Ҳикояи моҳихор

Ҳикояи моҳихор

Моҳихоре бар лаби обе ватан карда буд ва ба сайди моҳй рўз мегузаронд.

Чун заъфи пирй ба ў роҳ ёфт, аз шикори моҳй боз монд ва ба доми ғам гирифтор шуда бо худ мегуфт:

Дареғо қофилаи умр, к– он чунон рафтанд,
Ки гардашон ба ҳавои диёри мо нарасид.

Афсўс, ки умри азиз ба бозича барбод додам ва чизе, ки дар мавсими пирй пои мардй тавонам намуд, ё дастгирй тавон кард, захира наниҳодам. Имрўз қуввате намондааст, ҳамон беҳтар аст, ки бинои кор бар ҳила ниҳам.

Пас чун андўҳгин оҳзанону нолакунон бар канори об нишаст. Харчанге ўро аз дур бидид, пештар омад ва гуфт: – Эй азиз, туро ғамнок мебинам, сабаб чист? Моҳихор ҷавоб дод: – Чй гуна ғамнок набошам, ту медонй, ки сармояи зиндагии ман он буд, ки ҳар рўз як– ду моҳй мегирифтам ва ба он хўроки ҳаррўзаам ҳосил буд. Имрўз ду сайёд ин ҷо мегузаштанд ва мегуфтанд, ки «дар ин обгир моҳй бисёр аст, чораи онро дидан лозим аст». Яке гуфт «дар фалон обгир моҳй аз ин бештар аст, аввал кори онҳоро тамом кунем, пас ба ин ҷо меоем». Агар ҳол ҳамин хел бошад, ман бояд дил аз ҷони ширин бардошта бар талхии марг ниҳам. Харчанг, ки ин хабар шунид, зуд бозгашт ва назди моҳиён рафт ва ин хабари шумро ба онҳо гуфт. Дар миёни моҳиён ҷўшу хурўш афтод, ба иттифоқи харчанг рўй ба моҳихор ниҳоданд ва гуфтанд: – Аз ту ба мо ин хабар расиду инони тадбир аз дастамон рабуд:

Чандон ки саропои муҳим менигарем,
Паргорсифат зи аҷз саргаштатарем.

Ҳоло бо ту машварат мекунем ва ту худ мегўй, ки ҳастии ояндаи мо ба ту вобастааст. Пас дар ин кори мо чй андеша дорй? Моҳихор ҷавоб дод:

– Ман худ ин сухан аз забони сайёдон шунидаам ва бо онҳо муқовимат кардан фоида надорад. Ба хотири ман ҳамин ҳила расид, ки дар ин наздик обгиреро медонам, ки обаш ба ҳадде мусаффост, ки донаи рег дар қаъри ў дидан мумкин аст. Бо ин ҳама ҳеч кас ба қаъри он расида наметавонад ва дидаи доми ҳеч сайёде ба он обгир наафтодааст:

Обгире ба сони дарёест,
Лек дарёи бесару поест.

Агар ба он ҷо кўчида тавонед, бақияи умрро дар осоишу роҳат ва айшу фароғат хоҳед гузаронид. Моҳиён гуфтанд: – Фикри хубест, аммо бе ёрии ту мо ба он ҷо рафта наметавонем. Моҳихор ҷавоб дод: – Ман ҳар чй аз қуввату қудрат дорам, аз шумо дареғ нахоҳам дошт. Аммо фурсат танг аст, мумкин аст, ки соат ба соат сайёдон биёянд ва фурсат аз даст равад. Моҳиён тавалло намуданд ва ба илтимоси бисёр қарор ба он афтод, ки моҳихор ҳар рўз чанд моҳиро бардошта ба он обгир мерасонад. Пас моҳихор ҳар пагоҳй чанд моҳиро мебурд ва ба болои он пушта, ки дар наздикй буд, нишаста мехўрд. Вақте ки боз меомад, дар кўч– кўч таъҷил мекарданд ва ба якдигар пешдастй меҷустанд. Ҳар кас, ки ба зорию лобаи душман фирефта шавад ва бар бадгавҳарон эътимод раво дорад, сазои ў ин аст. Чун рўзҳо бигзашт, харчанг ҳам ба он обгир рафтанй шуд. Моҳихорро аз он фикр огоҳй дод. Моҳихор андеша кард, ки «ман аз ў душмани сахттар надорам, беҳтар он аст, ки ўро низ ба пеши ёронаш расонам». Пас пеш омад ва харчангро ба гардан гирифта рўй ба ҳамон пушта ниҳод. Харчанг, ки аз дур устухони моҳиёнро дид, донист ки ҳол чист. Бо худ андешид, ки: хирадманд чун бинад, ки душман қасди ҷони вай дорад, агар фурсатро аз даст диҳад, дар хуни худ саъй карда бошад:

Чу хасм қасди ту кард, аз барои дафъи зарар,
Ба ҷидду чаҳд бикўш, ар ба ақл машҳурй.
Ки гар мурод ба даст оядат, ба ком расй, 
В–агар ба ҳам нарасад, он замон ту маъзурй.

Пас, харчанг худро бар гардани моҳихор ва ҳалқи ў фишурдан гирифт. Моҳихор пиру заиф буд, аз андак ҳалқфишорй беҳуш шуда аз ҳаво дарафтод ва ба хок яксон гашт. Харчанг аз гарданаш фуруд омад ва сари хеш гирифт ва наздики моҳиёни боқимонда омад, онҳоро аз сурати ҳол хабар дод. Дўстонаш шод гашта, вафоти моҳихорро умре тоза ва ҳаёте беандоза шумурданд.

Муллифи ҳикоя: Ҳусайн Воъизи Кошифӣ

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...