Даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон

Даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон

Агарчи ҳаёти мусалмон ҳамааш фурсат аст, вале моҳи мубораки Рамазон аз дигар моҳҳо фарқ мекунад. Ин моҳ монанди дурри арзишманде аст. Худованди мутаол ба ин моҳ чандин фазилатҳо дода ва дар он баъзе амалҳоро фарз гардонидааст, ки дар дигар моҳҳо дида намешавад. Худованд рўза гирифтанро дар рўзҳои ин моҳ фарз гардонида, онро яке аз рукнҳои Ислом қарор додааст. Дар ҳадиси қудсӣ омадааст, ки Худованд рўзаро аз байни ҳама ибодатҳо ихтиёр намуда фармудааст «Рўза аз Ман аст ва Ман худ мукофоти онро медиҳам» (Насоӣ).

 

Худованд рўзаро ду имтиёз додааст. Якум ин ки онро ба худаш нисбат додааст ва гуфтааст: «Рўза аз ман аст». Ин нисбат далели шарафи он аст. Дуюм ин ки Худованд худаш мукофоти рўзадоронро омода мекунад. Ин маънои онро дорад, ки мукофоти рўзадорон хеле бузург аст ва онро танҳо Худованд медонад. Дар шабҳои моҳи Рамазон қиёми шаб машруъ шудааст, ки онро таровеҳ мегўянд ва дар масҷид бо ҷамоат мегузоранд. Паёмбар ﷺ мефармоянд: «Ҳар ки бо имом дар масҷид то бозгаштани имом намоз гузорад, ба ў савоби қиёми лайл навишта мешавад» (Тирмизӣ).

 

Ҷои дигар Паёмбар ﷺ мефармоянд: «Ҳар ки моҳи Рамазонро бо имону ихлос рўза гирад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд» (Ривояти муттафақ).

 

Хислати дигаре, ки дар ин моҳ таъкид шудааст, саъйу кўшиши бештар кардан дар даҳаи охири он аст, зеро ин рўзҳо рўзҳои озодӣ аз оташи дўзах аст барои касоне, ки мустаҳиққи дўзах шудаанд, вале тавба ва истиғфорро дар ин шабҳо бештар кунанд ва бо нияту ихлос ин шабҳоро ба ибодат гузаронанд. Паёмбар ﷺ шабҳои охири ин моҳро бо саъйу талоши бештар мегузарониданд ва онро бо таҳаҷҷуд ва таровеҳ зинда медоштанд. Он Ҳазрат ﷺ дар масҷид эътикоф менишаст, то аз ҳама чиз бурида шуда, танҳо машғули ибодат шавад. Пас дар ин шабҳо кўшиши зиёд кардан иқтидо ба Паёмбар ﷺ аст. Худованд мефармояд: «Албатта, барои шумо дар Паёмбар намунаи хуб аст, барои касоне, ки умеди Худо ва рўзи охиратро дошта бошад ва Худоро бештар ёд кунанд» (сураи «Аҳзоб», ояти 21).

 

Даҳаи охир шабҳое дорад, ки умед аст шаби Қадр дар он бошад. Худованд мефармояд: «Шаби Қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст» (сураи «Қадр», ояти 2).

 

Яъне, амал кардан дар ин шаб беҳтар аст аз амал кардан дар ҳазор моҳе, ки дар он шаби Қадр набошад. Паёмбар ﷺ мефармоянд: «Ҳар ки дар шаби Қадр бо имону ихлос қиём кунад, гуноҳҳони гузаштааш мағфират карда мешавад» (Бухорӣ).

