Шиносои бо ҳабиби Худо Муҳаммад ﷺ

Шиносои бо ҳабиби Худо Муҳаммад ﷺ

Шиносои бо ҳабиби Худо Муҳаммад ﷺ

Таваллуд

Ҳабиби Худо ﷺ дар шаҳри Макка субҳи рӯзи душанбеи 12-уми Рабиул-аввал мувофиқ ба 20-уми апрели соли 571 мелодӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз рӯйи насаб ба қабилаи қурайшиҳо, ба Банӣ Ҳошим мансуб аст.

Омина модари Паёмбар ﷺ ҳомиладор шуд, гуфт: “Аз рӯзе, ки ҳомиладор шудам, ягон вазниниеро ҳис накардам ва чун фарзандам ба дунё омад, нуре буд, ки байни машриқу мағрибро равшан кард”.

Ширхорагӣ

Сувайба, канизаки Абулаҳаб паёмбар ﷺ-ро шир дода буд. Дар қабилаи Саъди, Ҳалимаи Саъдия ӯро шир дод ва дар он ҷо тақрибан чаҳор сол буд, то ин ки синааш шикофта шуду аз дохилаш гӯштпорае берун карда шуд, ки мавзеъи васвасаи шайтон буд. Баъди ин ҳодиса Ҳалима ӯро ба модараш баргардонд.

Фавти падар ва модар

Падари ӯ Абдуллоҳ баъди 2-моҳи ҳомиладории Омина ва дар синни бистучаҳор солагӣ аз дунё гузашт.

Ҳангоме ки паёмбар ﷺ бо модараш ба сӯйи Мадина сафар кард, дар роҳ, дар минтақаи Абво модараш аз дунё гузашт, ки паёмбар ﷺшашсола буд.

Баъди аз дунё гузаштани модари паёмбар ﷺ кафолати ӯро падаркалонаш Абдулмуталиб ба ӯҳда дошт.

Чун сини паёмбар ﷺ ба ҳаштсолагӣ расид, падаркалонаш низ дар сини ҳаштоду ду солагӣ аз дунё даргузашт, вале пеш аз вафоти ӯ амаки паёмбар ﷺАбутолибро васият карда буд, ки кафолати паёмбар ﷺ-ро ба ӯҳда гирад.

Абутолиб ин васиятро ба ҷо оварду кафолати паёмбар ﷺ-ро ба ӯҳда гирифта, ӯро бо тамоми эҳтиёт нигоҳубин кард. Ҳатто замоне, ки Худованд ӯро ба паёмбарӣ фиристод, Абутолиб паёмбар ﷺ-ро дар муқобили кофирон пуштибонӣ мекард.

Чун сини паёмбар ﷺ ба дувоздаҳсолагӣ расид бо амакаш Абутолиб ба тарафи Шом сафар карданд. Дар байни роҳ ба маконе ба номи Бусро расиданд. Ин макон ҳанӯз таҳти румиён қарор дошт ва дар он ҷо роҳибе ба номи Баҳира зиндагӣ мекард. Баҳира дасти Паёмбар ﷺ-ро гирифта гуфт: «Ин сарвари ҷаҳониён аст, ки Худованд ӯро e барои ҳидоят ва роҳнамоии тамоми оламиён фиристодааст». Корвониён аз Баҳира суол карданд, ки аз куҷо медонӣ, ки ин Паёмбар e хоҳад шуд, ӯ дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Вақте ки шумо дохили шаҳр мешуден, ҳамаи сангҳо ва дарахтҳо ба саҷда афтоданд. Сангҳо ва дарахтон барои касе ғайр аз паёмбарон саҷда намекунанд. Ин тавр дар китобҳои мо мавҷуд аст». Баҳира ба Абутолиб гуфт: «Ӯро ﷺ бо худ ба Шом набар, зеро ки аз ҷониби яҳудиён ба ӯ ﷺ зараре бирасад». Абутолиб низ Паёмбар ﷺ-ро ҳамроҳи яке аз фарзандонаш ба Макка фиристод.

Худованд паёмбарашро ﷺ ба сӯйи мардум фиристод

Дар синни чиҳилсолагӣ Худованд паёмбар ﷺ-ро ба сӯйи мардум фиристод, 17 - уми моҳи Рамазони, сездаҳ сол пеш аз ҳиҷра ба Мадина, баробар ба моҳи июли соли 610 милоди Ҷабраил ваҳйи Худовандро ба паёмбар ﷺ расонд. Ҷабраил назди паёмбар ﷺ омад, ба ӯ ﷺ гуфт: (اقرأ) яъне, «Бихон».

Паёмбар ﷺ гуфт: “Ман хонда наметавонам. Баъд Ҷабраил маро дар оғуш гирифта, фишурд, базур тоқат кардам ва сипас сарам дод”, ва боз гуфт: “Бихон”.

Паёмбар ﷺ гуфт: “Хонда наметавонам” ва дар сеюм бораш ҳазрати Ҷабраил гуфт:

«Бихон ба номи Парвардигорат, ки биёфарид, биёфарид одамиро аз лахтаи хуне.

Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст.

Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод.

Ба одамӣ он чиро, ки намедонист, биёмухт».

(Сураи Алақ, оятҳои 1- 5)

Паёмбар ﷺ баъди шунидани ин оя, ба назди Хадиҷа дар ҳоле баргашт, ки аз тарси ончи ки дид, меларзид ва Хадиҷаро аз ҳодиса хабар дод. Хадиҷа паёмбар ﷺ-ро дилбардорӣ карду гуфт:

“Ман туро башорат медиҳам. Худованд ҳеҷ гоҳ туро ноумед намегардонад, чунки ту силаи раҳматро бо хешовандонат ба ҷо меорӣ ва дуруғгӯ нестӣ ва ятимонро пуштибону бенавоёнро кумаккунанда ҳастӣ”.

