Фазилати моҳи шарифи Рамазон

Фазилати моҳи шарифи Рамазон

Азизон ва хонандагони арҷманд. Имруз ки мо дар омад омади моҳи шарифи Рамазон қарор дорем ва мо бояд манзалати ин моҳи шарифро донем.

 

Моҳи шарифи Рамазон: рӯзаш бо рӯза, шабаш бо намози Таровеҳ эҳё карда мешавад. Рамазони шариф моҳи Қуръон аст. Бинобар ин, ҳар касе Қуръони каримро хонда метавонад, ӯро мебояд, ки дар ин моҳ бисёр Қуръон бихонад ва ҳар касоне, ки хонда наметавонанд, ин моҳро фурсат шумурда аз пайи омӯзиши Қуръон шаванд. Дар Қуръон Карим Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Ва ҳар ки аз шумо он моҳро (Рамазонро) дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад». (Сураи Бақара-185). Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон фарз аст. Дар моҳи Рамазон “Лайлату-л-қадр” рост меояд, ки ин шаб аз ҳазор моҳ беҳтар дониста мешавад.

 

Нияти рўза

Рўзаи беният қабул карда намешавад. Беҳтарин вақт барои нияти рўза пеш аз азони бомдод мебошад. Аммо шахси рўзагир пеш аз азони бомдод аз хоб бедор шуда натавонист, метавонад нияташро баъди азони бомдод намояд, агарчи офтоб баромада бошад, фақат то нисфирўзӣ дер набояд кард ва аз амалҳои шиканандаи рўза баъди азони бомдод бояд даст кашид.

Ҳар шахсе ки нияти бедор шудан пеш аз азони бомдод надорад, нияти гирифтани рўзаашро аз сари шаб кунад. Нияти рўза дар дил карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки одами бо дил нияти рўзаро карда, дар воқеъ нияткарда ҳисобида мешавад. Шахси рўзагиранда нияташро чӣ бо овози паст ва чӣ баланд карда метавонад: “Ният кардам рўзаи моҳи шарифи Рамазонро дорам аз субҳи содиқ то фурў рафтани офтоб”. Дар вақти ифтор ин дуо “Аллоҳумма лака сумту ва бика оманту ва ъалайка таваккалту ва ъала ризқика афтарту заҳабаззамаау вабталлатил ъуруқу ва сабатал аҷру иншааллоҳу таъала” хонда мешавад.

 

Амалҳои шикананда ва талабкунандаи қазои рўза

  1. Фурў бурдани ашёҳои ғайри ғизоӣ (қоғаз, хок, пахта, ва ғ).
  2. Чаконидани дору дар бинӣ.
  3. Чаконидани дору дар гўш.
  4. Ҳангоми ғарғара намудани даҳон бо об ва гирифтани об дар бинӣ, ки ба нохост об ба даруни одам меравад.
  5. Қурт додани оби ҷамъгардидаи даҳон, ки ғашу омехтахои ҳархела доранд.
  6. Маҷбуран шикастани рўза.
  7. Об рехтан ба гулўи шахси хобрафта.
  8. Ангуштҳоро ба даҳон ворид намуда, қай намудан.
  9. Пеш аз мўҳлат, надониста, ифтор кардан (гумон мекунанд, ки гўё вақти намози шом расидааст).
  10. Хўрдани ғизо баъди итмом расидани вақти саҳар (гумон мекунанд, ки вақти саҳарӣ ба охир нарасидааст).

 

Амалҳое, ки рўзаро намешикананд

  1. Аз рўи фаромўшхотирӣ нўшидан ва хўрдан ва ҷимоъ на-

мудан. Агар шахс баъди ин ба хотир оварад, ки рўзадор аст, ҳамоно хўрдан ва нўшиданро қатъ намуда, ғизои дар даҳонаш бударо пас гирад, рўзаи ў намешиканад. Агар баъд аз ба хотир омаданаш, луқмаро фурў барад, дар ин ҳол рўзаи ў мешиканад.

  1. Ба гўш даромадани об.
  2. Чаконидани дору ба чашм.
  3. Қай кардан (ғайри иҷборӣ).
  4. Эҳтилом. (ҷудогардии манӣ дар хоб).
  5. Супурдани хун.
  6. Нохост ба гулу даромадани чанг ва дуд.
  7. Фурў бурдани оби даҳон.

 

Амалҳои макрўҳ дар вақти рўзадорӣ

  1. Чашидани маззаи чизе (фурў набурда).
  2. Фурў бурдани оби ҷамъшудаи даҳон.
  3. Бисёр супурдани хун, ки боиси заифшавии ҷисм мегардад.
  4. Кори пурмашаққат.

 

Амалҳое, ки ҳангоми рўзадорӣ макрўҳ ҳисобида намешаванд

  1. Атрро бўй кардан ва истифода намудан.
  2. Дандонҳоро тоза кардан, бо мисвок.
  3. Даҳонро бо об бо эхтиет ғарғара намудан.
  4. Биниро об бо эхтиет гирифта афшонидан.
  5. Шустушўй бадан намудан.

