ вақти қабули дуост. Ҳазрати Анас ибни Молик аз Паёмбар ﷺ ривоят мекунад:

«Байни азон ва иқомат дуо қабул мегардад, пас дуо кунед». (Абу Довуд)

 

  1. Дуо дар ҳолати саҷда

Саҷда ҳолатест, ки банда дар он ба фазлу раҳмати илоҳӣ наздиктар мешавад. Пас дар ҳолати саҷда дуо кардан яке аз вақтҳои қабулияти дуост. Ҳазрати Абӯҳурайра аз Паёмбар ﷺ ривоят мекунад, ки фармуданд:

«Банда дар ҳолати саҷда ба (раҳмати) Парвардигори хеш наздиктар мебошад, пас дар ҳолати саҷда дуоро бештар кунед» (Муслим).

Эзоҳ: Мутобиқи мазҳаби ҳанафӣ намозгузор метавонад аз дуоҳое, ки дар ҳолати саҷда хонда мешаванд, дар суннатҳо ва намозҳои нафлӣ, инчунин дар намози фарз, агар онро танҳо бихонад, истифода кунад. Аммо намозе, ки бо ҷамоат адо мешавад, имом бояд ҳоли намозгузоронро риоя карда, онро сабук хонад.

 

  1. Дуо вақти борон

Аз баъзе ривоятҳо маълум мешавад, ки дуои шахси рӯзадор ҳангоми ифтор, дуо дар ҳолати сафар ва нузули борон низ аз ҷумлаи вақтҳо ва ҳолатҳои иҷобати дуост.

 

  1. Дуо аз самими қалб

Аз самими қалб дуо кардан ва умеди қабулият доштан. Яке аз шартҳои асосӣ ва муҳимтарини дуо дар қабулу пазириши он ихлос аст, яъне шахси дуогӯ бояд бо ихлосу яқин даст ба дуо бардорад ва ваъдаи худовандӣ барои қабули онро фаромӯш накунад ва ҳар гоҳ ҳоҷати худро аз Худо хост, набояд бо дили ғофил ва бепарво дуо кунад.

 

  1. Дуои инсони парҳезгор аз ҳаром дар хӯрдану пӯшидан.

 Ҳазрати Абӯҳурайра дар ҳадисе ривоят мекунад, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: «Худованд пок аст ва ҷуз покиро намепазирад. Ва он чӣ Худованд ба паёмбарон амр дод (яъне дар бораи аз касби ҳалол хӯрдан), ҳамон ҳукмро ба муъминон низ дастур додаст, чунончи Худованд мефармояд: «Ай паёмбарон, ҳалол бихӯред ва амалҳои нек анҷом диҳед». [Мӯъминун, 51];

Ба муъминон низ хитоб кард: «Ай муъминон, бихӯред аз он неъматҳои покиза, ки ба шумо рӯзӣ кардем». [Бақара, 172].

 

  1. Дуои инсони музтар ва парешонхотир.
  2. Дуои мазлум ва ситамдида.
  3. Дуои падар барои фарзанд.
  4. Дуо баъд аз тиловати Қуръон.

 

Як мулоҳизаи муҳим!

Имрӯз бештари мардум шикоят мекунанд, ки дуо бисёр мекунем, вале асари қабули онро намебинем. Ин гуна шахсонро мебояд ба ҳоли худ назаре кунанд, ки маблағи даромад, хӯрду нӯш ва сару либоси онҳо аз куҷост? Пас, агар аз роҳи нодуруст ва касби ҳаром бошад, парҳез аз он лозим аст, то ки дуо қабул шавад. Парвардигоро дуои хайри моро қабул бифармо.

 

Нақши дуо

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


Шарм аз гӯшаи имон аст

Бидон, ки аз шартҳои муридӣ пайваста оташдон будани ботини ӯст. Фузайли Иёз (қдс) гуфт: «Панҷ чиз аз нишонаҳои бадбахтӣ аст: сангдилӣ, хушкии чашмон, бешармӣ, рағбат ба дунё ва орзуи дурудароз».   Ва ҳам гуфтаанд, ки чун ҳайбат ва шарм аз банда бирафт, дар вай хайре боқӣ...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Алимамад Боймамадов – соҳибкор ва яке аз чеҳраҳои фаъоли ҷомеаи тоҷикони Русия

Дар миёни шахсиятҳои тоҷиктаборе, ки тайи солҳои охир дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодии Федератсияи Русия нақши назаррас бозидаанд, номи Алимамад Баймамадов ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ на танҳо ҳамчун соҳибкори муваффақ, балки ҳамчун яке аз фаъолони маъруфи ҷомеаи тоҷикони муқими Русия шинохта...


Саволу ҷавоб

Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан чӣ ҳукм дорад? Ин амал дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар...


Тарбуз давои фарбеҳӣ

Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ азоб мекашанд. Онҳо мегӯянд, ки гирифторони фарбеҳӣ ба осонӣ метавонанд бо истеъмоли тарбуз вазнашонро кам кунанд.   Тарбуз дар таркиби худ 90-95 фоиз об дорад ва он шифобахш аст. Зеро оби тарбуз дистиллатсияшуда...