Тавба

Тавба

Бидон, ки нахустин мақом аз мақомот тавба аст. Пазируфта нашавад он чӣ ки баъди он аст, магар ба воситаи тавба. Агар ба он даст ёфтӣ, пас Худо дӯстат доштааст, бинобар қавли Ӯ: «Ҳаққо, ки дӯст медорад Худованд тавба кунандагонро ва покшудагонро». (Бақара, 222)

Яъне онҳоеро, ки ба даргоҳаш аз гуноҳҳо тавба мекунанд, подош медиҳаду икром мекунад ва аз палидиҳо покшавандагонро дӯст медорад. Ва гуфтаанд: Аз гуноҳ тавбакунандагонро ва аз ғафлат покшавандагонро дӯст медорад. Бинобар қавли Ӯ: «Ва ҳар кӣ тавба накунад, пас онҳо ситамгоронанд» (Ҳуҷурот, 11). Уламо гуфтанд: Золимонанд, зеро онҳо дар гуноҳ истодагарӣ мекунанд ва ба ин васила худро ба ҷазо гирифтор мекунанд. Дар «ат-Таъвилоту-н-наҷмийя» гуфта шудааст: «Ва ҳар кӣ тавба накунад», яъне: аз қавли Иблис ва феълу фиоли ӯст, ки ба сӯи худ ба назари уҷб ва ба дигарон ба чашми ҳақорат менигарад, «пас онҳо ситамгоронанд», пас ҳамроҳи Шайтон дар тори лаънат кашидашудагон ва рондашудагонанд. Чунонки Худои гуфт: «Огоҳ бошед! Лаънати Худо бар ситамгорон аст» (Ҳуд, 11).

Ва дар он далолати равшан аст бар ин ки мард ба сабаби тарк кардани тавба ба зумраи ситамгарон дохил мешавад. Пас, тавбаи насуҳ аз ҳамаи зиштиҳову гуноҳҳо, алалхусус, аз он чӣ дар ин мақом зикр шудааст, ногузир бувад. Вақте аз банда гуноҳе воқеъ мешавад, ҳамроҳи он зулмат ҳам воқеъ мешавад. Мисоли маъсият чун оташ аст ва зулмат дуди он бошад, чунонки касе дар хонае ҳафтод сол оташ афрӯзад, оё набинӣ, ки он сиёҳ шавад? Ҳамчунин қалб сиёҳ мегардад ба маъсият ва ҷуз ба тавба ба сӯи Худои I пок нашавад. Бидон, ки маъсият нишонаҳои зоҳирӣ ва ботинӣ дорад. Нишонаҳои зоҳириаш аз қабили сангиндилӣ, гарданкашии нафс, моломол шудани сина аз шаҳватҳо , гум кардани ҳаловати тоатҳо ва машғулиятҳои зиёданд, ки ӯро аз тақарруб ба Парвардигораш бозмедоранд ва ӯ бандаи ҳавои нафс мешавад. Агар дар маъсият ба ҷуз табдили ном чизе дигар намебуд, ҳамин басанда мебуд.

Пас, агар ту фармонбардор бошӣ, «эҳсонкор» номида мешавӣ, вале агар гунаҳгор бошӣ, номат ба «бадкор, аз Худои рӯй гардонанда» интиқол меёбад. Ин дар табдили ном аст, вале бо интиқоли нишонаи табдили ҳаловати тоат ба ҳаловати маъсият ва лаззати хидмат ба лаззати шаҳват чӣ бояд кард? Дил дарахтест, ки аз оби тоат обёрӣ мешавад ва меваҳои он мавоҷиди он аст, чунонки самараи чашм ибрат гирифтан аст, самараи гӯш шунидани Қуръон аст, самараи забон зикр аст, самараи дастону пойҳо саъй дар хайрот аст. Пас, агар қалб бихушкад, самараҳояш мерезанд. Аз ин рӯ, муҳимтарини муҳимҳо ислоҳи нафс аз роҳи муолиҷаи он бо тавбаи содиқона аст. Барои ҳамин аст, ки Паёмбар e гуфт : «Ду чизе аст, ки аз онҳо бар шумо хавфи бештар дорам: пайравӣ аз ҳаво ва орзуи дурудароз. Аммо пайравӣ аз ҳаво аз Ҳақ бозмедорад ва аммо орзуи дурудароз охиратро аз ёд мебарад». Бар тавбакунанда воҷиб аст, ки ҳамеша шикастаҳолу хоксор ва пайваста дар истиғфор бошад, чунонки гуфтаанд: «Тавба тарсро шиори худ қарор додан аст то дами фаро расидани аҷал». Нахустин коре, ки тавбакунанда баъд аз тавба мекунад, аз зиммаи худ соқит гардонидани чизҳои ба ҷавру ситам аз бандагон ситонида ва адои ҳуқуқи онҳо бо роҳи адо кардан ё бахшидани қарзҳояш аст. Агар дар ин кор оҷиз монад, ҳамеша азми онро дошта бошад, ки ҳар гоҳ дасташ расад, он ҳақро ба ҳақдор хоҳад расонид. Ва пайваста соҳиби ҳақро дуогӯ бошад, то ҳаққи ӯро пурра бидиҳад ё ӯ онро ба вай бибахшад.

1 Пас, қалби осӣ сахт шуда, барои зикри Худо нарм намегардад ва ба мавъизае мароқ зоҳир намекунад, нафсаш гарданкашӣ мекунад ва вақте ӯро итоат кардан мефармояд, ӯ гӯш намекунад ва дилаш ончунон лабрези шаҳватҳо мешавад, ки ҳатто барои онҳо тангӣ мекунад.

2 Мавоҷид (ҷамъи мавҷуд – ёфташуда). Яъне, осори он чӣ, ки қалб баъди тоат меёбад, дар андомҳои шахс зоҳир мешавад. 3 Ин қавлро ба Алӣ ибни Абутолиб низ мансуб донистаанд. – Қайди мутарҷим.

Порае аз «Боғи ахлоқи некукорон»

МУАЛЛИФ ШАЙХ АҲМАД ИБНИ МУҲАММАД АБДУЛЛО

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...