Худкушӣ

Худкушӣ

Пеш аз навиштани ин мақола, ки аз муҳаррири ҳафтавор супориш гирифтам, аввал ба “бойгонӣ (архив)-и худкушиҳо” назар кардам. Ҳуш аз сарам парид. Дар давоми шаш моҳи соли равон аллакай 17 ҳолати худкушии марду занону ҷавонон ба қайд гирифта шудааст.

Аз рӯйи пажуҳиш мебинем, ки ноболиғон пешсафанд.

Омор (статистика)-и худкушӣ дар ҳар кишвар хеле нигаронкунанда аст. Онҳое, ки қасди худкушӣ кардаанду наҷоташон додаанд, аз ин ҳисоб берунанд. Магар ин рафторро ба ҷуз эпидемия, дигар чиз гуфтан мумкин аст? Аксар вақт сабабгори даст ба ҳаёти худ задану қасди куштан кардан ночиз аст.

Ана, нигаред ба таърихи худкушии духтараке, ки номаш Додарой Ҷононова буда, ҳамагӣ 17-сол дошт ва дар синфи 10-уми мактаби миёнаи №38-и деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ таҳсил мекард. Ба гуфти шоҳидон, дугонаҳои Додарой гӯё бо вай муносибати хуб надоштаанд.

Дигар худкушӣ рӯзи 21-уми июни соли 2022, ки духтари 19-солаи сокини кӯчаи Борбади ҷамоати деҳоти Гулистонро дар канори шаҳри Леваканд буд. Бино ба иттилои КҲФ, ин духтар рӯзи 19-уми июн бо сабаби номаълум ашёҳои худ, аз ҷумла шиноснома, рӯймол ва пойафзолашро дар соҳили канали маъруф ба номи “Канали Сталин” монда, худро ба об партофтааст. Албатта, агар чуқуртар пажуҳиш (тадқиқот) барем, боварӣ дорам, ки пешгуфтори ин худкушӣ ҳам, ё муҳаббати беҷавоб, ё ягон сабаби дигарест, ки кирои худкушӣ надорад.

Рӯзи 4-уми майи соли 2022 хонандаи синфи 8-уми МТМУ №15-и шаҳри Панҷакент Ардашери Баҳодур баъди дарс аз мактаб баромада, ба самти номаълум меравад ва касе дигар хабаре аз ӯ пайдо намекунад. Мақомоти баъди дидани наворҳои дурбин (камера)-ҳои назоратии болои пули мошингузари ҷамоати деҳоти Хурмӣ мушоҳида кардаанд, ки ӯ худро аз болои пул ба дарёи Зарафшон партофтааст. Ҷасади ӯро рӯзи 6-уми май пайдо карда, ба наздиконаш супурдаанд. Сабаби даст ба худкушӣ задани ин хонанда таҳқиқ мешавад, аммо пешакӣ мегӯям, ки чун хонандаи синфи 8 аст ва ба қавли биологҳо, ин давраи гузариши синнусолӣ мебошад, сабаби ин куштор низ ягон баҳонаи ночиз аст. Дар маҷмуъ, танҳо худкушии қаҳрамононе, ки маргро аз асир афтодан ба дасти душман авло медонанд, лоиқи таҳсин аст ва агар он ҳам аз ноилоҷӣ бошад. Дигар ягон хел худкуширо сафед кардан имкон надорад ва дар шариати ислом низ худкушро сахт маҳкум карда мешавад ва ҳатто баъзе уламо хондани ҷанозаи онҳоро нодуруст меҳисобанд.

Қарз боиси худкушӣ

Агар ба рӯйхати нокомили худкушиҳои имсола диққат диҳем, мебинем, ки аксари онҳо занҳои ҷавон ва духтарони ноболиғ ҳастанд, аммо мардон низ истисно набуда, сабабгори асосии худкушии онҳо норасоӣ дар зиндагӣ, ё ягон камбудии дигари иқтисодист.

Масалан, раиси ноҳияи Шаҳритӯс мегӯяд: “Сабаби худкушии Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати Ҷӯра Назаровро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷида истодаанд. Ман ҳаминашро медонам, ки сабаби даст ба худкушӣ заданаш мушкилоти оилавӣ будааст. Дастхате навишта, ки сабаби ба худкушӣ заданаш мушкили оилавӣ мебошад”.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси баъзе маълумоти тасдиқнашуда, марҳум се рӯз қабл аз маргаш аз як филиали бонки ноҳияи Шаҳритус 30 ҳазор сомонӣ қарз гирифта будааст.

