Шабакаҳои иҷтимоӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Солҳои охир мавқеъ ва нуфузи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили YouTube, Telegram ва «Одноклассники» дар пешниҳоди ҳар гуна иттилоъ бештар мегардад. Мо кӯшиш кардем, то фаҳмем, ки чӣ гуна ба онҳо бовар кардан мумкин аст?

 

Ба ақидаи Ник Нюман, ходими Пажуҳишгоҳи омӯзиши журналистикаи REUTERS дар давоми панҷ соли охир талабот ба васоити ахбори иҷтимоӣ камаш ду баробар афзуд. Ба ҳисоби миёна, барои ҳамаи кишварҳое, ки дар тадқиқот пайдо шудаанд, тақрибан 50% корбарон хабарҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори иҷтимоӣ мехонанд. Аз тарафи дигар, ин манбаи иттилоот барои онҳо ягона нест. Онҳо ҳоло ҳам телевизор тамошо мекунанд, газета мехонанд, радио мешунаванд. Танҳо баъзеҳо ба Интернет тамаркуз мекунанд.

“Мардум шабакаҳои иҷтимоиро дӯст медоранд, зеро онҳо доираи васеи афкорро пешниҳод мекунанд ва ба хабарҳо дастрасии зуд медиҳанд. Корбар ҳама чизро дар канали худ мебинад, ба вай лозим нест, ки тавассути сайтҳои сершумор сайр кунад. 24% корбарон бар ин боваранд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ имкони ошноӣ бо афкореро фароҳам меоранд, ки аз расонаҳои анъанавӣ фарқ мекунанд. Аммо вазъро бартарияти хабарҳои қалбакӣ вайрон мекунад. ВАО-и иҷтимоӣ як платформаи беҳтарин барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ мебошад. Ин ҷо “биҳиштест” барои ифротгароён ё тарафдорони ҳар гуна идеология. Албатта, ин аксиомаи универсалӣ нест. Вазъият вобаста ба ҳар кишвар гуногун аст”,- таъкид медорад номбурда.

 

Фейк. Чӣ гуна онро фарқ кунем?

Имрӯз ҳар касе метавонад ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ дошта бошад ва вобаста ба манфиат ва ғарази худ ҳар чизе бинависад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама чиз осонтар аст, шунавандаҳо ва хонандаҳо зиёданд, барои навиштани эзоҳи кӯтоҳ ва муҳокимаву мулоҳиза шароити кофӣ мавҷуд мебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб, фазои интернет барои доираҳои идеологию ақидатӣ ҷолиб мебошад. Воситаҳои ахбори оммаи расмӣ (рӯзномаҳо, радиоҳо, телевизион) барои онҳо пӯшидаанд, аз ин рӯ, имрӯз интернет ягона минбари дастрас мебошад.

Дар ҳар як шабакаи иҷтимоӣ ҳазорон гурӯҳҳои алоҳида созмон дода мешаванд, ки аксарияти онҳо бо номҳои мустаор ва иттилооти дурӯғ ба қайд гирифта мешаванд.

 

Ва аммо чӣ тавр бояд фейкро аз ҳақиқат фарқ кард?

Фейк он касеро меноманд, ки шахсияташ номушаххас аст. Масалан дар профил ё саҳифааш сурати худаш нест ё сурате монда шудааст, ки шахсиятро аз рӯи он муайян кардан мушкил аст. Инчунин маълумоти шахсӣ надорад ё номушаххас аст.

Инчунин дар байни фейкҳо профилҳое дида мешаванд, ки сурати ягон шахси машҳур ва соҳибэҳтиром гузошта шудааст. Ин гуна одамон аз номи шахсиятҳо сӯйистифода мебаранд.

Чунончи, ба номи шахсони машҳур аккаунт кушода, дурӯғпароканӣ ва қаллобӣ мекунанд.

Хабарҳои фейкӣ чанд нишона доранд: сарлавҳаи нимкора, тарғибот, услуби пасти нигориш, сарлавҳаи номувофиқ, муҳтавои гумроҳкунанда, ҳазлу тақлиди масхараомез.

Солҳои охир дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи чунин одамон навиштани ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ ва фитнаангез зиёд ба чашм мерасад. Зимнан, боиси таассуф аст, ки чунин гурӯҳҳо ҳазорҳо корбару хонанда доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба хабари ҳассос таваҷҷуҳ доранд. Барои нест кардан ё ҳадди ақал кам кардани ин таваҷҷуҳ саводи расонаӣ лозим аст.

Аксарияти корбарони соддалавҳ вақте сарлавҳаи ҷолиберо мебинанд, бо пахши тугмаи «маъқул», «шарҳ» ё «мубодила» метавон гуфт, ки раванди паҳншавии овозаҳоро такон мебахшанд ва овозаҳо зуд ва бо суръати кайҳонӣ паҳн мешаванд. Маҳз ҳамин кор имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ сар ба шабакаҳои иҷтимоӣ зада, онро абзори паҳн кардани андешаву ақидаи нопоки худ қарор диҳанд.

