Фазилати садақа ва эҳсон

Фазилати садақа ва эҳсон

Ҳамду сано Худованди якторо, дуруду салом ва баракоти бепоён ба Паёмбари акрам e ва хонадону ёронаш бод.

 

Хонандагони азиз!

Дини мубини Ислом мақому манзилати садақа ва эҳсонро бисёр бардошта ва онро бо ихлоси Худованд ҳамроҳ сохтааст ва фармуда, ки ихлосу эҳсон беҳтарин зеваре аст, ки бандаи муъмин худро бо он ороста менамояд. Худованд осору натоиҷи ҳосилгашта аз некўкорӣ ва эҳсонро дар ояти 22–уми сураи «Луқмон»  баён мекунад ва мефармояд:

«Ва ҳар ки рўи худро ба суӣ Худо бигардонад ва вай некўкор бошад, пас, ҳамоно ба дастовезе устувор даст задааст. Ва бозгашти корҳо ба сўи Худо аст».

Худованди бузург мардумро ба садақа ва накўкорӣ ташвиқу тарғиб карда, дар ояти 160 сураи «Анъом» мефармояд:  «Ҳар ки некие оварад, ўро даҳчанд подош аст». Яъне касе, ки кори хубу некеро холисан анҷом диҳад, Парвардигор ба ивази ҳамон кори некаш ўро даҳчанд яъне даҳ баробар зиёдтар подош медиҳад, ки ин ҳама аз рўи меҳрубонӣ ва ғамхории Ў нисбати бандагони хайрхоҳу некаш мебошад.

Саховат яке аз хислатҳои хуби инсон ба шумор меравад. Чунин сифатҳои ахлоқӣ ба ҳар як шахс тааллуқ дорад, чунки инсон худ табиатан нек аст ва ў кўшиш мекунад, ки ба эҳтиёҷманде мадад расонад. Лекин саховат бояд ба мақсади нек нигаронида шуда бошад. Дар акси ҳол саховат маънии худро гум мекунад.

Худованд мўъминонро дар бисёр оятҳои қуръонӣ барои кори нек ва хайру саховат намудан ба ятимону бечорагон амр менамояд.

Дар сураи «Бақара», ояти 215 мефармояд:

«Мепурсанд туро (эй Муҳаммад ) аз кадом навъ мол эҳсону харҷ кунанд. Бигў он молеро харҷ кардед, пас (даставвал) ба модару падар, хешовандон, ятимону дарвешон ва мусофиронро ва он чиро хайру эҳсон кунед, Худо ба он доност».

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳама давру замону макон чунин табақаҳои камбизоат - ятимону барҷомондагон, фақирону заъифон ва муҳтоҷон вуҷуд доранд. Дини Ислом ҳамеша инсонро барои накўкорӣ ва дастгирӣ намудани чунин ашхос амр менамояд, то ин ки дар ҳарду дунё хушбахт гардад. Чунонки Худованд дар оятҳои зайл мефармояд:

«Дар некўкорӣ ва тақво бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед» (Сураи «Моида», ояти 2).

«Ҳаргиз ба некӣ намерасед, то аз он чи ки дўст медоред (дар роҳи Худо) инфоқ кунед» (Сураи «Оли Имрон», ояти 92).

Чи тавре ки аз мафҳуми ин оятҳо бармеояд, Худованд инсонро барои кўмак, хайру саховат ва эҳсон кардан ба шахсони эҳтиёҷманд амр менамояд. Ҳама намуд ибодатҳо барои дарёфтани ризои Худованд буда, бо умеди бандагӣ, аҷру савоб иҷро мешаванд. 

Дасти кумак дароз намудан ба ятиму мардуми камбизоату муҳтоҷ яке аз амалҳои солеҳ ва савоб ба шумор меравад. Дар ҳадиси шариф омадааст: «Ҳар касе машаққатеро аз бародараш осон намояд, Худованд машаққатҳои рўзи Қиёматро аз ў осон менамояд. Худованд  дар  кўмаку  мадади  бандааш аст,  модоме  ки  банда дар кўмаку  ёрии  бародараш бошад». (Ривояти  Муслим).

Ҳар шахси мусалмони доро ва сарватманд бояд тибқи фармудаи Худованд ва  Расулаш амал намуда, барои дастгирӣ намудан аз ятимону бенавоён ва бечорагон кўшиш кунад ва вазифаи бандагии хешро адо намояд. Ба қавли Шайх Саъдӣ:

Карам кун, ки фардо, ки девон ниҳанд,

Манозил ба миқдори эҳсон ниҳанд.