Қурайшиҳо бо мусалмонон ҳамаи доду гирифтро қатъ намуданд. Аҳли Макка мусалмононро иҳота карданд дар як дарае, ва дар ин ҳолат се сол монданд. Ҳабиби Худо ﷺ дар синни чилунӯҳсолагӣ аз иҳота баромаданд.

Вафоти Абутолиб ва Хадиҷа

Баъди ҳашт моҳу бисту як рӯз аз ин ҳодисаи иҳота Абутолиб аз дунё реҳлат мекунад ва баъди се рӯзи дигар Хадиҷа аз дунё мегузарад.

Вақте ки Абутолиб ва Хадиҷа аз дунё гузаштанд, рӯз ба рӯз озору азияти Қурайш ба паёмбар ﷺ зиёд шудан гирифт, то ин ки паёмбар ﷺ маҷбур шуд аз Макка сӯйи Тоиф биравад ва мардуми Тоифро ба Ислом даъват кунад, вале дар ивазаш аз тарафи онҳо, душманиву масхарагӣ чизи дигаре надид. Ӯро ﷺ бо санг заданд. Паёмбар ﷺ ба хулосае омад, ки дубора ба Макка боз гардад.

Паёмбар ﷺгуфт:

«Дар ҳоли ғаму андуҳ бидуни ирода ба тарафе равон шудам, то ба худ омадам, дидам, ки назди минтақаи Қарни Саъолиб расидам. Чун сарамро боло кардам, дидам, ки абрҳо маро соя мекунанд, чун назар кардам, ки Ҷабраил дар болои абр аст.

Ӯ маро нидо карда гуфт: “Эй Муҳаммад ﷺ, Худованд ҳамаи он чи қавмат ба ту гуфтанд, шунид ва ҳамроҳи ман малоикаи куҳҳоро фиристодааст. Ҳар чӣ ки мехоҳӣ барои қавмат амраш бикун, ба ҷо меорад, сипас малоикаи кӯҳҳо ба ман салом доду гуфт: “Эй Муҳаммад ﷺ! Худованд он чӣ, ки қавмат ба ту карданду гуфтанд, шунид, ман малоикаи кӯҳҳо мебошам. Парвардигорат маро ба сӯйи ту фиристод, то ҳар чӣ ки маро дар ҳақи қавмат амр кунӣ, ба ҷо меорам. Агар хоҳӣ Ахшабайнро (ду куҳи бузургеро, ки дар атрофи Макка буд) бар болояшон чаппа мекунам. Паёмбар ﷺ гуфт: “На, балки ман умед дорам, ки Худованд аз насли онҳо касонеро ба дунё биёрад, ки Худованди ягонаро бипарастанду ба ӯ шарик наёранд».

Бубинед раҳмати Ҳабиби Худоро ﷺ, ки дар бораи насли одамоне, ки душманиву масхарагӣ кардан, ғам мехурад. Салавот бар Муҳаммад ﷺ.

Дар синни панҷовуяксолагӣ Исро вал Меъроҷ буд ва намоз фарз гашт.

Паёмбар ﷺ дар вақти мавсим дар Макка дар назди Ақаба шаш нафарро аз аҳли Мадина вохӯрд. Ба онҳо исломро пешниҳод кард, онҳо исломро қабул карда мусалмон шуданд. Сӯйи қавмашон равона шуда, онҳоро ба ислом даъват кард, то дар он ҷо ислом интишор шуд, ки баъд аз ин байъати Ақабаи якуму дуюм барпо шуд ва ин байъатҳо сиррӣ буданд. Чун идае аз аҳли Мадина ислом овард, паёмбар ﷺбо саҳобаҳояш, пайи ҳамдигар ба Мадина ҳиҷрат карданд.

Ҳиҷра ба Мадина

Чун сини паёмбар ﷺ ба панҷовусесолагӣ расид дар рӯзи душанбе моҳи Рабиул аввал Паёмбар ﷺ бо ҳамроҳии Абубакр ба тарафи Мадина роҳ пеш гирифта, дар ғори Савр се рӯз монд, то ки Қурайш онҳоро пайдо накунанд, сипас роҳашонро давом дода. Рӯзи душанбе дохили Мадина шуданд. Мардуми Мадина онҳоро бо тамоми меҳрубонӣ қабул кард. Паёмбар ﷺ дар Мадина масҷидашро ва ҳам хонаашро бино кард ва даҳ сол монд ва дар Мадина аз ин дунёи фони даргузаштанд.

Вафот

Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад ﷺ рӯзи душанбе, 12-уми Рабиул-аввали, дар синни шасту сесолагӣ баробар ба 8-уми июни соли 632 дар Мадинаи мунаварра аз ин дунёи фони даргузашт. Маризияш дувоздаҳ рӯз давом дод. Шаби чоршанбе дафн карданд. Дар вақки марг дар пеши Ҳабиби Худо ﷺ як коса обе буд, ки дастони муборакашро даруни коса меандохтан ва рӯи муборакашонро мешакидан ва мегуфтанд: Парвардигорам дар сакароти марг бар ман кумак кун. Фотима ин ҳолро дида гуфт: О ин чи дар аст Падарчонам, Ҳабиби Худо гуфт: Баъди ин рӯз Падарат ﷺ дигар дарде намебинад.

Паёмбари Худо ﷺ сездаҳ соли паёмбарияшро дар Макка ва даҳ соли паёмбарияшро дар Мадина гузаронидааст.

Салавоту дуруд бар набии мо ва олу асҳобаш!

“Ӯ дар дили миллионҳост”

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...