Алу не, салом гуй!
Алу не, салом гуй!

Вақте ба забони модарӣ арҷ намегузоранд...
- Ассалом, Самираҷон!
- Здрасти, тётя Мавлуда!
- Здрасти нагӯй, ассалом гӯй, ту тоҷик-ку!
Самира, набераи хоҳарам, толибаи мактаби миёна, чизе ҷавоб надода, дарҳол гӯширо ба бибиаш медиҳад. Ба хоҳарам ёдрас мекунам, ки набераҳояш бояд аввало забони модариашонро донанд, баъд забони бегонаро.
Бибиам аз хурдӣ ба мо мегуфтанд: “Саҳар аз хоб хестӣ, аввал рафта дасту рӯята шӯй, сонӣ омада калоноба “ассалом” гӯй. Телефон занг занад, бардошта “алӯ” нагӯй. Даррав “ассалом” гӯй”. Суханони бибиам то ҳол дар гӯшам садо медиҳанд. Гӯшӣ занг занад, дар болояш номи касе набошад, аз ман бузургтар ва ё ба солҳо хурдтар, дарҳол аввалин шуда “ассалом” мегӯям. Интизор намешавам, ки шахси зангзада кай ба ман салом медиҳад. Ин як мактаби одоби бибиам буд, ки ба ҳамешагӣ дар дилу забонам нақш бастааст. Умуман, аз калимаи ба назарам бемеҳри кӯтоҳшудаи “салом”, ба ман “ассалом” бештар писанд аст. Фикр мекунам, ки “ассалом”, ки онро бибиам ба даҳони мо гузошта буданд, аз “салом” дида даҳчанду садчанд аз таҳти дилу бо меҳру муҳаббат ба забон гирифта мешавад. Ин, албатта, назари ман аст. Ба ҳар ҳол, “салом” аз “здрастию” “привету” дигару дигар, ки имрӯз на танҳо ҷавонон, балки калонсолон низ истифода мебаранд, ҳазорҳо маротиба дурусттар ва ба гӯш форамтар аст.
Дар мактаби миёна муаллимаи забон ва адабиёти хубе доштем. Муаллимаамон Сайфуллоева Наҷафбегим зодаи Бадахшон буданд. Он қадар мавзӯро ҷолиб мефаҳмонданд, ки адабиёт фанни дӯстдоштаи мо буд. Қариб ҳар ҳафта ё иншо менавиштем ё нақли хаттӣ. Сахтгир буданд ва он ҳам ба фоидаи мо буд. Дар мактаби №76 -и пойтахт, ки онро хатм намудам, чор синфи русӣ буду танҳо як синфи тоҷикӣ. Мудири мактаб ва ҷонишинҳояш ҳама рус буданд. Тамоми чорабиниҳо ба забони русӣ мегузашт. Дар долону саҳни мактаб ҳама бо забони русӣ муошират мекарданд. Ҳангоми танаффус аз баландгӯяк сурудҳо низ ба забони русӣ шунида мешуд. Фикр мекардам, ки агар ягон ҳайвони безабонро дар саҳни мактаб баста монанд, шояд пас аз чанд муддате ба забони русӣ сухан мекард. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо кӯшишу талоши муаллимаамон, талабагони синфи мо забони модарӣ ва адабиётро хуб медонистанд. Духтарони синфи мо, агарчи русиро хуб донанд ҳам, ҳеҷ гоҳ ҷуръат намекарданд, ки дар ҳузури муаллима ба забони русӣ ҳарф зананд. Дар хонаамон калонсолон бо мо танҳо ба забони модарӣ муошират мекарданд. Ба хаёламон ҳам намеомад, ки бо аҳли хонаводаамон ғайри забонӣ модарӣ ба дигар забон суҳбат кунем. Он солҳо, солҳои 80-и асри гузашта, аксар аҳолии таҳҷоии шаҳр ба забони русӣ ҳарф мезад. Мардум фарзандонашонро ба мактабҳои русӣ медоданд. Ёд дорам, духтарону ҷавонони шаҳрӣ дар як ҷумла калимаҳои русию тоҷикиро омехта мекарданд. Бо ҳамкурсу дугонаҳоямон айнан ҳамин тавр суҳбат мекардем. Дугонаҳои тоҷике доштам, ки ба модарашон “мама” гуфта муроҷиат мекарданд. Мӯд шуда буд, ки фарзандон модарашонро “мамаҷон” меномиданд. Ҳайрон мешудам, ки дар забони тоҷикӣ шакли зиёди ин вожа ҳаст - аз “модари” адабӣ сар карда то “буваю нанаю очаю аяи” лаҳҷавӣ. Падарро бошад, “папа” ё “папочка” мегуфтанд. Рӯзе аммаам аз кадом ҷанозае баргаштанду ба духтарашон, ки он касро “мамаҷон” меномид, гуфтанд: “Вақте ки ман мурдам, боз дар болои сари ман “мама” гуфта гиря накунӣ. Имрӯз духтарҳои майит модарашонро “мамаҷон” гуфта овоз бароварданд, мурда як тараф монду ҳама ба ҳоли ин духтарон, ки модарашон муаллимаи хизматнишондодаи донишгоҳ буд, хандиданд”…
Муносибати имрӯзаи бештари шаҳрвандон нисбат ба забони модарӣ аз дирӯза беҳтар нест. Сокинони шаҳри Душанбе тамоми кӯшишу қувваи худро сарфи он мекунанд, ки кӯдаконашонро ба синфи русӣ диҳанд. Гӯиё аз хурдӣ фарзандонро русӣ омӯзонда, барои мардикорӣ омода мекарда бошанд. Муаллимаи мактабе ба ман гуфт, ки аксари модарони ҷавон худашон тамоман русиро намедонанд, аммо бачаҳояшонро ба синфи русӣ медиҳанд. Чӣ тавр ин гуна модар бо талабаи синфи як вазифаи хонагиро иҷро мекунад, маълум нест. Забони дигареро донистан хуб аст, аммо вақте кӯдак забони модарии худро надонад, аз ин рӯзи бадтаре нест.