 

Қиёми он бо зинда доштани он аст бо тиловату намозу дуо. Қиёми он вақте ҳосил мешавад, ки банда дар тамоми моҳ кўшиш намуда буд, хусусан дар даҳаи ахир ва даҳаи охир шабҳоест, ки аксари уламо мегўянд, шаби Қадр дар он аст. Худованд шаби Қадрро барои мо ошкор накард ва айнан дар кадом шаб будани онро пўшида доштааст, то бештар машғули ибодат шуда, тамоми шабҳои моҳи Рамазонро зинда дорем ва ўро бештар ибодат намоем. Мо ҳарчи бештар ибодат намоем ва дар пайи ҷустуҷўи шаби Қадр шабҳои бештареро зинда дорем, ҳамон қадар ҳасаноти мо зиёд ва гуноҳҳои мо камтар мегарданд ва аз танбалӣ раҳо меёбем.

 

Мусалмоне, ки бо тавфиқу мадади Худованд тавонад ин моҳро пурра ибодат намуда, ҳар як даҳаи раҳмату мағфирату озодӣ аз оташи дўзахро бо намозу дуо паси сар кунад ва шаби Қадрро бо имону ихлос пос дорад, арзиши онро дорад, ки аз тамоми файзу баракати ин моҳ бархўрдор шуда, ба ивази амалҳои анҷомдодааш олитарин дараҷаҳоро ноил гардад.

 

Паёмбар ﷺ дар даҳаи охири Рамазон амалҳоеро анҷом медоданд, аз ҷумла: Зинда доштани шабҳои он бо таҳаҷҷуд ва таровеҳ, ки дар баробари худ хонадони худро низ бедор менамуданд.

 

Ин корест, ки бисёре аз мардум дар ин замона пайи он намегарданд ва фарзандони худро беназорат мегузоранд, то дар хона нишаста, ба тамошои филмҳо шабҳои худро рўз кунанд. Баъзе фарзандон бо рафиқони бад дар кўчаҳо мегарданд, ё ба бозиҳои беҳудаи компютерӣ машғул мешаванд ва аз файзу эҳсони шабҳои Рамазон он маҳрум мешаванд. Ин натиҷаи беаҳамиятии волидайн аст, дар ҳоле, ки Паёмбар ﷺ мефармоянд: «Ҳар яки шумо масъулед ва ҳар яке аз зердасташ пурсида хоҳад шуд» (Ривояти муттафақ).

Амали дигареро, ки Паёмбар ﷺ дар даҳаи охир анҷом медоданд, эътикоф аст. Эътикоф гўшанишинӣ дар масҷид ва машғули ибодат шудан аст. Паёмбар ﷺ дар даҳаи охири Рамазон тамоми корҳои худро қатъ намуда, барои ибодату муноҷоти Парвардигор машғул мешуданд. Пас, дар даҳаи охири Рамазон, ки ниҳояти моҳ ва мавсими шаби Қадр аст, бояд бештар кўшиш намуд. Агар касе имконияти эътикоф нишастан надошта бошед, пас метавонад вақтҳои фориғ аз кору амали худро дар масҷид ба ибодату тиловати Қуръон гузаронад, то ки аз файзи ин лаҳзаҳои тиллоӣ рўҳу равони худро шодоб гардонад.

 

Худованд мефармояд: «Шумо барои мағфирати Худованд ва ҷаннате шитобед, ки паҳноияш чун осмонҳо ва замин аст, ки барои муттақиён омода шудааст. Ононе, ки дар ҳолатҳои хурсандӣ ва андўҳ нафақа мекунанд, хашми худро фурў мебаранд ва аз мардум гузашт мекунанд ва Худованд накўкоронро дўст медорад. Ва касоне, ки вақте кори ношоямеро аном доданд ва ё бар худ ситам намуданд, Худоро ба ёд меоранд ва аз Ў омўрзиш металабанд. Ва кист ғайри Худованд то омурзиш намояд? Ва онҳо бар он бадие, ки мекунанд, дониста исрор намеварзанд. Мукофоти онҳо омурзишест аз Парвардигорашон ва биҳиште, ки аз зери дарахтони он ҷўйҳо равон аст ва дар он ҷовидон мемонанд. Ва чи хушест аҷри амалкунандагон» (сураи «Оли Имрон», оятҳои 133-136).

