Ризо ва таслим ниҳояти убудият аст

Ризо ва таслим ниҳояти убудият аст

Ризо ва таслим ниҳояти убудият аст

Ба дурустӣ ки ризо ва таслим ниҳояти убудият ва бандагӣ аст. Камоли ислом ҳам дар таслим ва тафвиз аст. Соҳиби таслим, агар дар гарданаш тавқи лаънат карда шавад, чун Иблис, розӣ аст, аз он рӯ, ки он қазои Ҳақ ﷻ ва тақдири Ӯст. Ҳамчун ризои ӯ ба имонаш ва исломаш, зеро толиби содиқ ба қазову қадари Худои таоло розӣ аст, на ба феъли худ. Агар барои толиб нохушие пеш ояд ва дар вай дигаргуние рух диҳад, пас, вай бандаи нафсаш аст.

 

Вале агар дар вай дигаргуние рух надиҳад, пас, ӯ бандаи Парвардгораш ﷻ аст. Ин появу бунёди ҳар амр аст. Аз ин ҷо, эй равандаи роҳ, туро мебояд, ки ҳамеша бандаи Ӯ ﷻ бошӣ, ончунонки Ӯ таоло ва тақаддас ҳамеша Парвардгори ﷻ туст. Гӯяндае барои Худованд ﷻ чунин дурафшонӣ кард:

 

Агар бошад ситоишу накуҳишро тафовут1,

Ба назди ту, ба ойинам қасам, ки бутпарастӣ.

 

Ин асле аст, ки бузургони хоссаи ҳамаи тариқатҳо бар он иттифоқ кардаанд.

Имом Шаъронӣ (қдс) аз шайхи худ Алии Хаввос (қдс) пурсид: «Оё ба камбизоатон бахшишу ато кунам ва ё адабро дар пешгоҳи Худованд ﷻ риоя намоям, чун онҳоро фақир кардааст?» Шайх гуфт: «Назди ман адаб беҳтар аст. Ҳамоно, Худои таоло дороеро фақир нагардонид, магар барои ҳикмате, ки хост онро изҳор намояд. Пас, ту аз ин огоҳ бош! Ҳамоно, ҳар он чӣ дар ҳастист, Худои таоло онҳоро мебинад ва мешунавад. Саркашӣ аз Ӯ таолоро канор бигзор ва адабро бо Ӯ таоло риоя бинмой, офаридаҳои Ӯ таолоро дар ҳамон ҳолате, ки мушоҳида кардӣ, ба ҳоли худ бигзор ва дигаргун кардани ҳолати онҳоро бе иҷозати ошкор аз ҷониби Ӯ ﷻ маталаб! Шояд хилофи адаб рафторе намоӣ ва доро гардонидани касеро бихоҳӣ, ки Худованд ﷻ ӯро фақир кардааст. Пас, Ӯ таоло ҳоли он бандаро ба ту таҳвил бидиҳад ва туро аз оне, ки дӯсташ медориву розӣ ҳастӣ, ба чизе интиқол бидиҳад, ки дӯсташ намедорӣ ва аз он хушнуд нестӣ, чунонки хостӣ он бандаро аз чизе, ки Худованд ﷻ дӯст медошту аз он хушнуд буд, интиқол бидиҳӣ. Агар Худованд ﷻ аз ту даргузашт ва туро уқубат накард, пас чунин гузашт барои ту истидроҷе бошад, ки онро пай ҳам набарӣ ва ҳамроҳи ҳалокшавандагон ту низ ҳалок шавӣ».

 

Роҳат дар таслим аст

Пас, бидон, ки зишттарин беадабие, ки банда менамояд, аз Парвардгораш ﷻ чизе пурсидан ва дар он исрор варзидани ӯст. Вақте Парвардгор ﷻ хостаашро ба ӯ дод, аз он беқарору ошуфта мешавад, сипас заволи онро аз Ӯ ﷻ мехоҳад, бинобар бисёрии хастагие, ки ба ин сабаб дар ӯ пайдо мешавад. Балки агар аз Худои азза ва ҷалл шарм медошт ва пурсиданро аслан тарк мекард, Ӯ таоло беш аз он чӣ умедвор буд, ба вай ато мекард ва оқибати неки онро ба вай кафолат медод. Пас, тарки талаб кардан беҳтар аст. Ин дар мавриди он чӣ ба манфиати худи банда аст, аммо дар мавриди талаб кардан ба манфиати дигарон монеае вуҷуд надорад.

Чӣ басо неъматҳо дар ранҷҳо ва ранҷҳо дар неъматҳо пинҳон шудан! Агар ба ботини неъматҳо назар афканем, онҳоро фарогири бисёре аз балоҳо дармеёбем. Камтарин бало он аст, ки Ҳақ субҳонаҳу аз соҳиби неъматҳо адои ҳаққи онҳоро бо шукри пайваста барои онҳо ба дил, на ба забон, мехоҳад. Ҳамчунин аз соҳиби неъматҳо ҳамеша ба сӯи Худои таоло изофа кардани онҳоро талаб мекунад. Ҳамчунин сарф кардани онҳоро дар ҷойҳое тақозо дорад, ки Ҳақ таоло бандаро фармуд, то дар онҳо сарф намояд. Агар ба ботини бадиҳо бингарем, онҳоро аз бузургтарин неъматҳо дармеёбем, чунки онҳо бароямон надомату пушаймонӣ ва хоксориву фурутанӣ меоранд. Худои таоло тоатҳову илмҳоро маҳз барои бозгардонидани мо ба сӯи Ӯ субҳонаҳу ва таоло вазъ кардааст. Нафсҳои паёмбарону авлиёи бузург ба сабаби риояи фармудаҳои илоҳӣ дар ғояти фурӯтанӣ шуданд ва ба нуқсоне мубтало нагаштанд.

