Нақши осори бадеӣ дар пешгирии ифротгароӣ

Нақши осори бадеӣ дар пешгирии ифротгароӣ

Яке аз роҳҳои пешгирии ифротгароӣ хониши осори бадеии ҷаҳон ва форсу тоҷик аст, чунки мавзӯи ҳаёти инсон ва арзишҳои олии башарият муҳимтарин масъалаи адабиёти бадеист.

 

Хоса, мавзӯи осори адибони классику муосири тоҷик ҳидоят ба ҳаёти неку осуда ва маҳкум кардани бадию бадгӯйӣ ва бадкорию ифрот аст. Афкори олии «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек»-и ниёгон сарчашмаи олии таровиши андешаҳои илмиву адабии уламову удабои миллати мост. Тарбияи фарзанд таҳти ин гуфтор, ки тадриҷан ба шиори ҳаёт табдил меёбад, беҳтарин роҳи пешгирӣ аз бадтарин кирдори одамист. Рӯдакии бузург донишро «аз ҳама бад ҷавшан», Фирдавсӣ «биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем», Саъдӣ «банӣ одам аъзои якдигар», Низомӣ «дониш талабу бузургӣ омӯз» гуфта, фарзандони инсонро ба некиву накӯкорӣ ва омӯзишу пажуҳиш раҳнамун сохтаанд.

 

Мавзӯи таҳдид ва марг ба ҳаёти инсон тавассути ифрот дар достонҳои «Шоҳнома» - и безаволи Фирдавсӣ барҷаста инъикос ёфтааст. Аз китфони Заҳҳок баромадани мороне, ки хӯрокашон танҳо мағзи сари ҷавонон аст, басо рамзист. Шоҳи золими падаркуш, морони одамхӯри ӯ, ки сабаби маргу тарсу ваҳми мардум, билхоса ҷавонон гаштанд, ҳамон намои террору таҳдид ва хушунатанд.

Боиси рушду пешрафти дилхоҳ давлату ҳукумат ҷавонон ҳастанд. Маҳз ҳамин қишри созанда бо қувваю нерӯи ҷавонӣ бунёд мекунаду месозад, обод мекунаду мешукуфонад. Баҳри аз байн бурдани насли инсон ва рӯзгори осуда кофист, ки теша ба решаи насли ҷавон зад.

Чаро бештар ҷавонон ба доми ифротгароҳо меафтанд? Барои чӣ гурӯҳҳои ифротгаро маҳз ба ин насл такя мекунанд?

Ҳамон гуна, ки ҷавонон созанда ҳастанд, чун шартҳои гурӯҳҳои ифротгароро ба гардан гирифтанд, сӯзанда мешаванд, ғояҳою андешаҳои бунёдсӯзро асос дониста, ҳатто аз баҳри ҳаёти ширини хеш низ мегузаранд. На падару модар ва на устоду мураббӣ, на ҷамъият ва на муҳитро ба назари эътибор мегиранд ва танҳо пайрави роҳнамои бадкори хеш мешаванд. Дар ин бобат истифодаи калимаи «манқурт» – нафаре, ки ба ҷуз хоҷаи хеш дигар ҳама – ҳатто пайвандони хешро душман медонад, бамаврид аст. Ривояти пайдоиши ин мафҳум дар романи «Дуроҳаи бӯронӣ» - и Чингиз Айтматов баён шудааст. Тибқи он дар ҷанги жуан-жуанҳо тақдири асироне, ки ба ғуломӣ мефурӯхтанд, нисбатан нек, аммо онҳоеро, ки манқурт мекарданд, даҳшатзо буд. Зеро сари асирони ба манқуртӣ маҳкумшударо тоза тарошида, пӯсти гарму тари гардани уштури навкуштаро ба он мечаспонанд. Пӯсти гарму тар ба сари лучи асир чиппӣ мечаспидааст. «Ана ҳамин корро ширӣ пӯшондан меномиданд. Аз пӯсти гардани уштур панҷ-шаш ширӣ месохтанд. Пас аз ширӣ пӯшондан ба гардани асирон кунда мезадаанд, то сари худро ба замин расонида натавонанд. Дар ҳамин ҳолат онҳоро аз иқоматгоҳи одамон дуртар бурда (то ки нолаи ҷонгудозашон дигаронро нороҳат накунад) бо дасту пойи баста дар саҳрои кушод, зери офтоб бидуни нону об мепартофтанд…

Асирон… аксаран азоби беҳад кашида ҷон медоданд. Аз панҷ-шаш манқурт фақат як ё дутоаш зинда мемонд… Агар аз бечораҳо лоақал якеро зинда дарёбанд, хурсанд мешуданд, ки ба мурод расиданд. Зеро вай акнун манқурт – ғуломе ҳисоб меёфт, ки ба зӯрӣ аз хотирааш маҳрум кардаанд…

Манқурт намедонист, ки кист, аз кадом авлод аст, номаш чист, айёми кӯдакӣ, исми падар ва модараш чӣ буд – хулоса худро чун инсон эҳсос карда наметавонист…

Манқурт ба мисли саг фақат соҳиби худро мешинохт. Амри соҳиб барои манқурт олитарин амр буд.»

«Дуроҳаи бӯронӣ», Ч. Айтматов

Ба ин мазмун, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буд, ки «Террорист ватан, модар ва миллат надорад» Ҷавонони ба доми ифротгароҳо афтода низ ҳама муқаддасотро зери по карда, танҳо фармони хоҷагони хешро иҷро мекунанд, ки воқеан бадбахтӣ аст.

Пешгирии ифротгароӣ тавассути хониши осори бадеӣ аз овони кӯдакӣ бояд оғоз шавад. Хушбахтона, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» барои рушди зеҳнию маънавии фарзандони миллат созгор омада, кӯдакону наврасони огоҳу китобхон ва донишомӯзро водор мекунад, ки ба ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии дохилу хориҷ назари дуруст андозанд.

Дар охирсухани мавод мехоҳам аз рӯзгори адиби тавоно Фазлиддин Муҳаммадиев ёд орам. Нависандаи машҳуру бузурги тоҷикро тӯдаи авбошон, ки аксаран ҷавонони 20-22-сола буданд, дар яке аз шабҳо корд мезананд. Фазлиддин Муҳаммадиев ҷарроҳиҳои вазнинро аз сар мегузаронад. Дар натиҷаи тафтиш мефаҳманд, ки он ҷавонон аз оилаҳои серфарзанд буда, мактабро дуруст нахондаанд, касбу ҳунар надоранд ва умрро ба корҳои беҳуда сарф мекунанд. Вақте ки яке аз падарҳо ба хотири ҳабс нашудани писараш назди Фазлиддин Муҳаммадиев ҳозир шуда, хоҳиши бахшиши гуноҳи фарзанд мекунад ва узр мепурсад, ки фарзандашро тарбия карда натавонист, нависанда бо дард мегӯяд: «Биёред, худам китоб хононда тарбияаш мекунам».

Ин айём бозсозӣ оғоз ва солҳои 90-уми асри гузашта даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ сар шуда, ҳамон ҷавонони ноогоҳу камсавод ва беҳунару бемоя ба сари худу миллат бадбахтиҳои зиёд оварданд.

Имрӯзҳо морони Заҳҳок – гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо роҳу усули мухталиф авзои ҷаҳонро вайрону афкори ҷавононро хароб месозанд. Шукр, имрӯз давлати ободу ором ва биҳиштосо – Тоҷикистони ба ҷон пайванди мо бо ҷавонони хушфеълу доно ва ҳунарманду тавонояш ба ояндаи шукуфо бо азми дучанд гом мегузорад. Бигзор ин иқбол ва бахти ҷавонони Ватан бардавом бод!

(Раъно Мирғиёсова, рузноманигор, шаҳри Истаравшан)

 

(«Адабиёти точик»)

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...