100 сол бо 6 сарвар
100 сол бо 6 сарвар
Низорамоҳ Зарифова, ходими давлативу сиёсӣ 100-сола шуд. Рӯзгори ӯ амсоли устура мебошад. Шоҳиди бевоситаи таърихи Тоҷикистон аст ва бо 6 сарвари давлат — Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Маҳкамов ва Эмомалӣ Раҳмон кор кардааст. Дар остонаи таҷлили умри якасра бо эшон суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.
Ҳоло таслим нашудаам
— Дар ин шабу рӯзҳое, ки 100-сола шудед, чӣ эҳсос доред?
— Ин шабу рӯзҳо бисёр ба табрикам меоянд. Саргарми қабулу гусели меҳмонон ҳастам. Шукр, имрӯзҳо саломатиам бад нест. Ҳамин сол чанд маротиба бемор шудам. Дар шуъбаи бемориҳои дил хобидам, чанд рӯз фишори баланд азиятам дод. Вале ман ҳанӯз ҳам таслим нашудаам. Аз ҷавонӣ духтари боҷуръат будам, маро шерҷигар мегуфтанд. Бинобар ин, ба бемориҳо ҳоло ҳам тан надодаам.
— Дар ин марҳилаи умр аз чӣ меандешед?
— Ман солҳои охир аз умри гузаштаи хеш зиёд андеша мекунам. Ҳар як лаҳзаи умрамро ба ёд меорам ва кардаву нокардаҳоямро таҳлил мекунам. Одам агар калонсол шавад, бештар аз кӯдакиаш ёд мекардааст. Ман ҳам Кӯлоби 100 сол пешро ба ёд меорам. Зиндагии мардум бисёр вазнин буд. Гуруснагиву қашшоқӣ буд. Дар 5-солагӣ аз падар маҳрум шудам. Модарам хеле зиёд азият кашид. Аз кӯдакӣ ба кори саҳро баромадам. Бо калонсолон якҷоя дарав мекардам.
— Вале бо вуҷуди ин таҳсил кардед…
— Бале, чунки Ҳукумати Шӯравӣ шароит муҳайё кард. Ман дар мактабе таҳсил кардам, ки ягон шароит надошт. Вале Ҳукумати Шӯравӣ барои мо умед медод. Дар рӯйи замин дарс мехондем, поямон луч буд, либоси дуруст надоштем, вале ба оянда умед доштем. Ҳозир бисёриҳо ноумед ҳастанд. Ман мегӯям, ки чаро ноумед ҳастед, чаро аз зиндагӣ шикоят мекунед? Замона тинҷист, фақат талош бояд кард.
Душанбеи солҳои 30
— Дар тарҷумаи ҳоли шумо як духӯрагӣ ҳаст, ҷое омадааст, ки Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлобро хатм кардаед, ҷойи дигар менависанд, ки дар Техникуми педагогии Душанбе таҳсил кардаед. Кадоме дуруст аст?
— Ҳам ину ҳам он. Модари ман баъд аз он, ки падарам фавтид, дубора оиладор шуд. Падарандарам Зариф ном дошт. Одами нағз, инқилобчӣ ва коммунист буд. Фамилияи ман аз номи ҳамон одам аст. Вақте ӯро раиси ҳукумати Кӯлоб таъйин карданд, мо аз деҳа ба шаҳр кӯчидем ва ба педучилиши Кӯлоб дохил шуда, ду-се моҳ таҳсил кардам. Баъдан, соли 1937 ба Душанбе омадам. Ин ҳам қиссаи ҷолиб аст. Он солҳо одат набуд, ки духтарон барои таҳсил аз як шаҳр ба шаҳри дигар раванд. Намояндаҳои ҳукумат омада ташвиқу тарғиб мекарданд. Намедонам, чӣ хеле дили модарамро ёфтанду ман ба Душанбе омадам.
— Душанбе он солҳо чӣ гуна буд?
— Душанбе табиист, ки обод набуд. Ду-се бинои дуошёна дошту халос. Кӯчаҳо лой буданд. Мо дар хобгоҳ хоб мекардем. Ҳамроҳи ман духтароне буданд, ки дар хонаи ятимон тарбия гирифта буданд. Он солҳо Кӯли комсомолро месохтанд. Дар кори он моро ҷалб карданд. Он ҷо ҳама ботлоқзор буд. Вақте бо трактор он ҷоро тоза мекарданд, ҳайвоноти ваҳшӣ, ба мисли гургу рӯбоҳу шағол баромада мегурехтанд. Дар ҳамин шароит мо кор мекардем. Хӯроки нағз ҳам намедоданд. Як истакон чойи ширину ду бурида нон хӯрокамон буд. Бегоҳ дар хобгоҳ ним коса хӯроки суюқ мехӯрдем.
Дидор бо Сталин
— Дар ҳамон солҳои 30-юм шумо ба дидори Сталин мушарраф шгудед. Он дидор ба ёдатон ҳаст?
— Бале. Соли 1939-ум дар Маскав паради умумииттифоқии комсомолон мегузашт. Турсун Улҷабоевич он замон котиби Кумитаи марказии комсомол буд. Моро ба ин парад ҷалб карданд. Як моҳ дар Душанбе тамрин кардем. Баъдан, ду ҳафта дар Майдони Сурх, дар назди мавзолейи Ленин машқ кардем. Парад се байрақбардор дошт, яке аз Украина, ки қисми аврупоии Иттифоқи Советиро намояндагӣ мекард, дигаре аз Москва, яъне намояндаи марказ ва сеюм намоянда аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Закавказия, ки ин масъулият ба дӯши Анзурат Раҳимоваи тоҷик гузошта шуд. Ӯ баъдан дар вазифаҳои баланд кор кард. Тоҷикистон дар ин парад ҷойи сеюмро гирифт. Ба ин муносибат аъзои Политбюро бо иштироки Иосиф Виссарионович Сталин шом зиёфат доданд. Аз меҳмонони тоҷик 30 нафарро даъват карданд, ки ин ба ин гурӯҳ ман ҳам шомил шудам. Он шом Сталин ба тоҷикдухтар Салтанат Назарова, ки дар хонаи ятимон ба воя расида буд, рӯймойли пашмин ва китоб ҳадя кард. Сталин дар охири зиёфат бо ман ҳам суҳбати кӯтоҳ кард. Аз куҷо буданамро пурсид…
Нигоҳ ба 5 роҳбари Тоҷикистон
— Чӣ шуд, ки шумо дигарбора ба Кӯлоб баргаштед?
— Соли дуюми таҳсил дар омӯзишгоҳ талаб карданд, ки барои хобгоҳ 40 сӯм пардохт кунем. Ман чунин имконро надоштам. Бинобар ин, ҳуҷҷатҳоямро гирифта, ба Кӯлоб баргаштам. Омӯзишгоҳро хатм кардам. Соли 1941 ҷанг сар шуд. Маро ҳамон сол корманди комсомол таъйин карданд. Баъд мудири шуъбаи мактабҳову пионерҳо ва духтарҳои кумитаи комсомоли вилоятӣ будам. Соли 1947 маро мудири кор бо занҳои вилоят таъйин карданд. Баъди ин, дар мактаби олии партиявӣ таҳсил карда, ба марказ омадам.
— Шумо қариб бо ҳама роҳбарони Тоҷикистон кор кардед. Киҳоро бештар дар ёд доред?
— Ман ҳамаро ба ёд дорам. Махсусан Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев ва Ҷаббор Расуловро бештар ёд мекунам. Соли 1955 дар Душанбе сессияи Шӯрои Олӣ мегузашт.
Бобоҷон Ғафуров маро ба вазифаи мудири шуъбаи Партияи коммунистии Тоҷикистон пешбарӣ карданд. Бан ман як навъ муносибати хос доштанд. Ҳамеша машварат медоданд. Маро кадри худашон медонистанд. Пайваста таъкид мекарданд, ки бо мардум наздик бошам. То вопасин рӯзҳои умрашон дар иртибот будем.
Турсун Ӯлҷабоев кадрҳои минтақаи Кӯлобро зиёд дастгирӣ мекард. Бо шарофати эшон ба Душанбе омадам, дар Маскав таҳсил кардам. Ба ҳам эҳтиром доштем. Афсӯс, ки ба туҳмат гирифтор шуданд.
Ҷаббор Расулов ҳалолтарин одам буданд. Хеле хоксор буданд. Барои обрӯйи Тоҷикистон дар арсаи Иттифоқ зиёд кор карданд. Ёдашон ба хайр.
Раҳмон Набиевичу Қаҳҳор Маҳкамович ҳам одамони бад набуданд, вале дар лаҳзаҳои ҳассос иродаи сиёсӣ нишон дода натавонистанд.
Ҳамеша бо мардум
— Дар рӯзҳои мавлудатон шоҳид будем, ки аксар занҳои роҳбар ба дидорбиниатон меоянд…
— Бале. Ман сипосгузорам, ки фаромӯшам намекунанд. Ҳукумати кишвар ва Кумитаи кор бо занон ва оила маро ба чорабиниҳо даъват мекунанд. Дар иду ҷашнҳо ба табрикам меоянд. Дар ҳамин рӯзҳо муовини сарвазир Матлубахон Сатториён чанд бор ба дидорбинам омад. Ташаккур ба Президенти кишвар, ки 100-солагии маро дар сатҳи баланд таҷлил карданд. Ба ман номаи шодбошӣ фиристоданд.
— Ба фаъолияти занони роҳбар чӣ баҳо медиҳед?
— Имрӯз занҳои мо ба дараҷаҳои баланд расиданд ва дар ҳама соҳа кор мекунанд. Шукр мекунам, ки талошҳои мо натиҷа дод. Давутози мо барои баланд бардоштани мавқеи занон бенатиҷа набудааст.
— Зани роҳбар бояд чӣ гуна бошад?
— Зани роҳбар бояд ба халқ наздик бошад. Агар назарашро баланд кунад, нисбати мардум нописандӣ намояд ва фақат ба орову торо додани худ машғул шавад, муваффақ намешавад. Мо худамонро орову торо намедодем. Мошинҳои гаронбаҳо ҳам надоштем. Либоси нағз ҳам намепӯшидем. Шаҳру навоҳиро гоҳо аспсавор, гоҳо пиёда гашта, бо мардум вомехӯрдем ва дарди дилашонро гӯш мекардему мушкилашонро осон менамудем. Бо як бурида нону як куртаи одӣ қаноат мекардем. Ҳамин буд, ки ба мартабаҳои баланд расидем.
Суҳбат бо Низорамоҳ Зарифова
Пресса.тж