Сафед кардани худ ва инкор кардани халқ хилофи бандагӣ аст

Сафед кардани худ ва инкор кардани халқ хилофи бандагӣ аст

 

Бидон, эй бародар, ки аз нишонаҳои нодонии касе, ки аз худ огоҳ нест, худро сафед кардан аз сифатест, ки ба вай нисбат додаанд, хоҳ он ситоиш бошад, хоҳ сарзаниш. Агар ӯ худро мешинохт, пас медонист, ки тамоми сифатҳои писандида ва накуҳидае, ки дар ҳамаи мусулмонони гунаҳгору накукор ҳастанд, дар вай гоҳ пайдо мешаванду гоҳ нопадид мегарданд. Ӯ киштиест барои сайри онҳо; сифатҳои нек ҳамагӣ дар вай аст ва сифатҳои бад низ ҳамагӣ дар вай аст.

 

Бидон, ки ҳама гуна сифатҳои пароканда дар халқ, ҳатто сифатҳои накуҳида, ба сурати пурраву комил дар ҳар банда мавҷуд аст, ба ҷуз анбиё, ниёишу дуруд бар эшон бод, зеро Худои таоло тинати1 онҳоро пок гардонидааст. Аммо ғайри анбиё, дигар авлиёву муъминонро камоли покии тинат ҳосил нашудааст. Ҳақ таоло дар онҳо сифатҳои бадро боздоштааст ва то даме, ки инояти илоҳӣ фарогири банда аст, ҳамаи сифатҳои писандида дар банда мавриди қарор мегиранд ва сифатҳои накуҳида аз истифода боздошта мешаванд. Агар инояти илоҳӣ касеро канор гузошт, сифатҳои писандида аз истифода боздошта мешаванд ва сифатҳои накуҳида ба ҷунбиш меоянд. Мардум ҳангоми дидани ӯ мегӯянд: «Худовандо ﷻ, бадиро аз мо дур гардон!» Ва боз мегӯянд: «Ба тирагии рӯи ӯ бингаред!».

Агар банда ин ҳақиқатро бифаҳмад, чизеро инкор намекунад, ки Худованд ﷻ дар воқеъ ва дар ҳақиқат бо бандае аз бандагони Худ анҷом медиҳад. Шайх Абдулқодири Даштутӣ (қдс) чунин ҳикоят кардааст: «Боре ба инсоне инкор кардам, ки бар рукӯъ ва суҷудаш итминон надоштам. Ӯ ба ман гуфт: Эй бародар! Пешонии ман ба дасти Худои таолост: амалҳои маро агар бихоҳад, дароз мекунад ва агар бихоҳад, кӯтоҳ мекунад; ман ба ҷунбонанда менигарам, на ба ҷунбиш». Сипас, Шайх гуфт: «Ҳеч гоҳ инкор макун, ҷуз аз чизе, ки динро хароб созад».

 

Ту бандаи чизе бошӣ, ки дилатро машғул медорад

Мард бандаи чизест, ки бар вай ғалаба кардааст ва бар қалбаш соҳиби мекунад. Агар банда асири нафсаш бошад, пас ӯ бандаи нафсаш аст ва агар асири дунёаш бошад, пас бандаи дунёаш аст. Бешубҳа, бандагии мурид ҳамроҳ бо муҳаббати ӯ ба дунё беҳуда машғул кардани қалб ва ранҷ додани андомҳост. Он, агарчи бисёр ҳам бошад, назди Худои таоло андак аст; онҳо баданҳое бошанд, холӣ аз арвоҳ. Аз ин рӯ, бисёре аз фарзандони дунёро мебинӣ, ки хеле шабзиндадорӣ мекунанд, вале чун ибодати зиёди ҳамроҳ бо дӯстии дунё соҳибашро боло набарад, куҷо расад ба дӯстии дунё ҳамроҳ бо амали андак ва анҷом додани чизе аз гуноҳҳо?!

Тоати муъмини яктопараст танҳо мар Худои таолорост ё касерост, ки тоаташ тоат барои Аллоҳ таолост. Қадру қимати обид ба маъбудаш2 аст, чунонки шарафи ориф ба маъруфаш3 аст.

 

Дуо ибодат аст

Ва дар дуо ҳақиқати бандагӣ зоҳир мегардад ва гавҳари тобони он медурахшад, зеро банда дар ҳолати дуо аз худ ниҳояти нотавониву оҷизӣ ва ниёзмандӣ зоҳир карда, аз мавлояш ғояти карам ва бахшишро мунтазир мешавад. Қаблан баён шуд, ки бандагӣ поку холис гаштан аз неруву тавоноӣ ва эътирофи эҳсону бахшиш мар Мавлоро ﷻ бувад.

Паёмбар ﷺ гуфт: «Дуо мағзи ибодат аст». Ва дар ривояте: «Дуо худ ибодат аст». Он ҳазрат ﷺ ибодатро дар дуо хулоса кард ва дуоро дар сари ибодатҳо қарор дод, зеро ҳақиқати ибодат фурутанӣ ва фармонбарӣ аст, ки ин дар дуо ба пуррагӣ ҳосил мегардад ва дар он бағоят ошкор мешавад.

 

_____________________________________

  1. Тинат – хилқат, сиришт.
  2. Парастишшуда, чизе, ки онро парастиш мекунанд, ҳамчун худо, бут, оташ ва ғ.
  3. Маълум, шинохташуда.

 

«Боғи Ахлоқи накӯкорон»

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...