 

Сабабҳое, ки боиси нагирифтани рўза мегарданд

Бесабаб надоштани рўзаи моҳи шарифи Рамазон, гуноҳи азим аст. Нагирифтани рўза ва ё қазо намудани он бо сабабҳои зерин иҷозат дода мешавад:

  1. Беморӣ. Агар шахси бемор бо сабаби доштани рўза ба саломатияш хатаре эҳсос кунад, ки он боиси дуру дароз гаштани муҳлати табобат, ё мураккаб гардидани вазъи саломатиаш мегардад ва табиби мусулмон тавсия медиҳад, ки рӯза ба саломатии ӯ хатар дорад, ба ў иҷозат дода мешавад, ки рўзаи худро қатъ кунад. Баъди сиҳатӣ ёфтан ў бояд, рўзҳои надоштаи худро бо гирифтани рўзаи қазо адо намояд.
  2. Мусофират. Ҳар касе дар моҳи Рамазон ба сафари дур баромада (аз макони зисти худ на камтар аз 90 км дуртар равад) бошад, ба ў иҷозат дода мешавад, ки рўза нагирад. Баъди сафар, он бояд рўзаи ҳангоми сафар нагирифтаашро бо гирифтани рўзаи қазоӣ адо намояд. Ба вуҷуди ин, агар дар мусофират барои гирифтани рўза ба мушкилие дучор нагардад, доштанаш хубтар аст.
  3. Зулм. Агар рўзадорро марг ва ё маюбӣ таҳдид намуда, аз ў талаб карда шавад, ки рўза надорад, ў метавонад рўзаи худро шиканад. Баъд он, бояд рўзаи шикастаашро бо гирифтани рўзаи қазоӣ ба ҷо оварад.
  4. Ҳомиладорӣ ва ё доштани тифли ширхор. Агар дар вақти ҳомиладорӣ, ё ин ки шир додани тифл зан эҳсос кунад, ки даст боздоштан аз ғизо ба саломатии вай ва тифлаш зиён мерасонад, он гоҳ ў метавонад, ба ў иҷоза дода мешавад, ки рўзаашро шиканад, ё ки рўза нагирад. Баъди ҳомиладорӣ ва анҷоми давраи синамаконияш ў бояд рўзаи қазокардаашро бо гирифтани рўзаи қазоӣ ҷуброн кунад.
  5. Гуруснагӣ ва ташнагии тоқатфарсо. Агар рўзадорро гуруснагӣ, ё ки ташнагӣ то дараҷае таъсир расонанд, ки ўро хавфи беҳушӣ ё ин ки зиён воқеъӣ ба ҷону танаш таҳдид кунанд, ў метавонад рўзаи худро шиканад ва онро ба сифати қарз ҷуброн намояд.
  6. Пиронсолӣ. Агар одамони хеле кўҳансол дигар рўзадоштан натавонанд, ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки рўза нагиранд. Бо сабаби надоштани имкони адои рўзаи қазоӣ, бояд барои ҳар рўзи рўза надоштанаш фидя диҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки ин моҳи шариф Рамазон дар ҳаёт мо мумкин охирин бошад. Парвардигоро! Рӯза ва ибодати моро қабул фармой!

“Хошияту Тахтови”

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


Саволу ҷавоб

Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан чӣ ҳукм дорад? Ин амал дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар...


ЭЪТИМОДЕРО НАШОЯД

Кас наёбад ҳеҷ чиз аз чор чиз, Ёд гир аз носеҳ, эй соҳибтамиз. Нест аввал дӯстӣ андар мулук, Ин сухан бовар кунад аҳли сулук. Сифлаеро бо мурувват нангарӣ, Ҳеҷ бадхӯе наёбад меҳтарӣ. Ҳар кӣ бо моли касон дорад ҳасад, Бӯи раҳмат бар димоғаш кай расад. Он кӣ каззоб аст, мегӯяд дурӯғ, Нест...


Тарбуз давои фарбеҳӣ

Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ азоб мекашанд. Онҳо мегӯянд, ки гирифторони фарбеҳӣ ба осонӣ метавонанд бо истеъмоли тарбуз вазнашонро кам кунанд.   Тарбуз дар таркиби худ 90-95 фоиз об дорад ва он шифобахш аст. Зеро оби тарбуз дистиллатсияшуда...


10 сабаби фарбеҳӣ

Фарбеҳӣ дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фарбеҳӣ натанҳо ба симои зоҳирии инсон таъсири манфӣ мерасонад, балки ба саломатӣ низ зиён дошта, боиси пайдоиши як қатор бемориҳо мегардад. 10 сабаби гирифторӣ ба фарбеҳиро пешкаши шумо мегадонем.   1. Сустшавии...


7 маслиҳати муфид ба ҷавонон дар боби интихоби арӯс

Ҳар як ҷавонмард мехоҳад бо духтари покдомон ва ҳунарманде оила барпо намояд, ки як умр ҳамсафари вафодори ҳаёташ гардад ва дар тамоми пастию баландиҳои зиндагӣ ӯро ҳамдаму ҳамроз ва ғамхору меҳрубон бошад. Ба хотири кумак ба ҷавонон дар интихоби дурусти арӯс мо чанд маслиҳати муфиди психологиро...