Бояд зикр намуд, ки солҳои қаблӣ низ яке аз сабабҳои асосии худкушии мардон — ин зери қарз мондани онҳо буд, вале ин мардҳои худкуш шояд намедонистанд, ки гуфтаанд: “Қарзам дар зоғ бошаду зоғ зинда бошад…”, зеро одами зинда қарзро дер, ё зуд бармегардонад, вале мурда на танҳо худро аз ҳаёт маҳрум мекунад, балки наздикону фарзандонро зери бори қарзи худ мемонад. Мард бояд ба ҳама мушкилоти зиндагӣ тоқат кунад ва чунин мардони худкушро пас аз маргашон низ мазаммат кардан ҷоиз аст, то ки ба дигарон ибрат шавад, аммо танҳо бо мазаммат кор буд намешавад ва бояд ҳоло барои пешгирии ин эпидемия чораҳои ҷиддитар дид, то ки он ба пандимея табдил наёбад.

Қазияи Фатҳӣ Фатҳиев

То ҷое маълум кардем, дар хориҷа низ сафи худкушҳои мо афзойиш меёбад. Аз ҷумла, дар расонаҳо аз марги Фатҳӣ Фатҳиев, ки рузи 3-юми июли соли 2022 дар деҳаи Рукнободи ҷамоати Ворӯи Панҷакент ба хок супорида шуд, хабар дода мешавад. Фатҳӣ донишҷӯйи соли сеюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буд ва ҳамагӣ як моҳ пеш, баъди анҷоми дарсҳову имтиҳонҳои имсола ба Русия, ба назди акои муҳоҷираш рафта буд, то ки пули соли ояндаи таҳсилашро кор кунад.

Пас, чӣ бояд кард, то одамон аз бузургтарин неъмате, ки Худованд ба онҳо додааст, яъне зиндагӣ маҳрум нагарданд? Барои ин барномаи сартосарии таъсирбахше лозим аст, ки он аз ҷониби давлат дастгирӣ ёбад. Албатта чунин барнома вуҷуд дорад, вале он хеле камтаъсир аст, зеро танҳо бо “дорем” ин мушкилот ҳал намегардад. Барои ин дар кор ба мактабҳо равоншиносони соҳибмаълумотро ҷалб бояд намуд, ки онҳо ба дили хонандагони синфҳои болоӣ, аз синфи 8 сар карда, роҳ ёфта тавонанд ва ноболиғон бо мушкилоти худ маҳз ба онҳо муроҷиат намуда, маслиҳат гиранд. Барои калонсолон низ чунин телефонҳои боварии дастрас зарур аст. Гумон мекунед, ин як гапи ҳавоист ва танҳо шиор асту халос? Пас ба таҷрибаи давлатҳои дигар, пеш аз ҳама, кишварҳои аврупоӣ назар андозед. Дар як худи Швейтсария ва Дания ҳамасола бо чунин роҳ пеши марги ҳазорон нафари аз ҳаёт безоршуда гирифта мешавад, зеро онҳо чунин барномаҳоро солҳои зиёд таҷриба карда, иҷроиши онро зери назорати доимӣ қарор додаанд. Дар мо мувофиқи баъзе маълумотҳо, дар як сол тақрибан 600 нафар ба ҷони худ қасд мекунанд, ки ин барои як кишвари хурде чун Тоҷикистон хеле зиёд аст. Агар мо ақаллан нисфи онҳоро аз ин раъйи худ баргардонем, даҳҳо оиларо аз ғаму андуҳе, ки онҳо сазовор нестанд, халос мекунем. Агар чуқур андеша кунем, дар мо чунин имконият бештар аст, зеро аксари аҳолии кишвари мо мусалмонанд ва Ислом, тавре гуфтем, қотеона зидди худкушӣ аст. Аз домуллоҳо хоҳиш дорем дар амрҳои маъруфи масҷидҳои калон амри маъруфро дар мавриди ҳаром будани худкушӣ кунанд.

Агар мо аз чунин фишанги таъсирбахш истифода набарем, на Худо мебахшаду на бандаҳои бо худкушӣ худро гунаҳгорнамуда ва ин равандро решакан кардан ғайриимкон аст.

Аҳмади Аҳмадзода, рӯзноманигор

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...