Акнун нек бингар, обидоне, ки нафсашонро пок накардаанд, аз амалҳои худ ба шигифт меоянд. Агар Худои таоло бихоҳад, ки бар чунин касон раҳм намояд, онҳоро ба гуноҳи кабираи зино мубтало мегардонад. Чунончи, якеро дар миёни ҳамсоягону шиносҳояш шармсор месозад ва нафареро бар вай чира2 мегардонад, то ӯро ба идораи волӣ мебарад. Пас, номашро дар дафтари гунаҳкорон менависанд ва баъди ин ӯ худро ҳақиртар аз қатраи наҷосат мебинад.

Ҳотифе3 имом Шаърони (қдс)-ро садо кард: «Эй Абдулваҳҳоб, ба ин сухани фарогири ҳамаи суханҳо ва мизони ҳамаи он чӣ дар китобҳои илоҳист, гӯш фаро бидеҳ!» Пас, ба ӯ дар хоб гуфт: «Оре». Гуфт: «Банда набояд як нафасе ҳам дилашро ба интихоб кардан ё накардани коре дар нафасҳои минбаъда машғул гардонад. Ӯ бояд ҳангоми ба коре оғоз карданаш ҳаққи он чиро адо намояд, ки Мо бо дастони вай ошкор месозем. Агар тоат бошад, пас, барои ин Моро ситоиш намояд ва барои тақсир дар он аз Мо омурзиш хоҳад ва агар маъсият бошад, пас барои онро сарнавишт кардан Моро ситоиш намояд ва аз мухолифати амри Мо омурзиш хоҳад ва агар ғафлат ё саҳве бошад, пас, коре анҷом диҳад, ки сазовори он мақом бошад. Ҳамин тавр, Мо дар ҳар он чӣ бо дастони ту анҷом медиҳем, бароят роҳи адабро бо Мо дуруст кардаем».

Пас, донистӣ, ки ҳар кори аз мо сарзанандаро ҳатман илоҷе бошад. Банда дар ҳақиқат чун дарбоне дар раҳгузари афъоли андомҳои зоҳирӣ ва ботиниаш аст ва ҳаққи ҳар феълеро мепардозад ва ӯ танҳо бандае аст дар ҳар ҳоле, ки бар вай мегузарад.

Инсони комил ба муносибати ашё бо ду чашми дуруст менигарад, аммо он ки бо як чашм менигарад, чун фақеҳ ва дарвеш, кӯри якчашма аст. Ҳар кӣ пиндорад, ки ӯ фоил аст, вале дар феъл кӯтоҳӣ кардааст, пас ба Худои азза ва ҷалл ширк овардааст. Худои таоло ҳеч гоҳ аз мо офариниши амалҳоро нахостааст, балки гуфтааст, чизеро анҷом диҳед, ки офаридгораш Манам, на каси дигар. Аз ин рӯ, андозаи пушаймонӣ аз гуноҳ ба андозаи нисбат додани амал ба банда вобаста аст. Лекин ба банда ҷоиз нест, ки гуноҳҳояшро андаку ночиз шуморад, чунки бузург шумурдани онҳо омодагии ӯро тақвият мебахшад ва ӯро ба мартабаи эҳсон боло мебарад. Чун ба он мартаба расид, гуноҳҳо дар баробари омурзиши Худованди азза ва ҷалл андаку ночиз мегарданд, зеро он ҷо фоилеро ҷуз Худои таоло набинад. Эй бародар, пушаймон нашудан муҳсинро (ба мартабаи ихлос расида) фармоянд, зинҳор, муъмини одиро чунин нафармоӣ, ки ин ӯро нобуд месозад!

Бидон, ки ҳар ориферо ба ҳеч ваҷҳ раво набошад, ки худро дар эҷоди феъл дахлдор шуморад, балки ӯ худро ҷойгоҳе барои зуҳури афъол мебинад, зеро афъол танҳо дар ҷисм, бинобар аразҳо4 будани онҳо, зоҳир мешаванд. Гӯё андомҳои банда дарҳоеанд барои амалҳо, мисли даре, ки танҳо мардум аз он берун мешавад, аммо мардуми беруншаванда аз ин дар зода нашудаанд.

Азбаски худи зоти банда офаридаи Худованд ﷻ асту бас, пас чӣ гуна аз вай чизе ба вуҷуд меояд, ки онро Ӯ таоло мепазирад, дар ҳоле ки худи зот бо он амалҳояш мар Худои таолорост ва аз милки Ӯ ﷻ як чашм бар ҳам задан ҳам берун нашавад. Ҳар кӣ инро дарёфт, аз бисёрии амалҳои неки бо дастони ӯ анҷомёфта хушнуд нашавад ва аз камии онҳо ҳам ғамгин нагардад.

 

______________________________________

1 Фарқият.

2 Ғолиб, фирӯз, мусаллат.

3 Нидокунанда.

4 Араз – чизе, ки қоим ба ҷавҳар бошад ва худ вуҷуди мустақил надорад.

 

«Боғи ахлоқи накӯкорон»

 

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...