Кўмаку  ёрӣ  расонидан  ба  муҳтоҷон  ва  бенавоён дар назди  Аллоҳ таъоло кори  писандида ва сабаби маҳв шудани гуноҳони соҳиби хайр аст. Каъб ибни Уҷра  ривоят мекунад, ки Пайғамбар ﷺ фармуданд: «Садақа гуноҳро нест мекунад, ҳамон тавре ки об оташро нест мекунад». (Ривояти Тирмизӣ).

Худованд ба нафарони доро ва сарватманд тавфиқ диҳад, ки муҳаббати мардум ва хайрхоҳӣ нисбат ба онҳоро дар дил дошта ва тавони гиреҳкушоӣ аз кори онҳоро ато намояд. Чунки меҳру муҳаббат ба мардум ва боз кардани гиреҳ аз кори бастаи онҳо савоби беандоза дорад.

Садҳо фаришта бўса ба он даст мезанад,

К - аз кори халқ як гиреҳи баста во кунад.

Дар айни ҳоле ки садақа коре аст барои осоиши ҳамаи мардум ва барои ободии ҷомеа аст, аммо агар дуруст бингарем, барои бисёриҳо сабаби наҷот аст. Зеро ниёзҳои мардум ва ҷомеа барои сарватмандони саховатманд, ки тавони бартараф намудани ин камбудиҳову ниёзҳоро доранд фурсати бисёр хубе аст то ҳам дунё ва ҳам охирати худро обод кунанд ва наҷоту оқибати некўи охиратро ба даст оваранд.

Масъалаи ин ки садақа чӣ фоидаҳои иҷтимоие ҳам барои фақирон ва ҳам барои худи садақадиҳанда дорад, масъалаи густардае аст, ки бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем. Дар ин ҷо фақат ба ҳамин нукта ишора мекунем, ки садақа додан дар ҳақиқат амнияти ҷомеа ва алалхусус амнияти сарватмандонро ҳифз менамояд. Яъне мардуми камбизоат бо дидани хайроти сарватмандон ва дилсўзию ғамхории онҳо ба қишрҳои камбағал, нисбати онҳо некбин ва хайрхоҳу дуогў мешаванд. Ин омил боис мегардад норизоиҳое, ки дар ҷомеа ба хотири вазъи номуносиби камбағалон падид меёянд, пешгирӣ шаванд.

Дар ин ҳадиси шарифе, ки Товус  ривоят кардааст, самараи садақа ва эҳсон ба хубӣ возеҳ мегардад:

Шахсе ба худ назр кард, ки субҳ, нахустин касеро, ки мебинад, ба ӯ садақа хоҳад дод. Чун субҳ шуд, бо зане рӯ ба рӯ шуду ба ӯ маблағе ато кард. Мардум гуфтанд, ки он зан фоҳиша аст. Баъдан ба марде рӯ ба рӯ шуда ба ӯ садақа дод. Чанд нафар гуфтанд, ки ин мард бадтарин шахс мебошад. Рӯзи сеюм низ он шахси хайрхоҳ бо аввалин касе, ки рӯ ба рӯ омад, садақа дод. Маълум шуд, ки ин шахси садақагирифта сарватманд будааст. Садақадиҳанда хеле озурдахотир шуд. Дар хоб дид, ки Худованди Мутаъол ҳар се садақаашро қабул кардааст. Он зани фоҳиша ба сабаби нодорӣ ба амали зишти танфурӯшӣ даст зада буд. Вақте садақаро гирифт, ин кори бадро тарк намуд. Шахси дуюм дузд буду бо сабаби тангдастӣ дуздӣ мекард. Аз баракати садақаи он марди хайрхоҳ аз дуздӣ тавба намуд. Шахси сеюм сарватманд буду ҳеҷ гоҳ садақа намекард. Ӯ аз садақа додани он марди сахӣ ибрат гирифта эҳсонкориро пеша намуд.

Аз мазмуни ҳадиси мазкур бармеояд, ки Худованд амали некӯкоронро зоеъ намегардонад. Вазифаи инсон ин аст, ки нияти худашро холис гардонад. Ҳамчунин аз ин ҳадис бузургии шахси садақадиҳанда низ зоҳир мешавад.

Умедворем, ки бародарони сарватманд ва доро тибқи фармудаи Худо ва Расулаш амал намуда баҳри оромӣ, амният ва пешравии Ватани азизамон саҳми худро мегузоранд ва барои дастгирӣ намудани ятимону эҳтиёҷмандон ва табақаи камбизоати ҷомеа камари ҳиммат мебанданд ва дар корҳои нек пешсафу пешқадам мебошанд. Шайх Фаридуддини Аттор дар ин маврид басо зебо фармудааст:

Ҳақ таъоло бар дари ҷаннат навишт:

«Ҷои мардуми сахӣ бошад биҳишт».

 

Маҳмуд Сангалиев,

Муҳаммадфарух Азимов

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...