Мусибатҳо ва ҳикмати онҳо

Мусибатҳо ва ҳикмати онҳо

Мусибатҳо ва ҳикмати онҳо

Дуввум навъи мусибат ин аз роҳи суннати Худованд ба сабаби ҷаҳолат берун шудан аст ва инҳо метавон қайд кард, ки аксари мусибатҳо аз сабаби ҷаҳолати инсон бар сари ў меоянд ва ҷаҳолат сахттарин душмани инсон маҳсуб мешавад, ки зарареро ки ҷаҳли инсон ба соҳибаш мерасонад, ягон душмани ў расонда наметавонад.

Аз ин рў Худованд фармудааст: «Аз покиҳои додаи Худованд бихуред, вале дар он носипосӣ макунед, ки ғазаби ман бароятон сазовор мегардад, ва касе, ки сазовори ғазаби ман мегардад, бешак ҳалок шудааст» ( Тоҳо 81). Ва Расули акрам ﷺ мефармояд: «Олим бош, ё дар талаби илм бош,ё пандгиранда бош, ё дусттдор бош аз гуруҳи панҷум мабош , ки ҳалок хоҳи шуд». Ва инсон тавассути қувваи идрокияш аз дигар махлуқот фарқ мекунад вагарна аз тамоми махлуқот пасттар мешавад. Ва агар инсон аз сабаби тақсираш ва аз сабаби ҷаҳолаташ ба мусибате гирифтор шуд, қабл аз ҳама набояд бигуяд, ки ин аз ризогии Аллоҳ аст ин тақдири илоҳист, ҳамаи ин гуфтаҳо дуруст аст, вале қабл аз ҳама бояд бигуяд, ки ин подоши тақсиру кўтоҳӣ ва нодида гирифтани таълимоти илоҳист. Давом дорад.

МУҲАММАДФАРУХ АЗИМОВ

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...