Бо дуруд ба Шумо азизони мо!

Бо дуруд ба Шумо азизони мо!

Ягон замон Шумо дар фикри он будед, ки тозагии фикру забон дар чист?

Ба ростӣ, забон яке аз беҳтарин неъмат аз ҷониби Худованд ба шумор меравад, аммо дар айни замон, зараре, ки забон ба ҷомеъа мерасонад, бисёр зиёд шуда истодааст. Беҳуда нест, ки ҳазорон сол ин ҷониб хирадмандон гуфтаанд, ки: “Гуфтори нек надорӣ хомӯш бош”. Бисёр вақт, чунин мешавад, ки шунида, ё чизе хондаро бе чуну чаро ба сифати амали дин қабул мекунем.

Ба таври куллӣ, гоҳҳо ба осонӣ мо метавонем одами бегонаро зуд бовар кард. То ҷое, ки аз гӯфтаи ӯ бар зидди оддитарин фаҳмиши мо бошад.

Мушкиле нест, то замоне, ки худ бовар кунӣ, аммо ин рафторро мо тавре ба дигарон медиҳем, ки мисл надорад. Ба монанди он, ки гӯё ҳамаро худи мо бо чашмон дидаву бо гӯшҳо шунидаем. Бинобар ин, гоҳе маълум мешавад, ки фақат як ангӯшти харошида, ба воситаи телефони замона, аз даст ба даст чунон воҳимакориҳое мекунем, ки гӯё дастеро аз гардан бурида бошанд. Чунин аст рӯзгори имрӯзаи мо.

(Давом дорад)

Муҳаммадфарух Азимов

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...