Ватандорӣ дар ислом

Ватандорӣ дар ислом

Ватандорӣ дар ислом

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст.

Бешубҳа, шахсе, ки дар ғарибӣ умр ба сар мебараду ҳамеша Ватани азизашро ёд мекунад ва пайваста барои амонии ватани маҳбубаш ҷаҳду талош ва дуо менамояд, воқеан шахси боимон ва ватандӯсту соҳибватан маҳсуб мешавад. Аммо нафаре, ки дар ватани худ иқомат ва кору зиндагӣ намуда, аз обу ҳавои он истифода мебарад, вале заррае муҳаббат ба ватанаш надорад, ободию пешрафти ватанашро намехоҳад, дар андак мушкилот хиёнат ба Ватани худ менамояд, ин нафар натанҳо беватан, балки нафари носипос, сустирода ва заиф шинохта мешавад, зеро як ибораи арабие, ки бархе аз аҳли илм онро ба ҳадиси гуҳарбори Паёмбар нисбат медиҳанд, ки чунин аст: «Ҳуббул-Ватани минал-имон». Яъне дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист тасдиқкунандаи ин гуфтаҳост.

Агар ба саргузашти наҷибонаи Паёмбар назар андӯзем, мебинем, ки Паёмбар вақте аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кард, дар масири роҳ бор-бор ба тарафи зодгоҳаш (Макка) рӯй гардонида, бо як дилсӯзию муҳаббат нигоҳ мекард, ки ин аз дӯстдории Паёмбар нисбат ба ватани азизашон (Макка) буд. Мисоли дигар ин аст, вақте ки Паёмбар ба Мадина ҳиҷрат намуд, аз ҷониби Худованд амр шуд, ки ҳамроҳи мусулмонон ба тарафи Байтулмуқаддас рӯй гардонида намоз гузоранд. Назари ҷумҳури муфассирон ин аст, ки Паёмбар ҳамроҳи мусулмонон муддати 16-17 моҳ ба тарафи Байтулмуқаддас рӯй гардонида намоз мехонданд. Дар ин муддат Паёмбар ҳамеша орзу мекард ва ҳатто гоҳ-гоҳе рӯй бар ҷониби осмон мекарду таманно менамуд, ки Худованд намоз хонданро ба ҷониби Масҷидулҳаром (дар Макка воқеъ аст) рухсат бидиҳад. Ҳамаи ин интизориҳо ва орзую таманнои Паёмбар сабаб гардид ва дар натиҷа Худованд ба Паёмбар ояи 144-и сураи «Бақара»-ро нозил гардонид: «Мо ба таҳқиқ гардидани рӯятро дар осмон мебинем, пас туро ба сӯи қиблае бар мегардонем, ки (онро) дӯст медорӣ…»

Ҷолиб инҷост, ки Паёмбар муддати 13 сол дар Макка мардумро ба дини ягонаи Худованд (яъне дини мубини Ислом) даъват намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки аз ширку бутпарастӣ даст кашида, Худовандеро, ки ягона, бемислу бемонанд ва пок аз айбу нуқсон аст, парастиш намоянд. Дар ин муддат (яъне 13 сол) ба ҷуз иддаи ангуштшумор (ба ривояте 100-110 нафар) дигар сокинони Макка фармонбардорӣ накарданд ва даъвати Паёмбар-ро напазируфтанд, баръакс ба Паёмбар озору азиятҳои зиёди рӯҳию ҷисмонӣ расониданд. Бо вуҷуди ин ҳама озору азиятҳое, ки аз мардуми Макка дид, боз ҳам Паёмбар нисбат ба ватанаш (Макка) ва бошандагони он носазо нагуфт, душманӣ накард, қасд нагирифт ва инчунин дуои бад низ накард.

 

Ватан аз лиҳози шаръӣ 3 қисм аст:

  1. Ватани аслӣ.
  2. Ватани иқоматӣ.
  3. Ватани сукунати гузаро.
  4. Ватани аслӣ ҷоест, ки одамӣ дар онҷо ба дунё омада, бо аҳлу аёлаш сукунати доимӣ дорад.
  5. Ватани иқоматӣ иборат аз ҷоест, ки мусофир дар онҷо нияти понздаҳрӯза иқомат ё бештар аз онро намояд.
  6. Ватани сукунати гузаро ҷоест, ки мусофир қасди иқомати камтар аз понздаҳ рӯзро дар он ҷо дошта бошад.

Акнун ҳар як фард бояд бидонад, дар сарзамине, ки ба дунё омадааст ва дар онҷо ба таври доимӣ бо аҳлу аёлаш умр ба сар бурда, кору фаъолият менамояд, он ҷо ватани ӯ маҳсуб мешавад ва новобаста аз он ки ӯ чикора аст, бояд ватанашро дӯст дорад ва ҳамеша баҳри пойдории сулҳу субот ва гулгулшукуфоии ватанаш ҷаҳду талош намояд ва фарзандонашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ростқавлию росткирдорӣ ва илмомӯзӣ тарбият намояд.

Беҳуда нест, ки ниёгони мо хоки ватанро аз тахти Сулаймон ва хори ватанро аз лолаву райҳони дигар ҷо азиз шумурда, барои ин марзу буми аҷдодӣ ҷон фидо намуданд.

Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,

Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар.

Воқеан, як косаи обу як лаби нон дар ватан барои шахси соҳибватан ва ватандӯст аз подшоҳ будан дар дигар замине, ки дар он ғариб аст, хубтару беҳтар мебошад.

 

(«Шуроиуламо»)

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...