 

Бо зиёд намудани тоату тиловати Қуръон ва машғул шудан ба зикру зиёд кардани хайру эҳсону садақа рўзҳои боқимондаи ин моҳро ғанимат бояд шуморид ва барои тамоми хатоҳои гузашта ба даргоҳи Ҳақ тавба бояд кард. Оқил касест, ки аз фурсати умр истифода барад ва мавсимҳои хайрро барои омурзиши гуноҳҳояш ғанимат шуморад. Некиҳо бадиҳоро аз байн мебаранд ва ин пандест барои пандгирандагон. Некбахт касест, ки аз дигарон панд мегирад ва ҳамеша кори Худоро ба ёд оварда, аз ў бештар метарсад ва вазифаҳои худро иҷро менамояд. Бадбахт касест, ки дар гузашта бадиҳо кардааст ва аз имрўзаш фоидае ба даст намеорад ва боқимондаи ҳаёти худро сарфи тавбаву надомат ба даргоҳи Худованд намекунад ва намекўшад, то соҳиби неъматро бо иҷро кардани амрҳояш розӣ кунонад, пеш аз он ки рўзи қиёмат дар пешгоҳаш истода бошад.

 

Пас саъйу талош бояд кард, ки ба пайравӣ аз суннати Паёмбар ﷺ шабҳои ин моҳро зинда дошта, ҳарчи бештар амалҳои нек анҷом диҳем. Ҳар касе қадру манзилати ибодатҳои Худоро бидонад, ин далели тақвои дилҳост. Худованди мутаол ба шарофати ин моҳи муборак ва баракати Қуръон ба ҳамагон хайру баракат ва тавфиқу комёбӣ бахшад ва аз файзи ин моҳ ҳамаро баҳраманд гардонад.

 

(«Азимов Мухаммад Фарук»)

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо тоҷикони бурунмарзӣ дар Қазон

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи...


Қаҳрамонии муҳоҷир дар Санкт-Петербург

Губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов шахсан ба Хайрулло Ибодуллоев соати губернаторӣ ва медали шуҷоат тақдим кард. Маросими расмӣ дар бинои таърихии “Смольный” баргузор шуд. Ибодуллоев рӯзи 22 феврал ҷони як кӯдаки ҳафтсоларо, ки аз ошёнаи ҳафтуми бино афтоданӣ буд, наҷот дод....


Ҳақиқати шармсорӣ

Пас, бидон, ки шармсорӣ бар чанд ваҷҳ аст:   Дар шармсорӣ бинобар бузургворӣ он чӣ дохил мешавад, ки дар ин қавли Ӯ таоло омадааст: «Яке аз он ду духтар, ки бо камоли шарм роҳ мерафт, назди ӯ омад» (Қасас, 25). Гуфтаанд: Духтари Шуайб аз Мӯсо барои он шарм медошт, ки ӯро ба...


Шириние, ки шифо мебахшад

Набот яке аз шириниҳои маъруфи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Он шакли булӯрӣ дошта, аз қиёми шакар омода мешавад. Набот на танҳо ҳамчун ширинии болаззат, балки як воситаи табобатӣ дар тиби мардумӣ аз қадим истифода мешавад. Набот танҳо ширинии одӣ нест, он хусусияти шифобахшӣ...


Ҳаёт ва фаъолияти имом Тирмизи ва осори у

Зимни сафар ба кишварҳои хориҷӣ Имом Тирмизӣ ҳадисро ҷамъ оварда, бо таълифи китобҳо машғул шудааст. Баъд аз бозгашт аз сафар, бо олимону фузало дар мунозираҳои илмӣ ширкат меварзад, ба шогирдони зиёде устодӣ мекунад. Хусусан, бо муҳаддиси шинохта Имом Бухорӣ мубоҳисаҳои зиёди илмӣ анҷом дода, аз ӯ...