Ҳикояи гунҷишк ва сусмор

Ҳикояи гунҷишк ва сусмор

Ҳикояи гунҷишк ва сусмор

Шунидаам, ки ду гунҷишк бар шохи дарахте ошёна ниҳода ва аз матои дунё ба обу дона қаноат карда буданд. Бар сари кўҳе, ки он дарахт дар поёни вай истода буд, бошае мақом дошт, ки дар вақти сайд кардан чун барқ аз гўшае берун меҷаст ва соиқавор хирмани ҷони мурғони заифболро пок месўхт.

Ҳар гоҳ ки гунҷишкон бача мебароварданд ва онро паррончак мекарданд, боша аз камингоҳ берун ҷаста, бачаи онҳоро рабуда, тўъмаи бачагони худ месохт. Он гунҷишкон аз ошёнаи худ дил канда наметавонистанд. Боша бошад, ҳамеша бачаҳои онҳоро нобуд мекард.

Навбате бачагони онҳо қувват ёфта ва пару бол бароварда ҳаракат мекарданд. Падару модар ба дидори фарзандон хурсанд шуда аз вақти парвози онҳо хуррамӣ менамуданд. Ногоҳ андешаи боша ба хотири онҳо гузашт ва якборагӣ аз хурсандӣ боз монда ба изтиробу беқарорӣ нолаву зорӣ оғоз карданд.

Яке аз фарзандонашон сабаби ин ҳол пурсид. Гуфтанд:

Аз мо мапурс, к–оташи дил то чӣ ғоят аст, 
Аз оби дида пурс, ки у тарҷумони мост.

Пас қиссаи зулми бошаро батафсил гуфтанд. Он писар гуфт:

– Ҳар дарде даво ва ҳар ранҷе шифое дорад. Мумкин аст, ки дар дафъи ин бало саъй кунед, ў аз сари мо бардошта шавад.

Ин сухан ба гунҷишкон мувофиқ омад. Яке аз онҳо ба бачагони худ нигоҳ карда истода, дигаре ба чораҷўӣ парвоз кард. Чун қадре роҳ бипарид, дар андешаи он афтод, ки оё куҷо равам ва дарди дили худро ба кӣ гўям:

Ба дарди дил гирифторам, давои дил намедонам, 
Давои дарди дил корест бас мушкил, намедонам. 

Охир ба хотираш омад, ки ҳар чонваре, ки ба назари ў аввал афтад, сухан ба вай бигўяд ва илоҷи дарди дил аз вай биталабад. Иттифоқо, Самандаре аз маъдани оташ берун омада дар фазои саҳро сайругашт менамуд. Гунҷишк онро дид ва бо худ гуфт: «Биё, то дарди дил ба ин мурғи булъаҷаб бигўям, шояд, ки гиреҳ аз кори ман бикшояд ва маро ба сўи чора роҳ намояд». Пас аз таъзим назди Самандар омад.

Самандар ўро дида гуфт:

– Дар башараи ту осори малол пайдост, агар аз ранҷи роҳ бошад, чанд рўз дар ин ҷой иқомат кун, агар ҳолати дигар бошад, бигўй, то ки чораи он ба қадри тоқати худ бубинам.

Гунҷишк забон бикшод ва ҳоли зори худ пеши Самандар арз кард:

Бар ҳар касе, ки шарҳ диҳам достони хеш, 
Сад доғи тоза бар дили он нотавон ниҳам.

Самандар ин суханҳоро шунида гуфт:

– Ғам махўр, ки ман ин балоро аз сари ту дафъ гардонам ва имшаб чунон кунам, ки хонаву ошёнаи ўро бисўзам. Ту ба ман манзили худ нишон деҳ ва худ ба сари фарзандон рав, то вақте ки назди ту оям.

Гунҷишк нишони макони худ ба Самандар нишон дод, бо хотири шод ва аз бори ғам озод рў ба ошёнаи худ ниҳод.

Чун шаб даромад, Самандар бо ҷамъи ҳамҷинсони худ ҳар як миқдоре нафт ва гўгирд бардошта ба он манзил равон шуд ва ба раҳнамунии гунҷишк худро ба наздикии он ошёнаи боша расонд. Боша бо фарзандон сер хўрда ва дар хоб шуда буданд. Самандарон он чӣ аз нафту гўгирд ҳамроҳ доштанд, ба ошёнаи онҳо рехта бозгаштанд. Аз шўьлаи оташ ошёнаи он золим афтод ва ҳамаи онҳо ба як бор бо хонаву ошёна хокистар шуданд.

Ситамгар зи зулм оташе барфурўхт.
Чу зад шўъла аввал ҳам ўро бисўхт. 

Муллифи ҳикоя: Ҳусайн Воъизи Кошифӣ

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...