Равғани зайтун

Равғани зайтун

Равғани зайтун

Равғани зайтун имрӯзҳо аз ҷониби табибон ба ҷойи равғани офтобпарасту пахта ва растанӣ бештар тавсия дода мешавад. Миҷози он гарм ва хушк буда, ба саломатии инсон фоида дорад.

 

Хосиятҳои шифобахшии он: 65 грамм равғани зайтунро бо 300 грамм оби гарм ё оби ҷав биёшоманд, дарунро башиддат меронад, дарди узвҳои бадан ва радикулитро шифо мебахшад; агар инро бо шароб ва оби гарм биёшоманд, қулинҷро, ки дард ва варами рӯдаи ғафс аст ва дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад, кирмҳои меъдаро хориҷ месозад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, арақ меоварад, пешобро меронад; дардҳои буғумҳо, ирқуннасо, дарди сурин ва ғайраҳоро ба ибро меоварад. Агар равғани зайтун хӯрда қай кунанд, заҳрҳоро аз бадан дафъ месозад. Бо равғани зайтун нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, қулинҷи варамӣ ва гиреҳӣ, дарди миён, дарди буғумҳо ва ирқуннасоро шифо мебахшад. Агар инро бимоланд, дардҳоеро, ки сабабашон моддаҳои ҳунукмиҷоз ва аз хунукӣ бошанд, таскин медиҳад. Миқдори як бор хӯрдан аз равғани зайтун дар як рӯз то 35 грамм аст. Табибон бештар равғани кӯҳнаи зайтунро тавсия медиҳанд. Агар баъд аз кашида шудани равғани зайтун шаш сол бигузарад, онро равғани зайтуни қадим меноманд, вале баъзеҳо инро баъд аз шаш моҳ гуфтаанд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...