Шарми кас меояд, ки аксари тоҷикони мо ба шаҳрҳои Русия ба мардикорӣ рафта, номҳои зебои худро дарҳол иваз мекунанд. Худро Коляю Мишаю Сашаю дигару дигар муаррифӣ мекунанд. Мегӯянд, ки талаффузи номҳои тоҷикӣ барои русҳо душвор аст. Дигар баҳонае нест барои хушомад. Дар кӯчаҳою хиёбонҳои зебои Душанбе ҷавонон бо як забоне сухан мегӯянд, ки намефаҳмӣ ин чӣ забон бошад. Дар алфавити забони мо дигар ҳарфи садонок намондааст. Дар навишт низ аксари ҷавонон босавод бошанд ҳам, дар саҳифаҳои иҷтимоӣ калимаҳоро бидуни ҳарфи садонок менависанд. Ҷойи ба бесаводон тақлид кардан, бояд ба онҳо каме бошад ҳам, дарси одобу савод омӯхт. Аз он дашноми қабеҳ ва суханони бадеро, ки имрӯз дар кӯчаю нақлиёт аз забони ҷавонону калонсолон шунидан, кар будан авлотар аст. Забони модариро ин қадар пур аз ҳақорат кардан, баробар аст ба ҳақорати падару модари хеш. Дар Вена, ки ҳоло муқимаш ҳастем, намояндагони миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Масалан, туркҳо, ки аз соли 1945 инҷониб дар Утриш (Австрия) зиндагӣ ва кор мекунанд. Аз он замон сар карда, дар инҷо чор ё панҷ насли нави турк ба воя расидааст. Агарчи дар мактабҳо дарс ба забони олмонӣ гузарад ҳам, ягон фарзанди турк дар вақти танаффус ё дар кӯчаю хиёбон ба забони олмонӣ муошират намекунад. Онҳо танҳо ба забони модарии худашон байни ҳам суҳбат мекунанд. Дар оила низ фақат ба забони туркӣ ҳарф мезананд ва бо забони модарии худ фахр мекунанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ фарзанди турк ба модараш ба забони олмонӣ „Mutter, Mutti“ гуфта муроҷиат намекунад. Модар барои туркони инҷо “Anne” аст, вассалом. На “мамаю мамочкаю мамулечка”.
Барои забони модариро донистани фарзандони мо низ нашояд, ки кӯҳро талқон кард. Кифоя аст, ки дар хона бо аҳли оила ба забони модарӣ ҳарф зад. Бояд асарҳои Айнию Ҷалол Икромӣ ва Сотим Улуғзодаро мутолиа кард. Ман забони ширини адабиро овони мактабхонӣ аз забони асарҳои Ҷалол Икромӣ - “Духтари оташ” ва "Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” омӯхтам. Бо сад роҳ ва кӯшиши зиёд бачаро ба мактаби русӣ додан ҳам зарурият надорад. Фарзанд агар хоҳиш дошта бошад, сонитар русӣ, инглисӣ ва ҳатто чиниро меомӯзад. Забонҳои дигарро низ инчунин. Аммо агар забони модариро аз хурдӣ надонад, барои ёд гирифтани он дигар на хоҳиш пайдо мекунаду на вақт.
Шодам аз он, ки як замоне модарам дастамро гирифта, маро ба синфи якуми мактаби №53-и тоҷикӣ оварданд. Забони модариро аз муаллимаи нотакрорамон Муҳаббат Маҳмудова омӯхтем. Донистани забоне, ки бо он Рӯдакию Фирдавсию Хайёму Ҳофизу Саъдию Мавлоно сухан гуфта буданд, худ як боигариест беинтиҳо ва боиси фахрест бепоён… Забони модарии худро дӯст дорем ва ҳифз кунем.