Равоншиносон муайян кардаанд, ки одамон ба ҳодисаҳои нохуш, ҳассос ва криминалӣ зуд дода мешаванд. Аз ин рӯ, ин гурӯҳҳо маҳз ҳамин гуна хабарҳоро паҳн карда, манфиат ба даст меоранд.

Мардум бояд ба фейкҳо бовар накунанд ва онҳоро масдуд кунанд, зери пости онҳо шарҳе нанависанду вокунише нишон надиҳанд. Чуноне ки зикр кардем, ин кор боиси зудтар паҳн шудани мавод мегардад. Мардум бояд он хабарҳоеро хонанд, ки аз ҷониби одамони дорои шахсият, касбу кор, маҳали зист, ҷои таваллуд, суроғаи кор, рақами мобилии мушаххас гузошта шуда бошанд. Илова бар ин, сокинон бояд ахбори дурустро аз саҳифаҳои расмии сомонаҳои расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кунанд, чунки онҳо ба ҳар навиштаи худ ҷавобгар мебошанд.

 

Аз таҳаммулпазирӣ то саводи расонаӣ

Ҷои таассуф аст, ки сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз фаҳшу дашном ва суханҳои қабеҳ аст. Азбаски мардуми оддӣ, хусусан ҷавонон саводи расонаии кам доранд, ба ин гуна мавод зуд дода мешаванду вокуниш нишон медиҳанд, бехабар аз он, ки ҳар як вокуниши онҳо боиси бештар паҳн гардидани мавод мегардад. Бояд ба ин гуна мавод вокуниш нишон надод, балки шикоят ва масдуд (блок) кард. Роҳи дурусти поксозии фейкҳо ҳамин аст.

Мардум имрӯз бештар ба маводи диниву криминалӣ таваҷҷуҳ доранд. Касе, хоҳ мулло бошаду хоҳ шахси оддӣ, дар бораи дин чизе гӯяд, зуд ба ӯ мечаспанду таҳқиру тавҳину таҳдид карда, ҳатто барчаспи кофиру муртадро мезананд. Барои бартараф кардани ин мушкил таҳаммулпазирӣ лозим аст.

Ба суоли “чаро одамон ба хабаре, ки бо далелҳо тасдиқ нашудаанд, ин қадар осон бовар мекунанд?” Ник Нюман, ходими Пажуҳишгоҳи омӯзиши журналистикаи REUTERS чунин ҷавоб додааст:

— Ҷаҳон дигар шуд. Пештар мо сарчашмаҳои расмии иттилоот доштем, ҳоло ҳама метавонанд ҳама чизро нашр кунанд. Ва, албатта, дар ин сурат корбарон намедонанд, ки ба кӣ эътимод кунанд. Онҳо мехоҳанд барои худ манбаи иттилоот пайдо кунанд, аммо наметавонанд.

Номбурда ояндаи шабакаҳои иҷтимоиро печида арзёбӣ карда, мегӯяд, ки имрӯз маълум аст, ки васоити ахбори иҷтимоӣ ба фаҳмиши бештари мундариҷа таваҷҷуҳ доранд. Хабарҳои қалбакӣ бояд бо мурури замон коҳиш ёбанд.

 

Чӣ бояд кард?

Усули ягонаи мубориза бо чунин мавҷи паҳншаванда — ин санҷидани маълумот аз ҷониби корбарон мебошад. Барои фарқ кардани хабари дурӯғ аз рост ва фейк аз ҳақиқат саводи расонаӣ лозим аст. Дарки иттилоот аз инсон маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва таҳаммулпазириро талаб мекунад. Одамони сатҳи маърифату ҷаҳонбинии гуногун иттилоъро ба тарзи худ мефаҳманд ва бархӯрд мекунанд.

Мардум бояд таҳаммулпазир бошанду саводи расонаӣ дошта бошанд. Саводи расонаӣ кумак мекунад, то саҳеҳияти хабар санҷида шавад. Ахлоқ бояд меҳвари асосии баҳсу шарҳнависӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад.

 

 

Миратулло Атоӣ

 

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Саволу ҷавоб

Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан чӣ ҳукм дорад? Ин амал дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар...


Дин ва арзишҳои милли

Худованд дар Қуръон сураи Ҳуҷурот ояти 13 ба одамон чунин хитоб кардааст: «Эй мардумон, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабила сохтем, то ин, ки якдигарро шиносед». Ин ояти карима аз мардум даъват ба амал овардааст, ки одамон якдигарро шиносанду...


8 тоифаи занон, ки дили шавҳарро ба осонӣ ёфта метавонанд

Дар тӯли зиндагияшон мардҳо бо бонувони зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, вале онеро интихоб менамоянд, ки аз нигоҳи мард беҳтарин аст. Мехоҳед донед, ки ҳангоми интихоби бахт мардҳо ба чӣ аҳамият медиҳанд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!   Зани гапдаро Барои он ки аробаи зиндагӣ дар нимароҳ чаппа нашавад,...


Дар Шаҳристон комплекси сайёҳӣ бунёд мешавад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон – эко резорт шинос шуд.   Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд...