Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ

Хонандаи муҳтарам! Барои хубтару беҳтар шинохтани гузаштагон, дар саҳифаи рӯзномаи умумиросиягии “АС-САЛОМ”-“БО ДУРУД” андар ситойиши бузургони ҳар давру замон нақл хоҳем кард. Имрӯз гуфтори хушро андар ситойиши Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ оғоз мекунам, ки рӯзгори ин марди наҷиб, пур аз ҳикмату дарси адаб аст.
Муҳаммад Ҳусайн яке аз шоъирони баркамол ва фозилони намоёни нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ аст. Мероси ба ёдгоргузоштаи Ҳоҷӣ Ҳусайн аз 254 ғазал, 19 мухаммас, як мусаддаси 28-бандӣ, 4 марсия, 97 рубоӣ, 13 таърихи манзум (бахшида ба сохтмону имороти гуногун, мисли ҳаммом, мадраса, қалъа ва баъзе ҷашнҳои шахсони алоҳида дар Кӯлоб, Кангурт, Қаротегин, Ҳисор), 9 мактуби мансури ба ашхоси алоҳида ва муҳиббони хеш бахшида, 1 мактуби манзум, манзумаҳои «Василатуннаҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи Ҷуда», рисолаи таърихии «Мунтахабулахбор фи табақотуссалотин», маснавии «Комде ва Мадан» иборат буда, ҳамаи ин осор дар «Куллиёт»-и ӯ соли 1913 мелодӣ (1331 ҳиҷрӣ) дар шаҳри Тошканд ба табъ расида, фароҳам омадаанд. Бахши назми он 13100 мисраъро дар бар мегирад. Рисолаи дастнависи «Хутути ашколи исломия», ҳовии анвои донандаи 63 навъи хат, чун идомадиҳандаи кори неки аҳли илму адаб ин ҳақро пайдо кардааст, яъне монанди эшон рисолати инсонии худро дар назди ҷамъият ба субут расондааст. Ӯ яке аз ситораҳои дурахшони илму адаби нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ тоҷик ҳисоб ёфта, бо андешаҳои ҳакимона ва лаҳни ширини ъорифона дар байни аҳли қалам ва омма шуҳрат дошт, мутаассифона, шахсияти донишманде, чун Ҳоҷӣ Ҳусайнро бо сабабҳои гуногуни замони инқилоби шӯравӣ, ба доираи адабиёти мактаби миёна ва олӣ дохил накарданд.
Мо низ аз ин равзана ба омӯзиши маводи «Куллиёт»-и шоъир, хусусан шеърҳои ӯ, рӯ овардем, зеро ин «вопасин ъорифи барҷастаи суханпиро», ки дар ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр ба форсӣ-тоҷикӣ сухани олӣ гуфтааст, нисбат ба адибони ҳаммаслаки хеш, чӣ гузаштагон ва чӣ ҳамасрон, дар заминаи истифодаи луғати тоза ва эҷоди калимаҳо, ҳунари созандагии худро нишон дода, бо ин роҳмазмун ва забони навиштаҳояшро рангину муассир гардондааст. Чун ба сухани эшон зеҳн монем, дармеёбем, ки то ҳадде аз сарвати забони ворӯдиён истифода кардааст, ки назири онро дар осори қаламкашони дигар ҳавзаҳои адабиву ҳунарӣ наметавон мушоҳида кард. Ба назар чунин мерасад, ки ин «фотеҳи маъдани ниҳон» дарин сарзамини пурганҷина дуррҳои ноёби вофире дар ихтиёр дошта, аз онҳо боҳавсала истифода карда, бо ҳиммати эҷодгарӣ дар ғановатитаърихи забони мо саҳми босазо гузоштааст ва бо таассуф иброздошт, ки то кунун ин хидмати дар роҳи инкишофи забон ва такомулшави баёни он анҷом додаи устоди Кангуртӣ баҳои худро наёфтааст.
Аслан, муносибати эшон ба забон аз ҳамин назаргоҳ сурат гирифта, дар амри эҷоди вожаҳо адиби мубтакир аст, яъне ҷуз гузиниши аносири луғавӣ аз забони мардум, бо иттико ба суннати калимасозӣ, таркибҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки моҳиятан нодир ва маҳсули андешаву қалами суханпардози ӯ мебошанд. Ин маънӣ дар «Тазкиратушшуаро»-и яке аз ҳамзамонони ӯ, Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ Муҳтарами Бухороӣ густарда ва фасеҳ ба қалам омадааст: «ҳоҷӣ тахаллуси сухансанҷу волофитрат, нуктарасу нозуктабиъат, дарёмиру сонеъзамир, саҳронаварду сонеътироз, қаламзану бадеъпардоз, нигорандаи мабонӣ, нигористони маъонӣ мулло муҳаммад ҳусайни Хатлонӣ. Таҳсили улум ба назди асотизи дорулфохира карда пайки тараддуд ба ҳар кӯча даррасида, абвоби футуҳро дар ҳарб ба рӯйи худ кушода, аз ҳар тумане дона рабуда. Пас аз он ба Ватан, ба улуфи худ тарҳи иқомат андохта. дар он ҷо байни акобиру асоғир эътибори тамом ёфта, ашъори худро ба таркиби девон кашида».
Тоҷикистон сарзамини азизи шоъирхези мо, дар қатори дигар бузургони миллат, беҳтарин суханофарин, адиб, хаттот, ъолимифиқҳ, муҳрсоз-Ҳоҷӣ Ҳусайнро ба воя расонидааст, ки маҳсули эҷодиӯ ҳама вақт пешбару роҳбалади зиндагии мо тоҷикон хоҳад буд.
ХАЙРУЛЛОҲИ НАЗАР,
номзади илми филология,
мудири кафедраи забони
тоҷикии Донишгоҳи славянии
Россияву Тоҷикистон